Сура 6 Ал-Анъам (Чорпоён), оят 51 – 55
-
وَأَنْذِرْ بِهِ الَّذِينَ يَخَافُونَ أَنْ يُحْشَرُوا إِلَىٰ رَبِّهِمْ ۙ لَيْسَ لَهُمْ مِنْ دُونِهِ وَلِيٌّ وَلَا شَفِيعٌ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ
Ва [эй Паёмбар] бо ин [Қуръон] ба онон, ки метарсанд, ба сӯйи Парвардигорашон [барангехта] ва гирд оварда шаванд, ҳушдор деҳ, [чаро] ки ба ҷуз Ӯ барояшон на [дӯсту] корсозе ҳаст ва на шафоатгаре, бошад, ки парво кунанд
6:51 -
وَلَا تَطْرُدِ الَّذِينَ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ بِالْغَدَاةِ وَالْعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجْهَهُ ۖ مَا عَلَيْكَ مِنْ حِسَابِهِمْ مِنْ شَيْءٍ وَمَا مِنْ حِسَابِكَ عَلَيْهِمْ مِنْ شَيْءٍ فَتَطْرُدَهُمْ فَتَكُونَ مِنَ الظَّالِمِينَ
Ва касонеро, ки [фақиранд ва ] бомдоду шомгоҳ Парвардигорашонро мехонанд [ва] хушнудии Ӯро металабанд [аз маҷолиси худ] тард накун [ки ба бузургони мушрикин таваҷҷуҳ кунӣ], на чизе аз ҳисоби онҳо бар туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар онҳост, ки [бихоҳӣ аз перомунат] тардашон кунӣ ва аз ситамгорон шавӣ
6:52 -
وَكَذَٰلِكَ فَتَنَّا بَعْضَهُمْ بِبَعْضٍ لِيَقُولُوا أَهَٰؤُلَاءِ مَنَّ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنْ بَيْنِنَا ۗ أَلَيْسَ اللَّهُ بِأَعْلَمَ بِالشَّاكِرِينَ
Ва ин чунин бархе аз ишонро ба бархе дигар озмудем, то [кофирони сарватманд дар бораи муъминони мустаманд] бигӯянд: «Оё аз миёни мо инҳо ҳастанд, ки Аллоҳи таоло [бо бахшиши тавфиқи имон] бар онон миннат ниҳодааст?» Оё Аллоҳи мутаол ба [ҳоли] сипосгузорон донотар нест?
6:53 -
وَإِذَا جَاءَكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِآيَاتِنَا فَقُلْ سَلَامٌ عَلَيْكُمْ ۖ كَتَبَ رَبُّكُمْ عَلَىٰ نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ ۖ أَنَّهُ مَنْ عَمِلَ مِنْكُمْ سُوءًا بِجَهَالَةٍ ثُمَّ تَابَ مِنْ بَعْدِهِ وَأَصْلَحَ فَأَنَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Ва [эй Паёмбар] ҳар гоҳ касоне, ки ба оёти Мо имон доранд, назди ту оянд, бигӯ: «Салом бар шумо. Парвардигоратон [дар ҳаққи шумо бахшоиш ва] раҳматро бар худ муқаррар доштааст. Ҳар касе аз шумо, ки ба нодонӣ кори баде анҷом диҳад ва онгоҳ тавба намояд ва [гузаштаи хешро] ислоҳ кунад, пас, [бидон, ки] яқинан, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»
6:54 -
وَكَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ الْآيَاتِ وَلِتَسْتَبِينَ سَبِيلُ الْمُجْرِمِينَ
Ва инчунин оёти [худ]-ро шарҳ медиҳем, то роҳи гунаҳкорон равшан шавад [ва шумо аз он дурӣ кунед]
6:55
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»