Сура 62 Ал-Ҷумъа (Ҷумъа), оят 1 – 8

  1. يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ الْمَلِكِ الْقُدُّوسِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ

    Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд; [Аллоҳ таоло] ки фармонраво, муназзаҳ [ва] пирӯзманду ҳаким аст

    62:1
  2. هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُبِينٍ

    Ӯст, ки аз миёни бесаводон Паёмбаре аз миёни худашон барангехт, ки оятҳояшро бар онҳо бихонад ва эшонро пок гардонад ва ба онон Китоб [Қуръон] ва ҳикмат биёмӯзад; агарчи пеш аз ин дар гумроҳии ошкор буданд

    62:2
  3. وَآخَرِينَ مِنْهُمْ لَمَّا يَلْحَقُوا بِهِمْ ۚ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

    Ва [ин Паёмбар] бар гурӯҳи дигаре аз онон [низ мабъус шудааст], ки ҳанӯз ба онҳо [наслҳои пешин] напайвастаанд; ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст

    62:3
  4. ذَٰلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ

    Ин фазли Аллоҳ таоло аст, ки онро ба ҳар кас, ки бихоҳад, мебахшад; ва Аллоҳ таоло дорои фазли азим аст

    62:4
  5. مَثَلُ الَّذِينَ حُمِّلُوا التَّوْرَاةَ ثُمَّ لَمْ يَحْمِلُوهَا كَمَثَلِ الْحِمَارِ يَحْمِلُ أَسْفَارًا ۚ بِئْسَ مَثَلُ الْقَوْمِ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ ۚ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ

    Масали касоне, ки [амал ба] Таврот ба онон таклиф шуд, вале онро [чунончи бояду шояд] риоя накарданд, ҳамчун харест, ки китобҳоеро ҳамл мекунад [аммо аз он чизе намефаҳмад]. Чи бад аст масали гурӯҳе, ки оёти илоҳиро такзиб карданд! Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад

    62:5
  6. قُلْ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ هَادُوا إِنْ زَعَمْتُمْ أَنَّكُمْ أَوْلِيَاءُ لِلَّهِ مِنْ دُونِ النَّاسِ فَتَمَنَّوُا الْمَوْتَ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

    Бигӯ: «Эй яҳудиён, агар гумон доред, ки [танҳо] шумо дӯстони Аллоҳ таоло ҳастед, на мардуми дигар, пас, агар рост мегӯед, орзуи марг кунед»

    62:6
  7. وَلَا يَتَمَنَّوْنَهُ أَبَدًا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ۚ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ

    Вале онҳо ба хотири он чи аз пеш фиристодаанд, ҳаргиз он орзуро нахоҳанд кард; ва Аллоҳ таоло [аз ҳоли] ситамгорон огоҳ аст

    62:7
  8. قُلْ إِنَّ الْمَوْتَ الَّذِي تَفِرُّونَ مِنْهُ فَإِنَّهُ مُلَاقِيكُمْ ۖ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ

    [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Он марге, ки аз он фирор мекунед, яқинан, ба шумо хоҳад расид, сипас ба сӯйи [Аллоҳ таоло он] донои ғайб ва ошкор бозгардонда мешавед; он гоҳ шуморо аз он чи анҷом медодед, огоҳ месозад»

    62:8

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»