Сура 5 Ал-Моида (Дастархон), оят 67 – 77
-
يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ بَلِّغْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ ۖ وَإِنْ لَمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَهُ ۚ وَاللَّهُ يَعْصِمُكَ مِنَ النَّاسِ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ
Эй Паёмбар, он чиро аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, [ба таври комил ба мардум] иблоғ кун ва агар [чунин] накунӣ, рисолати Ӯро [ба анҷом] нарасондаӣ ва Аллоҳ таоло туро аз [газанди] мардум ҳифз мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад
5:67 -
قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لَسْتُمْ عَلَىٰ شَيْءٍ حَتَّىٰ تُقِيمُوا التَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ ۗ وَلَيَزِيدَنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ طُغْيَانًا وَكُفْرًا ۖ فَلَا تَأْسَ عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ
Бигӯ: "Эй аҳли китоб, шумо бар ҳеҷ [оини дурусте] нестед, магар ин ки Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпо доред". Ва [эй паёмбар] бе тардид, он чи аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар саркашӣ ва куфри бисёре аз онон меафзояд, пас, бар [ин] гурӯҳи кофир афсӯс махӯр
5:68 -
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَالَّذِينَ هَادُوا وَالصَّابِئُونَ وَالنَّصَارَىٰ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَعَمِلَ صَالِحًا فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Бе гумон, касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки яҳудӣ ва собиӣ [фитратгаро] ва масеҳӣ ҳастанд, ҳар ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд
5:69 -
لَقَدْ أَخَذْنَا مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَأَرْسَلْنَا إِلَيْهِمْ رُسُلًا ۖ كُلَّمَا جَاءَهُمْ رَسُولٌ بِمَا لَا تَهْوَىٰ أَنْفُسُهُمْ فَرِيقًا كَذَّبُوا وَفَرِيقًا يَقْتُلُونَ
Яқинан, мо аз Бани Исроил [дар мавриди итоат аз фармони ҳақ] паймон гирифтем ва паёмбароне ба сӯяшон фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре чизе овард, ки ҳавои нафсашон намеписандад, гурӯҳеро дурӯғгӯ хонданд ва гурӯҳеро куштанд
5:70 -
وَحَسِبُوا أَلَّا تَكُونَ فِتْنَةٌ فَعَمُوا وَصَمُّوا ثُمَّ تَابَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ ثُمَّ عَمُوا وَصَمُّوا كَثِيرٌ مِنْهُمْ ۚ وَاللَّهُ بَصِيرٌ بِمَا يَعْمَلُونَ
[Оре, яҳудиён паймон шикастанд] Ва пиндоштанд, ки муҷозоте дар кор нест, пас, кӯр гаштанд [ва ҳақро надиданд] ва кар шуданд [ва ҳақро нашуниданд]. Он гоҳ [тавба карданд ва] Аллоҳ таоло тавбаи эшонро пазируфт. Сипас бисёре аз эшон [боз ҳам дар баробари ҳидоят] кӯру кар шуданд ва Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳанд, биност
5:71 -
لَقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْمَسِيحُ ابْنُ مَرْيَمَ ۖ وَقَالَ الْمَسِيحُ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ اعْبُدُوا اللَّهَ رَبِّي وَرَبَّكُمْ ۖ إِنَّهُ مَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللَّهُ عَلَيْهِ الْجَنَّةَ وَمَأْوَاهُ النَّارُ ۖ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنْصَارٍ
Онон, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло ҳамон Масеҳ писари Марям аст", яқинан кофир шуданд, дар ҳоле ки [худи] Масеҳ гуфт: "Эй Бани Исроил, Аллоҳро бипарастед, ки Парвардигори ману Парвадигори шумост. Бе тардид, ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк оварад, Аллоҳ таоло биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст ва ҷойгоҳаш дузах аст ва ситамгорон ҳеҷ ёваре надоранд"
5:72 -
لَقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ ثَالِثُ ثَلَاثَةٍ ۘ وَمَا مِنْ إِلَٰهٍ إِلَّا إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۚ وَإِنْ لَمْ يَنْتَهُوا عَمَّا يَقُولُونَ لَيَمَسَّنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Касоне, ки [маъбуди ҳақиқиро маҷмуаи падар, писар ва Руҳ-ул-қудус донистанд ва] гуфтанд: "Аллоҳ таоло савумин [нафар аз] се [маъбуд] аст", ҳатман, кофир шуданд. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз маъбуди ягона нест. Ва агар аз он чи мегӯянд, бознаистанд, ҳатман, ба афроде аз эшон, ки куфр варзиданд, азоби дардноке хоҳад расид
5:73 -
أَفَلَا يَتُوبُونَ إِلَى اللَّهِ وَيَسْتَغْفِرُونَهُ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Оё ба сӯйи Аллоҳ таоло бознамегарданд ва аз Ӯ талаби омурзиш намекунанд? Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
5:74 -
مَا الْمَسِيحُ ابْنُ مَرْيَمَ إِلَّا رَسُولٌ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهِ الرُّسُلُ وَأُمُّهُ صِدِّيقَةٌ ۖ كَانَا يَأْكُلَانِ الطَّعَامَ ۗ انْظُرْ كَيْفَ نُبَيِّنُ لَهُمُ الْآيَاتِ ثُمَّ انْظُرْ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ
Масеҳ писари Марям ҷуз паёмбаре нест, ки пеш аз ӯ [низ] паёмбарони дигаре буданд ва модараш зани ростгӯ буд. Ҳар ду [монанди инсонҳои дигар] ғизо мехӯрданд. [Эй паёмбар] Бингар, ки чи гуна оёт [-и худ]-ро барояшон равшан месозем ва боз бингар, ки чи гуна рӯйгардон мешаванд
5:75 -
قُلْ أَتَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَمْلِكُ لَكُمْ ضَرًّا وَلَا نَفْعًا ۚ وَاللَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Оё чизеро ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ки суду зиёне бароятон надорад? Ва [ҳол он ки] Аллоҳ таоло шунавову доност"
5:76 -
قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لَا تَغْلُوا فِي دِينِكُمْ غَيْرَ الْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعُوا أَهْوَاءَ قَوْمٍ قَدْ ضَلُّوا مِنْ قَبْلُ وَأَضَلُّوا كَثِيرًا وَضَلُّوا عَنْ سَوَاءِ السَّبِيلِ
Бигӯ: "Эй аҳли китоб, дар дини худ ба ноҳақ ғулув [ва зиёдаравӣ] накунед ва аз ҳавасҳои гурӯҳе пайравӣ накунед, ки пештар гумроҳ шуданд ва бисёре [аз пайравонашон]-ро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост мунҳариф гаштаанд"
5:77
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»