Сура 66 Ат-Таҳрим (Ҳаром кардан), оят 1 – 7

  1. يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ لِمَ تُحَرِّمُ مَا أَحَلَّ اللَّهُ لَكَ ۖ تَبْتَغِي مَرْضَاتَ أَزْوَاجِكَ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ

    Эй Паёмбар, чаро чизеро, ки Аллоҳ таоло бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнудии ҳамсаронат [бар худ] ҳаром мекунӣ? Ва [бидон, ки дар ҳама ҳол] Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.

    66:1
  2. قَدْ فَرَضَ اللَّهُ لَكُمْ تَحِلَّةَ أَيْمَانِكُمْ ۚ وَاللَّهُ مَوْلَاكُمْ ۖ وَهُوَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

    Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикасти савгандҳоятонро [бо додани каффора] бар шумо раво доштааст; ва Аллоҳ таоло дӯстдори шумост ва Ӯ донои ҳаким аст.

    66:2
  3. وَإِذْ أَسَرَّ النَّبِيُّ إِلَىٰ بَعْضِ أَزْوَاجِهِ حَدِيثًا فَلَمَّا نَبَّأَتْ بِهِ وَأَظْهَرَهُ اللَّهُ عَلَيْهِ عَرَّفَ بَعْضَهُ وَأَعْرَضَ عَنْ بَعْضٍ ۖ فَلَمَّا نَبَّأَهَا بِهِ قَالَتْ مَنْ أَنْبَأَكَ هَٰذَا ۖ قَالَ نَبَّأَنِيَ الْعَلِيمُ الْخَبِيرُ

    Ва ҳангоме ки Паёмбар ба баъзе аз ҳамсаронаш суханонеро ба роз гуфт, пас, чун [он ҳамсар] онро [ба дигаре] хабар дод ва Аллоҳ таоло ӯ [Паёмбар]-ро бар он огоҳ кард, қисмате аз онро барои ӯ баён кард ва аз қисмате [дигар] худдорӣ намуд. Пас, ҳангоме ки [паёмбар] ӯро аз он хабар дод, [он зан] гуфт: «Чи касе инро ба ту хабар додааст?». [Паёмбар] Гуфт: «[Аллоҳи] донои огоҳ маро хабар додааст»

    66:3
  4. إِنْ تَتُوبَا إِلَى اللَّهِ فَقَدْ صَغَتْ قُلُوبُكُمَا ۖ وَإِنْ تَظَاهَرَا عَلَيْهِ فَإِنَّ اللَّهَ هُوَ مَوْلَاهُ وَجِبْرِيلُ وَصَالِحُ الْمُؤْمِنِينَ ۖ وَالْمَلَائِكَةُ بَعْدَ ذَٰلِكَ ظَهِيرٌ

    [Эй ҳамсарони паёмбар] агар шумо ду нафар ба даргоҳи Аллоҳ таоло тавба кунед [ба суди шумост]; бе гумон, дилҳоятон [аз ҳақ] мунҳариф гаштааст ва агар шумо ду нафар бар алайҳи ӯ ҳамдаст [муттафиқ] шавед, [бидонед] ки Аллоҳ таоло дӯсту ёвари ӯст ва [низ] Ҷабраил ва мардумони шоиста – аз муъминону фариштагон – [низ] баъд аз он пуштибон [мададгори ӯ] ҳастанд

    66:4
  5. عَسَىٰ رَبُّهُ إِنْ طَلَّقَكُنَّ أَنْ يُبْدِلَهُ أَزْوَاجًا خَيْرًا مِنْكُنَّ مُسْلِمَاتٍ مُؤْمِنَاتٍ قَانِتَاتٍ تَائِبَاتٍ عَابِدَاتٍ سَائِحَاتٍ ثَيِّبَاتٍ وَأَبْكَارًا

    Чи басо агар шуморо талоқ диҳад, Парвардигораш ҳамсароне беҳтар аз шумо барояш ҷойгузин кунад, [ки] дӯшизагон ё занони мусулмон, муъмин, фармонбардор, тавбакор, ибодатгар [ва] рӯзадор бошанд

    66:5
  6. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ عَلَيْهَا مَلَائِكَةٌ غِلَاظٌ شِدَادٌ لَا يَعْصُونَ اللَّهَ مَا أَمَرَهُمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ

    Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаатонро аз оташе, ки ҳезуми он мардуму сангҳост нигаҳ доред; [оташе, ки] бар он фариштагони хашин ва сахтгир [гуморида шудаанд], ки ҳаргиз аз Аллоҳ таоло дар [мавриди] он чи ба онон фармон дода, нофармонӣ намекунанд ва ҳар чи фармон меёбанд, анҷом медиҳанд.

    66:6
  7. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ كَفَرُوا لَا تَعْتَذِرُوا الْيَوْمَ ۖ إِنَّمَا تُجْزَوْنَ مَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ

    Эй касоне, ки кофир шудаед, имрӯз узрхоҳӣ накунед. Ҷуз ин нест, ки дар баробари он чи мекардед, ҷазо дода мешавед

    66:7

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»