Сура 6 Ал-Анъам (Чорпоён), оят 111 – 121

  1. وَلَوْ أَنَّنَا نَزَّلْنَا إِلَيْهِمُ الْمَلَائِكَةَ وَكَلَّمَهُمُ الْمَوْتَىٰ وَحَشَرْنَا عَلَيْهِمْ كُلَّ شَيْءٍ قُبُلًا مَا كَانُوا لِيُؤْمِنُوا إِلَّا أَنْ يَشَاءَ اللَّهُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ يَجْهَلُونَ

    Ва агар мо фариштагонро ба сӯйи онон мефиристодем ва [ҳатто] агар мурдагон бо онон ба сухан меомаданд ва ҳар чизеро даста-даста дар баробарашон гирд меовардем, [то ростгӯии паёмбарро гувоҳӣ диҳанд], боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад, вале бештарашон нодонӣ мекунанд

    6:111
  2. وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوًّا شَيَاطِينَ الْإِنْسِ وَالْجِنِّ يُوحِي بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ زُخْرُفَ الْقَوْلِ غُرُورًا ۚ وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُ ۖ فَذَرْهُمْ وَمَا يَفْتَرُونَ

    Ва [эй Паёмбар- Муҳаммад, туро бо душмании мушрикон озмудем ва] ҳамчунин, барои ҳар паёмбаре душмане аз шаётини инс ва ҷин қарор додем, ки бархе аз онон дар ниҳон ба бархе дигар суханони фиребанда [ва беасос] илқо мекунанд ва агар Парвардигорат мехост, [ҳаргиз] чунин намекарданд.Пас, ононро ба дурӯғҳое, ки мебофанд, вогузор

    6:112
  3. وَلِتَصْغَىٰ إِلَيْهِ أَفْئِدَةُ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ وَلِيَرْضَوْهُ وَلِيَقْتَرِفُوا مَا هُمْ مُقْتَرِفُونَ

    Ва [чунин кардем, то ононро биозмоем, хостем] то дилҳои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, ба он [сухани фиребанда] бигарояд ва онро биписандад ва ҳар гуноҳе, ки мехоҳанд муртакиб шаванд

    6:113
  4. أَفَغَيْرَ اللَّهِ أَبْتَغِي حَكَمًا وَهُوَ الَّذِي أَنْزَلَ إِلَيْكُمُ الْكِتَابَ مُفَصَّلًا ۚ وَالَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَعْلَمُونَ أَنَّهُ مُنَزَّلٌ مِنْ رَبِّكَ بِالْحَقِّ ۖ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُمْتَرِينَ

    [Эй Паёмбар, ба мушрикон бигӯ] «Оё [сазост, ки барои қазоват дар бораи ихтилофи ману шумо] доваре ҷуз Аллоҳ таоло биҷӯем? Ва ҳол он ки Ӯст, ки ин китобро бо тафсил ба сӯйи шумо нозил кардааст».Ва онҳо, ки китоб [-и осмонӣ] ба эшон додаем, медонанд, ки он [Қуръон] аз ҷониби Парвардигорат ба ҳақ нозил шудааст.Пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон набош

    6:114
  5. وَتَمَّتْ كَلِمَتُ رَبِّكَ صِدْقًا وَعَدْلًا ۚ لَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَاتِهِ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

    Ва суханони Парвардигорат [Қуръон] бо ростӣ [ дар гуфтор] ва адл [дар аҳком] ба ҳадди тамом ба камол расид. Ҳеҷ тағйирдиҳандае барои суханонаш нест ва Ӯ шунавову доност

    6:115
  6. وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ

    Ва агар аз бештари мардуми замин итоат кунӣ, аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳат мекунанд. Онон ҷуз гумон [-и беасоси худ аз чизе] пайравӣ намекунанд ва ҷуз дурӯғ намебофанд

    6:116
  7. إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ مَنْ يَضِلُّ عَنْ سَبِيلِهِ ۖ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ

    Бе тардид, Парвардигорат ба [ҳоли] касе, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф мешавад, донотар аст ва Ӯ ба [ҳоли] роҳёфтагон [низ] донотар аст

    6:117
  8. فَكُلُوا مِمَّا ذُكِرَ اسْمُ اللَّهِ عَلَيْهِ إِنْ كُنْتُمْ بِآيَاتِهِ مُؤْمِنِينَ

    Пас, [эй мардум] агар ба оёташ имон доред, [фақат] аз [гӯшти] он чи номи Аллоҳ таоло [ҳангоми забҳ] бар он бурдашудааст, бихӯред

    6:118
  9. وَمَا لَكُمْ أَلَّا تَأْكُلُوا مِمَّا ذُكِرَ اسْمُ اللَّهِ عَلَيْهِ وَقَدْ فَصَّلَ لَكُمْ مَا حَرَّمَ عَلَيْكُمْ إِلَّا مَا اضْطُرِرْتُمْ إِلَيْهِ ۗ وَإِنَّ كَثِيرًا لَيُضِلُّونَ بِأَهْوَائِهِمْ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۗ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِالْمُعْتَدِينَ

    Ва [эй мусулмонон] шуморо чи мешавад, ки аз он чи номи Аллоҳ таоло бар он бурдашудааст, намехӯред? Ҳол он ки [Аллоҳ таоло] он чиро бар шумо ҳаром кардааст, ба тафсил бароятон баён доштааст [пас, аз онҳо дурӣ кунед] магар чизе, ки ба [хӯрдани] он ночор шавед ва бе тардид, бисёре [аз мардум дигаронро] аз рӯйи нодонӣ бо ҳавасҳои хеш гумроҳ мекунанд. [Эй паёмбар] Яқинан, Парвардигорат ба [ҳоли] таҷовузкорон [аз ҳудуди илоҳӣ] донотар аст

    6:119
  10. وَذَرُوا ظَاهِرَ الْإِثْمِ وَبَاطِنَهُ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَكْسِبُونَ الْإِثْمَ سَيُجْزَوْنَ بِمَا كَانُوا يَقْتَرِفُونَ

    Ва [эй мардум] гуноҳи ошкор ва пинҳонро раҳо кунед, [чаро ки] бе тардид, касоне, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, ба зудӣ дар баробари ончи мекарданд, муҷозот хоҳанд шуд

    6:120
  11. وَلَا تَأْكُلُوا مِمَّا لَمْ يُذْكَرِ اسْمُ اللَّهِ عَلَيْهِ وَإِنَّهُ لَفِسْقٌ ۗ وَإِنَّ الشَّيَاطِينَ لَيُوحُونَ إِلَىٰ أَوْلِيَائِهِمْ لِيُجَادِلُوكُمْ ۖ وَإِنْ أَطَعْتُمُوهُمْ إِنَّكُمْ لَمُشْرِكُونَ

    Ва [эй муъминон] аз он чи [ҳангоми забҳ] номи Аллоҳ таоло бар он бурданашудааст, нахӯред, чаро ки он [кори] ҳатман, нофармонӣ аст ва дар ҳақиқат шаётин ба дӯстони худ илқо мекунанд, ки бо шумо [дар ин маврид] муҷодала намоянд.Ва агар аз онон итоат кунед, ҳатман, шумо [низ дар зумраи] мушрикон ҳастед

    6:121

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»