Сура 61 Ас-Сафф (Саф), оят 10 – 14

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَىٰ تِجَارَةٍ تُنْجِيكُمْ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ

    Эй касоне, ки имон овардаед, оё [мехоҳед] шуморо ба тиҷорате роҳнамоӣ кунам, ки шуморо аз азоби дарднок наҷот диҳад?

    61:10
  2. تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَتُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِكُمْ وَأَنْفُسِكُمْ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ

    Ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш имон биёваред ва бо амвол ва ҷонҳоятон дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин [кор] барои шумо беҳтар аст.

    61:11
  3. يَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَيُدْخِلْكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ

    [Агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳонатонро мебахшад ва шуморо дар боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборон аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва дар хонаҳои покиза дар биҳишт ҷовидон [ҷой медиҳад]. Ин комёбии бузурге аст.

    61:12
  4. وَأُخْرَىٰ تُحِبُّونَهَا ۖ نَصْرٌ مِنَ اللَّهِ وَفَتْحٌ قَرِيبٌ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ

    Ва [неъмати] дигаре, ки онро дӯст доред, [низ ба шумо иноят мефармояд, ки ҳамоно] ёрӣ аз сӯйи Аллоҳ таоло ва пирӯзии наздик аст; ва муъминонро [ба ин пирӯзӣ] башорат деҳ.

    61:13
  5. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا أَنْصَارَ اللَّهِ كَمَا قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ لِلْحَوَارِيِّينَ مَنْ أَنْصَارِي إِلَى اللَّهِ ۖ قَالَ الْحَوَارِيُّونَ نَحْنُ أَنْصَارُ اللَّهِ ۖ فَآمَنَتْ طَائِفَةٌ مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَكَفَرَتْ طَائِفَةٌ ۖ فَأَيَّدْنَا الَّذِينَ آمَنُوا عَلَىٰ عَدُوِّهِمْ فَأَصْبَحُوا ظَاهِرِينَ

    Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони [дини] Аллоҳ таоло бошед; ҳамон гуна ки Исо – писари Марям – ба ҳавориюн гуфт: «Чи касоне ёварони ман [дар даъват] ба сӯи Аллоҳ таоло ҳастанд?». Ҳавориюн гуфтанд: «Мо ёварони [дини] Аллоҳ таоло ҳастем». Пас, гурӯҳе аз Бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Он гоҳ мо касонеро, ки имон оварда буданд, бар душманонашон неру [ва тавоноӣ] додем, ва саранҷом пирӯз шуданд

    61:14

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»