Сура 5 Ал-Моида (Дастархон), оят 27 – 34
-
وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ ابْنَيْ آدَمَ بِالْحَقِّ إِذْ قَرَّبَا قُرْبَانًا فَتُقُبِّلَ مِنْ أَحَدِهِمَا وَلَمْ يُتَقَبَّلْ مِنَ الْآخَرِ قَالَ لَأَقْتُلَنَّكَ ۖ قَالَ إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللَّهُ مِنَ الْمُتَّقِينَ
Ва [эй Паёмбар] достони ду писари Одам [Ҳобил ва Қобил]-ро ба ҳақ бар эшон бихон: ҳангоме ки [ҳар кадом] барои тақарруб [ба даргоҳи Аллоҳ таоло] як қурбонӣ тақдим карданд, аз яке пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. [Қобил ба Ҳобил] Гуфт: "Ҳатман, туро хоҳам кушт". [Ҳобил] Гуфт: "Аллоҳ таоло [қурбониро] фақат аз парҳезкорон мепазирад
5:27 -
لَئِنْ بَسَطْتَ إِلَيَّ يَدَكَ لِتَقْتُلَنِي مَا أَنَا بِبَاسِطٍ يَدِيَ إِلَيْكَ لِأَقْتُلَكَ ۖ إِنِّي أَخَافُ اللَّهَ رَبَّ الْعَالَمِينَ
Агар ту дастатро барои куштани ман дароз кунӣ, ман ҳаргиз дастамро барои куштан ба сӯят дароз нахоҳам кард, [зеро] бе тардид, ман аз Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – метарсам
5:28 -
إِنِّي أُرِيدُ أَنْ تَبُوءَ بِإِثْمِي وَإِثْمِكَ فَتَكُونَ مِنْ أَصْحَابِ النَّارِ ۚ وَذَٰلِكَ جَزَاءُ الظَّالِمِينَ
[Он гоҳ барои он ки ӯро битарсонад гуфт] "Ман мехоҳам, ки ту бо гуноҳи [қатли] ман ва гуноҳи [аъмоли] худат [ба сӯйи Аллоҳ таоло] бозгардӣ ва аз аҳли дузах бошӣ. Ва ин аст сазои ситамгорон"
5:29 -
فَطَوَّعَتْ لَهُ نَفْسُهُ قَتْلَ أَخِيهِ فَقَتَلَهُ فَأَصْبَحَ مِنَ الْخَاسِرِينَ
Пас, нафси [саркаши] ӯ куштани бародарашро барояш орост [ва муваҷҷаҳу осон ҷилва дод]. Пас, ӯро кушт ва аз зиёнкорон шуд
5:30 -
فَبَعَثَ اللَّهُ غُرَابًا يَبْحَثُ فِي الْأَرْضِ لِيُرِيَهُ كَيْفَ يُوَارِي سَوْءَةَ أَخِيهِ ۚ قَالَ يَا وَيْلَتَا أَعَجَزْتُ أَنْ أَكُونَ مِثْلَ هَٰذَا الْغُرَابِ فَأُوَارِيَ سَوْءَةَ أَخِي ۖ فَأَصْبَحَ مِنَ النَّادِمِينَ
Он гоҳ Аллоҳ таоло калоғ [зоғ]-еро фиристод, ки дар замин ҷустуҷӯ [ва ковиш] мекард, то [калоғи мурдаеро дафн кунад ва ин гуна] ба вай нишон диҳад, ки чи гуна ҷасади бародарашро бипӯшонад. [Қобил] Гуфт: "Вой бар ман! Оё нотавон будам аз ин ки ҳамчун ин калоғ бошам ва ҷасади бародарамро бипӯшонам"? Он гоҳ [ба сахтӣ аз кори зишти хеш] пушаймон шуд
5:31 -
مِنْ أَجْلِ ذَٰلِكَ كَتَبْنَا عَلَىٰ بَنِي إِسْرَائِيلَ أَنَّهُ مَنْ قَتَلَ نَفْسًا بِغَيْرِ نَفْسٍ أَوْ فَسَادٍ فِي الْأَرْضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ النَّاسَ جَمِيعًا وَمَنْ أَحْيَاهَا فَكَأَنَّمَا أَحْيَا النَّاسَ جَمِيعًا ۚ وَلَقَدْ جَاءَتْهُمْ رُسُلُنَا بِالْبَيِّنَاتِ ثُمَّ إِنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ بَعْدَ ذَٰلِكَ فِي الْأَرْضِ لَمُسْرِفُونَ
Ба ҳамин сабаб, бар Бани Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас инсонеро ҷуз барои [қасоси] касе ё фасоде [ки] дар замин [муртакиб шудааст] ба қатл бирасонад, чунон аст, ки гӯӣ ҳамаи мардумро куштааст ва ҳар кас [бо худдорӣ аз қатлҳои худсарона ва беҳуда] инсонеро зинда бидорад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро зинда кардааст. Ва бе гумон, паёмбарони мо бо далоили равшан барои онон [Бани Исроил] омаданд, [вале] боз ҳам бисёре аз эшон пас аз он [бо иртикоби гуноҳ] дар замин [по аз ҳудуди илоҳӣ фаротар гузоштанд ва] зиёдаравӣ карданд
5:32 -
إِنَّمَا جَزَاءُ الَّذِينَ يُحَارِبُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَسْعَوْنَ فِي الْأَرْضِ فَسَادًا أَنْ يُقَتَّلُوا أَوْ يُصَلَّبُوا أَوْ تُقَطَّعَ أَيْدِيهِمْ وَأَرْجُلُهُمْ مِنْ خِلَافٍ أَوْ يُنْفَوْا مِنَ الْأَرْضِ ۚ ذَٰلِكَ لَهُمْ خِزْيٌ فِي الدُّنْيَا ۖ وَلَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ
Сазои касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш меҷанганд ва [бо қатлу дуздӣ ва фаҳшо] дар замин ба фасод мекӯшанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд ё ба дор овехта шаванд ё даст [-и рост] ва пой [-и чапи] онҳо дар хилоф [ҷиҳати якдигар] қатъ шавад ё аз сарзамин [-и худ] табъид гарданд. Ин [муҷозот мояи] расвоии онҳо дар дунёст ва дар охират [низ] азоби бузург [дар пеш] доранд
5:33 -
إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا مِنْ قَبْلِ أَنْ تَقْدِرُوا عَلَيْهِمْ ۖ فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Магар касоне, ки [шумо ҳокимон] пеш аз он ки бар онон даст ёбед, тавба кунанд. Пас, [агар чунин карданд, аз онон даргузаред ва] бидонед, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
5:34
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»