Сура 5 Ал-Моида (Дастархон), оят 95 – 97

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقْتُلُوا الصَّيْدَ وَأَنْتُمْ حُرُمٌ ۚ وَمَنْ قَتَلَهُ مِنْكُمْ مُتَعَمِّدًا فَجَزَاءٌ مِثْلُ مَا قَتَلَ مِنَ النَّعَمِ يَحْكُمُ بِهِ ذَوَا عَدْلٍ مِنْكُمْ هَدْيًا بَالِغَ الْكَعْبَةِ أَوْ كَفَّارَةٌ طَعَامُ مَسَاكِينَ أَوْ عَدْلُ ذَٰلِكَ صِيَامًا لِيَذُوقَ وَبَالَ أَمْرِهِ ۗ عَفَا اللَّهُ عَمَّا سَلَفَ ۚ وَمَنْ عَادَ فَيَنْتَقِمُ اللَّهُ مِنْهُ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ ذُو انْتِقَامٍ

    Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли эҳром, шикорро накушед ва ҳар касе аз шумо, ки қасдан онро бикушад, бояд ҳаммонанди он чи ки куштааст, каффорае аз чаҳорпоён бидиҳад, [ба шарте] ки ду нафари одил аз шумо [баробарарзишии] онро таъйид кунанд ва [он гоҳ он каффораро ба сурати] қурбонӣ [ба мустамандони перомуни] Каъба бирасонад ё [муодили баҳои онро] ба тиҳидастони [Ҳарам] ғизо диҳад ё [агар тавони молӣ надошт] муодили онро [дар муқобили ҳар фақир як] рӯза бигирад, то кайфари амали худро бичашад. Аллоҳ таоло он чиро, ки [пеш аз ин таҳрим] гузаштааст, авф намуд ва ҳар ки [ба ин гуноҳ] бозгардад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло аз ӯ интиқом мегирад ва Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст

    5:95
  2. أُحِلَّ لَكُمْ صَيْدُ الْبَحْرِ وَطَعَامُهُ مَتَاعًا لَكُمْ وَلِلسَّيَّارَةِ ۖ وَحُرِّمَ عَلَيْكُمْ صَيْدُ الْبَرِّ مَا دُمْتُمْ حُرُمًا ۗ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

    [Эй мусулмонон, дар ҳоли эҳром] Сайди дарёӣ ва хӯроки он барои шумо ҳалол шудааст, то шумо [ки дар Макка муқим ҳастед] ва корвониён [ки мусофиранд, ҳамагӣ] аз он бархӯрдор шавед, ва [-ле] то замоне ки дар эҳром ҳастед, сайди саҳроӣ бар шумо ҳаром аст ва аз Аллоҳ таоло, ки [рӯзи қиёмат] назди Ӯ ҷамъ мешавед, парво кунед

    5:96
  3. جَعَلَ اللَّهُ الْكَعْبَةَ الْبَيْتَ الْحَرَامَ قِيَامًا لِلنَّاسِ وَالشَّهْرَ الْحَرَامَ وَالْهَدْيَ وَالْقَلَائِدَ ۚ ذَٰلِكَ لِتَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَأَنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

    Аллоҳ таоло Каъбаи Байт-ул-ҳаромро василае барои устуворӣ [ва сомон бахшидан ба кори] мардум қарор дод ва [ҳамчунин, ҳурмати ҷангу даргирӣ дар] моҳи ҳаром ва [куштани] қурбонӣ [-и бенишон] ва қурбонии қалодадор [-ро барои осоиши мардум вазъ кард]. Ин [гуна аҳком] барои он аст, ки бидонед Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва ин ки Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

    5:97

Тарҷума: Центр переводов «Руввад»