Сура 6 Ал-Анъам (Чорпоён), оят 122 – 129

  1. أَوَمَنْ كَانَ مَيْتًا فَأَحْيَيْنَاهُ وَجَعَلْنَا لَهُ نُورًا يَمْشِي بِهِ فِي النَّاسِ كَمَنْ مَثَلُهُ فِي الظُّلُمَاتِ لَيْسَ بِخَارِجٍ مِنْهَا ۚ كَذَٰلِكَ زُيِّنَ لِلْكَافِرِينَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Оё касе, ки [дилаш аз ҷаҳлу ширк] мурда буд ва мо [бо тавҳиду имон] зиндааш гардонидем ва нуре барояш падид овардем, то дар партави [ҳидоят] он миёни мардум гом бардорад, ҳамчун касест, ки гӯӣ дар торикиҳо [гирифтор] аст ва аз он берун омаданӣ нест? Он чи кофирон мекарданд, ин гуна барояшон ороста шудааст

    6:122
  2. وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا فِي كُلِّ قَرْيَةٍ أَكَابِرَ مُجْرِمِيهَا لِيَمْكُرُوا فِيهَا ۖ وَمَا يَمْكُرُونَ إِلَّا بِأَنْفُسِهِمْ وَمَا يَشْعُرُونَ

    Ва ба ин гуна дар ҳар шаҳре бузургони гунаҳкорашро мегуморем, то дар он ба найранг бипардозанд [ва мардумро аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд], ва [-ле] онон ҷуз ба худ найранг намезананд ва [ин ҳақиқатро] дарк намекунанд

    6:123
  3. وَإِذَا جَاءَتْهُمْ آيَةٌ قَالُوا لَنْ نُؤْمِنَ حَتَّىٰ نُؤْتَىٰ مِثْلَ مَا أُوتِيَ رُسُلُ اللَّهِ ۘ اللَّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُ ۗ سَيُصِيبُ الَّذِينَ أَجْرَمُوا صَغَارٌ عِنْدَ اللَّهِ وَعَذَابٌ شَدِيدٌ بِمَا كَانُوا يَمْكُرُونَ

    Ва [мушрикон] чун ояте [аз Қуръон] барояшон меояд мегӯянд: «Ҳаргиз ба он имон намеоварем, магар он ки ҳаммонанди он чи ба паёмбарони илоҳӣ додашудааст, ба мо низ дода шавад». Аллоҳ таоло беҳтар медонад, ки рисолати хешро куҷо [ва бар уҳдаи чи касе] қарор диҳад. Ба зудӣ бар онон, ки муртакиби [нофармонӣ ва] гуноҳ шуданд, ба сазои найранге, ки варзида буданд, аз ҷониби Аллоҳ таоло хорӣ ва азоби сахте хоҳад расид

    6:124
  4. فَمَنْ يُرِدِ اللَّهُ أَنْ يَهْدِيَهُ يَشْرَحْ صَدْرَهُ لِلْإِسْلَامِ ۖ وَمَنْ يُرِدْ أَنْ يُضِلَّهُ يَجْعَلْ صَدْرَهُ ضَيِّقًا حَرَجًا كَأَنَّمَا يَصَّعَّدُ فِي السَّمَاءِ ۚ كَذَٰلِكَ يَجْعَلُ اللَّهُ الرِّجْسَ عَلَى الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ

    Пас, ҳар киро Аллоҳ таоло бихоҳад, ҳидоят кунад, дилашро барои [пазириши] Ислом мекушояд ва ҳаркиро бихоҳад, дар гумроҳӣ вогузорад, дилашро танг [ва баста] месозад [ва пазириши ҳақро чунон барояш маҳол мегардонад, ки] гӯё мехоҳад аз осмон боло равад [ва наметавонад], Аллоҳ таоло ин чунин азобро бар касоне, ки имон намеоваранд, мегуморад

    6:125
  5. وَهَٰذَا صِرَاطُ رَبِّكَ مُسْتَقِيمًا ۗ قَدْ فَصَّلْنَا الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَذَّكَّرُونَ

    Ва [эй Паёмбар] ин [дини Ислом] роҳи рости Парвардигори туст. Ба ростӣ, ки мо оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки панд мегиранд, ба тафсил баён кардем

    6:126
  6. لَهُمْ دَارُ السَّلَامِ عِنْدَ رَبِّهِمْ ۖ وَهُوَ وَلِيُّهُمْ بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Барои онон назди Парвардигорашон сарои саломату амният аст ва Ӯ ба [подоши] корҳое, ки мекарданд, [дӯсту] корсозашон аст

    6:127
  7. وَيَوْمَ يَحْشُرُهُمْ جَمِيعًا يَا مَعْشَرَ الْجِنِّ قَدِ اسْتَكْثَرْتُمْ مِنَ الْإِنْسِ ۖ وَقَالَ أَوْلِيَاؤُهُمْ مِنَ الْإِنْسِ رَبَّنَا اسْتَمْتَعَ بَعْضُنَا بِبَعْضٍ وَبَلَغْنَا أَجَلَنَا الَّذِي أَجَّلْتَ لَنَا ۚ قَالَ النَّارُ مَثْوَاكُمْ خَالِدِينَ فِيهَا إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ ۗ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٌ

    Ва [ёд кун аз қиёмат] рӯзе, ки ҳамаи онон [инсу ҷин]-ро гирд меоварад [ва мефармояд]: «Эй гурӯҳи ҷинниён, аз одамиён [бисёреро гумроҳ кардед ва пайравони] фаровон ёфтед».Ва дӯстони [мушрики] эшон аз [миёни] инсонҳо мегӯянд: «Парвардигоро, бархе аз мо аз бархе дигар баҳрабардорӣ карданд [ва дар куфру гуноҳ ба якдигар ёрӣ расониданд] ва [ин ки] мо ба поёне, ки бароямон муқаррар карда будӣ, расидаем» [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҷойгоҳатон оташ аст [ва] дар он ҷовидон хоҳед буд, магар он чиро Аллоҳ таоло бихоҳад [ки аз он бикоҳад ё бибахшояд]. Бе тардид,Парвардигорат ҳакиму доност»

    6:128
  8. وَكَذَٰلِكَ نُوَلِّي بَعْضَ الظَّالِمِينَ بَعْضًا بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

    Ва инчунин баъзе аз ситамгоронро ба баъзе дигар ба [сазои] он чи мекарданд, мусаллат мегардонем

    6:129

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»