Сура 53 Ан-Наҷм (Ситора), оят 1 – 25
-
وَالنَّجْمِ إِذَا هَوَىٰ
Савганд ба ситора, он гоҳ ки нопадид шавад
53:1 -
مَا ضَلَّ صَاحِبُكُمْ وَمَا غَوَىٰ
Ки ёри шумо [Муҳаммад] ҳаргиз гумроҳ нашуда ва ба роҳи табоҳе наафтодааст
53:2 -
وَمَا يَنْطِقُ عَنِ الْهَوَىٰ
Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд
53:3 -
إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَىٰ
[Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест
53:4 -
عَلَّمَهُ شَدِيدُ الْقُوَىٰ
[Ҷабраил, ки фариштае аст] Пуртавон таълимаш додааст
53:5 -
ذُو مِرَّةٍ فَاسْتَوَىٰ
[Ҳамон фариштаи] Хушманзаре, ки [бо чеҳраи ҳақиқиаш дар баробари Паёмбар] истод
53:6 -
وَهُوَ بِالْأُفُقِ الْأَعْلَىٰ
Дар ҳоле ки ӯ дар уфуқи боло [дар осмон] қарор дошт
53:7 -
ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّىٰ
Сипас [Ҷабраил] наздик шуд; ва наздиктар
53:8 -
فَكَانَ قَابَ قَوْسَيْنِ أَوْ أَدْنَىٰ
Пас, [фосилаи ӯ бо Паёмбар] ба андозаи тӯли ду камон камтар буд
53:9 -
فَأَوْحَىٰ إِلَىٰ عَبْدِهِ مَا أَوْحَىٰ
Он гоҳ [он фариштаи бузургвор] он чиро, ки бояд ба бандаи Аллоҳ таоло ваҳй мекард, ваҳй намуд
53:10 -
مَا كَذَبَ الْفُؤَادُ مَا رَأَىٰ
Он чиро, ки [паёмбар] дид, қалбаш дурӯғ напиндошт
53:11 -
أَفَتُمَارُونَهُ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ
Оё бо ӯ дар бораи он чи мебинад, муҷодала мекунед?
53:12 -
وَلَقَدْ رَآهُ نَزْلَةً أُخْرَىٰ
Дар ҳақиқат, паёмбар як бори дигар низ он фариштаро [ба сурати комил] мушоҳида карда буд
53:13 -
عِنْدَ سِدْرَةِ الْمُنْتَهَىٰ
Дар канори [дарахти бузург] «Сидрату-л-мунтаҳо» [дар осмони ҳафтум]
53:14 -
عِنْدَهَا جَنَّةُ الْمَأْوَىٰ
ки оромишгоҳи биҳишт ҳамон ҷост
53:15 -
إِذْ يَغْشَى السِّدْرَةَ مَا يَغْشَىٰ
Он гоҳ ки ҳолате он дарахтро пӯшонида буд
53:16 -
مَا زَاغَ الْبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ
Чашми [паёмбар ба чапу рост] мунҳариф нашуд ва [аз ҳад] таҷовуз накард
53:17 -
لَقَدْ رَأَىٰ مِنْ آيَاتِ رَبِّهِ الْكُبْرَىٰ
Ба ростӣ, ки ӯ бархе аз бузургтарин нишонаҳои Парвардигорашро [дар он ҷо] мушоҳида кард
53:18 -
أَفَرَأَيْتُمُ اللَّاتَ وَالْعُزَّىٰ
[Эй мушрикон] Оё «Лот»-у «Уззо»-ро дидаед?
53:19 -
وَمَنَاةَ الثَّالِثَةَ الْأُخْرَىٰ
Ва «Маннот» он савумин [бути беарзиш]-ро? [Оё ҳеҷ суду зиёне ба шумо мерасонанд?]
53:20 -
أَلَكُمُ الذَّكَرُ وَلَهُ الْأُنْثَىٰ
Оё [иддао мекунед, ки] фарзанди писар барои шумост ва духтар барои Аллоҳ таоло?
53:21 -
تِلْكَ إِذًا قِسْمَةٌ ضِيزَىٰ
Дар ин сурат, тақсиме ноодилона аст
53:22 -
إِنْ هِيَ إِلَّا أَسْمَاءٌ سَمَّيْتُمُوهَا أَنْتُمْ وَآبَاؤُكُمْ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ بِهَا مِنْ سُلْطَانٍ ۚ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَمَا تَهْوَى الْأَنْفُسُ ۖ وَلَقَدْ جَاءَهُمْ مِنْ رَبِّهِمُ الْهُدَىٰ
Ин бутҳо фақат исмҳое [бемаъно] ҳастанд, ки худ ва падаронатон бо онҳо [маъбудҳои дурӯғини худро] ном ниҳодаед ва Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле [бар ҳаққонияти ин кор] нозил накардааст. [Мушрикон дар эътиқодоташон] Фақат пайрави гумону хостаҳои дили хешанд; ҳол он ки [муҷиботи] ҳидоят аз ҷониби Парвардигорашон бар онон расидааст
53:23 -
أَمْ لِلْإِنْسَانِ مَا تَمَنَّىٰ
Оё инсон ҳар чи [аз шафоати ин маъбудони ботил] орзу кунад, барояш муяссар аст?
53:24 -
فَلِلَّهِ الْآخِرَةُ وَالْأُولَىٰ
Дунё ва охират аз они Аллоҳ аст [ва ба ҳар кас, ҳар чиро салоҳ бидонад мебахшад]
53:25
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»