Сура 65 Ат-Талоқ (Талоқ), оят 1 – 5

  1. يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ إِذَا طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ وَأَحْصُوا الْعِدَّةَ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ رَبَّكُمْ ۖ لَا تُخْرِجُوهُنَّ مِنْ بُيُوتِهِنَّ وَلَا يَخْرُجْنَ إِلَّا أَنْ يَأْتِينَ بِفَاحِشَةٍ مُبَيِّنَةٍ ۚ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ ۚ وَمَنْ يَتَعَدَّ حُدُودَ اللَّهِ فَقَدْ ظَلَمَ نَفْسَهُ ۚ لَا تَدْرِي لَعَلَّ اللَّهَ يُحْدِثُ بَعْدَ ذَٰلِكَ أَمْرًا

    Эй Паёмбар, ҳаргоҳ хостед занонро талоқ диҳед, пас, онҳоро дар замони [оғози] идда талоқ диҳед ва ҳисоби иддаро нигаҳ доред ва аз Аллоҳ таоло, ки Парвардигори шумост, парво кунед. На шумо онҳоро аз хонаҳояшон берун кунед ва на онҳо берун раванд; магар он ки кори зишти ошкоре муртакиб шаванд; ва ин ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳ таоло аст ва ҳар кас аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, мусалламан, ба худ ситам кардааст. Ту намедонӣ, шояд Аллоҳ таоло пас аз он, вазъи тозае фароҳам оварад [ки ба сулҳу оштӣ мунҷар шавад]

    65:1
  2. فَإِذَا بَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمْسِكُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ أَوْ فَارِقُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ وَأَشْهِدُوا ذَوَيْ عَدْلٍ مِنْكُمْ وَأَقِيمُوا الشَّهَادَةَ لِلَّهِ ۚ ذَٰلِكُمْ يُوعَظُ بِهِ مَنْ كَانَ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا

    Пас, чун [онҳоро талоқ додед ва] иддаашон ба сар расид, эшонро ба тарзи шоистае нигаҳ доред ё ба тарзи шоистае аз онҳо ҷудо шавед; ва ду марди одил аз худатонро гувоҳ бигиред ва шаҳодатро барои Аллоҳ таоло барпо доред. Ин [ҳукме аст], ки ҳар кас ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дорад, ба он панду андарз дода мешавад; ва ҳар кас, ки аз Аллоҳ таоло битарсад, роҳи наҷоте барои ӯ қарор медиҳад

    65:2
  3. وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ ۚ وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

    Ва ӯро аз ҷойе, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад; ва ҳар кас бар Аллоҳ таоло таваккал кунад, пас, ҳамон ӯро кофӣ аст. Бе гумон, Аллоҳ таоло фармони худро ба анҷом мерасонад. Мусалламан, Аллоҳ таоло барои ҳар чизе андозае қарор додааст.

    65:3
  4. وَاللَّائِي يَئِسْنَ مِنَ الْمَحِيضِ مِنْ نِسَائِكُمْ إِنِ ارْتَبْتُمْ فَعِدَّتُهُنَّ ثَلَاثَةُ أَشْهُرٍ وَاللَّائِي لَمْ يَحِضْنَ ۚ وَأُولَاتُ الْأَحْمَالِ أَجَلُهُنَّ أَنْ يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ ۚ وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مِنْ أَمْرِهِ يُسْرًا

    Ва касоне аз занонатон, ки аз одати моҳона маъюс шудаанд, агар [ба бордории онон] шак кардед, иддаи онон се моҳ аст ва [низ] онҳо, ки ҳайз нашудаанд ва иддаи занони бордор ин аст, ки вазъи ҳамл кунанд ва ҳар кас аз Аллоҳ таоло битарсад корашро барояш осон месозад

    65:4
  5. ذَٰلِكَ أَمْرُ اللَّهِ أَنْزَلَهُ إِلَيْكُمْ ۚ وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّئَاتِهِ وَيُعْظِمْ لَهُ أَجْرًا

    Ин фармони Аллоҳ таоло аст, ки бар шумо нозил кардааст; ва ҳар кас аз Аллоҳ таоло парво кунад, Аллоҳ таоло гуноҳҳояшро аз ӯ мезудояд [ва мебахшад] ва подоши ӯро бузург мегардонад

    65:5

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»