Сура 58 Ал-Муҷодала (Ҷидол кардан), оят 14 – 22

  1. أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ تَوَلَّوْا قَوْمًا غَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مَا هُمْ مِنْكُمْ وَلَا مِنْهُمْ وَيَحْلِفُونَ عَلَى الْكَذِبِ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

    [Эй Паёмбар] Оё надидӣ касонеро, ки бо қавме дӯстӣ карданд, ки Аллоҳ таоло бар онон хашм [-у ғазаб] кардааст; онҳо на аз шумо ҳастанд ва на аз онон [яҳудиён]; ва ба дурӯғ савганд ёд мекунанд [ки мусулмонанд], дар ҳоле ки худ медонанд [ки мунофиқанд].

    58:14
  2. أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ عَذَابًا شَدِيدًا ۖ إِنَّهُمْ سَاءَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    Аллоҳ таоло азоби сахте барои онҳо омода кардааст, чаро ки бе гумон, аъмоли баде анҷом медоданд

    58:15
  3. اتَّخَذُوا أَيْمَانَهُمْ جُنَّةً فَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ فَلَهُمْ عَذَابٌ مُهِينٌ

    Онҳо савгандҳои худро сипар [-и бало] қарор доданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд; пас, азоби хоркунандае [дар пеш] доранд.

    58:16
  4. لَنْ تُغْنِيَ عَنْهُمْ أَمْوَالُهُمْ وَلَا أَوْلَادُهُمْ مِنَ اللَّهِ شَيْئًا ۚ أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Ҳаргиз амволу фарзандонашон чизе аз азоби Аллоҳро аз онҳо дафъ нахоҳад кард. Онҳо аҳл [-и оташ]-и дузаханд ва ҷовидона дар он мемонанд

    58:17
  5. يَوْمَ يَبْعَثُهُمُ اللَّهُ جَمِيعًا فَيَحْلِفُونَ لَهُ كَمَا يَحْلِفُونَ لَكُمْ ۖ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ عَلَىٰ شَيْءٍ ۚ أَلَا إِنَّهُمْ هُمُ الْكَاذِبُونَ

    Рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамагии онҳоро бармеангезад, он гоҳ онҳо барои Ӯ [низ] савганд ёд мекунанд, ҳамон гуна ки [имрӯз дар дунё] барои шумо савганд ёд мекунанд ва гумон мекунанд, ки бар чизе [судманд] ҳастанд. Огоҳ бошед [ва бидонед], ки онҳо дурӯғгӯёнанд

    58:18
  6. اسْتَحْوَذَ عَلَيْهِمُ الشَّيْطَانُ فَأَنْسَاهُمْ ذِكْرَ اللَّهِ ۚ أُولَٰئِكَ حِزْبُ الشَّيْطَانِ ۚ أَلَا إِنَّ حِزْبَ الشَّيْطَانِ هُمُ الْخَاسِرُونَ

    Шайтон бар онҳо чира шуда ва ёди Аллоҳро аз хотирашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтон ҳастанд ва огоҳ бошед [ва бидонед], ки ҳизби шайтон зиёнкоранд

    58:19
  7. إِنَّ الَّذِينَ يُحَادُّونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ أُولَٰئِكَ فِي الْأَذَلِّينَ

    Бе гумон, касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш мухолифат [ва душманӣ] мекунанд, дар зумраи хортарин [афрод]-анд

    58:20
  8. كَتَبَ اللَّهُ لَأَغْلِبَنَّ أَنَا وَرُسُلِي ۚ إِنَّ اللَّهَ قَوِيٌّ عَزِيزٌ

    Аллоҳ таоло муқаррар доштааст, ки «яқинан, ману расулонам пирӯз мешавем». Бе гумон, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст.

    58:21
  9. لَا تَجِدُ قَوْمًا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ يُوَادُّونَ مَنْ حَادَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَوْ كَانُوا آبَاءَهُمْ أَوْ أَبْنَاءَهُمْ أَوْ إِخْوَانَهُمْ أَوْ عَشِيرَتَهُمْ ۚ أُولَٰئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ الْإِيمَانَ وَأَيَّدَهُمْ بِرُوحٍ مِنْهُ ۖ وَيُدْخِلُهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ ۚ أُولَٰئِكَ حِزْبُ اللَّهِ ۚ أَلَا إِنَّ حِزْبَ اللَّهِ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

    [Эй Паёмбар] ҳеҷ қавмеро намеёбӣ, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дошта бошанд ва бо касоне, ки бо Аллоҳу расулаш [душманӣ ва] мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд; агарчи падаронашон ё фарзандонашон ё бародаронашон ё хешовандонашон бошанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло имонро дар [сафҳаи] дилҳояшон навиштааст ва ба рӯҳе аз ҷониби худ онҳоро тақвият [ва таъйид] намудааст ва онҳоро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд. Аллоҳ таоло аз онҳо хушнуд аст ва онҳо [низ] аз Аллоҳ таоло хушнуданд. Онҳо ҳизби Аллоҳ таоло ҳастанд. Огоҳ бошед! Бе тардид, ҳизби Аллоҳ таоло растагоранд

    58:22

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»