Сура 6 Ал-Анъам (Чорпоён), оят 42 – 50

  1. وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا إِلَىٰ أُمَمٍ مِنْ قَبْلِكَ فَأَخَذْنَاهُمْ بِالْبَأْسَاءِ وَالضَّرَّاءِ لَعَلَّهُمْ يَتَضَرَّعُونَ

    [Эй Паёмбар] Бе тардид, пеш аз ту [низ паёмбароне] ба сӯйи умматҳо[-и пешин] фиристодем ва ононро ба тангдастӣ ва нохушӣ дучор сохтем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ фурӯтанӣ ва] тазарруъ кунанд

    6:42
  2. فَلَوْلَا إِذْ جَاءَهُمْ بَأْسُنَا تَضَرَّعُوا وَلَٰكِنْ قَسَتْ قُلُوبُهُمْ وَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Пас, чаро ҳангоме ки азоби мо ба онон расид, тазарруъ накарданд? Вале [дар ҳақиқат] дилҳояшон сахт шудааст ва шайтон он чиро анҷом медоданд, барояшон оростааст

    6:43
  3. فَلَمَّا نَسُوا مَا ذُكِّرُوا بِهِ فَتَحْنَا عَلَيْهِمْ أَبْوَابَ كُلِّ شَيْءٍ حَتَّىٰ إِذَا فَرِحُوا بِمَا أُوتُوا أَخَذْنَاهُمْ بَغْتَةً فَإِذَا هُمْ مُبْلِسُونَ

    Пас, вақте [мушрикон] ончиро, ки ба он панд дода шуда буданд, фаромӯш карданд, дарҳои ҳар чизе [аз неъматҳои илоҳӣ]-ро бар онон кушудем, то ба он чи ба эшон дода шуда буд, шод гардиданд. Ногаҳон ононро [ба куфр] гирифтем, пас, ҳамон дам [ҳамагӣ аз наҷоту раҳмат] маъюс шуданд

    6:44
  4. فَقُطِعَ دَابِرُ الْقَوْمِ الَّذِينَ ظَلَمُوا ۚ وَالْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

    Пас, решаи он гурӯҳе, ки ситам карданд, барканда шуд ва ситоиш махсуси Аллоҳ таоло –Парвардигори ҷаҳониён– аст

    6:45
  5. قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ أَخَذَ اللَّهُ سَمْعَكُمْ وَأَبْصَارَكُمْ وَخَتَمَ عَلَىٰ قُلُوبِكُمْ مَنْ إِلَٰهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُمْ بِهِ ۗ انْظُرْ كَيْفَ نُصَرِّفُ الْآيَاتِ ثُمَّ هُمْ يَصْدِفُونَ

    [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло гӯшу чашмҳоятонро бигирад ва бар дилҳоятон муҳр бизанад, кадом маъбуде ба ҷуз Аллоҳ таоло [метавонад] онҳоро ба шумо бозгардонад?» Бубин, чигуна оётро [ба шеваҳои] гуногун [баён] мекунем, онгоҳ онон рӯй мегардонанд

    6:46
  6. قُلْ أَرَأَيْتَكُمْ إِنْ أَتَاكُمْ عَذَابُ اللَّهِ بَغْتَةً أَوْ جَهْرَةً هَلْ يُهْلَكُ إِلَّا الْقَوْمُ الظَّالِمُونَ

    Бигӯ: «Биандешед, агар азоби илоҳӣ ба ногоҳ ё ошкоро ба суроғатон биояд, оё ҷуз гурӯҳи ситамгорон [касе] нобуд мешавад?»

    6:47
  7. وَمَا نُرْسِلُ الْمُرْسَلِينَ إِلَّا مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ ۖ فَمَنْ آمَنَ وَأَصْلَحَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

    Ва мо паёмбаронро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда намефиристем, пас, ҳар ки имон биоварад ва [хештанро] ислоҳ кунад, на тарсе бар онон аст ва на андуҳгин мешаванд

    6:48
  8. وَالَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا يَمَسُّهُمُ الْعَذَابُ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ

    Ва касоне, ки оёти моро дурӯғ шуморидаанд, ба [сазои] он ки нофармонӣ мекарданд, азоб [-и илоҳӣ] домангирашон хоҳад шуд

    6:49
  9. قُلْ لَا أَقُولُ لَكُمْ عِنْدِي خَزَائِنُ اللَّهِ وَلَا أَعْلَمُ الْغَيْبَ وَلَا أَقُولُ لَكُمْ إِنِّي مَلَكٌ ۖ إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰ إِلَيَّ ۚ قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الْأَعْمَىٰ وَالْبَصِيرُ ۚ أَفَلَا تَتَفَكَّرُونَ

    [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ таоло назди ман аст ва ғайб [низ] намедонам ва ба шумо намегӯям, ки ман фариштаам. Ман аз чизе пайравӣ намекунам магар аз он чи ки ба ман ваҳй мегардад». Бигӯ: «Оё нобино ва бино [кофир ва муъмин] яксонанд? Оё намеандешед»?

    6:50

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»