Сура 52 Ат-Тур (Кӯҳи Тур), оят 29 – 49
-
فَذَكِّرْ فَمَا أَنْتَ بِنِعْمَتِ رَبِّكَ بِكَاهِنٍ وَلَا مَجْنُونٍ
Пас, [эй Паёмбар, бо оёти Қуръон ба мардум] андарз бидеҳ, ки ба лутфи Парвардигорат [ту бар хилофи иддаои кофирон] на коҳинӣ ва на маҷнун
52:29 -
أَمْ يَقُولُونَ شَاعِرٌ نَتَرَبَّصُ بِهِ رَيْبَ الْمَنُونِ
Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Шоирест, ки мунтазирем, то маргаш фаро расад [ва аз суханонаш раҳоӣ ёбем]?»
52:30 -
قُلْ تَرَبَّصُوا فَإِنِّي مَعَكُمْ مِنَ الْمُتَرَبِّصِينَ
Бигӯ: «Мунтазир [-и марги ман] бошед; ман низ бо шумо мунтазир хоҳам монд [то азобатонро ба чашм бинам]»
52:31 -
أَمْ تَأْمُرُهُمْ أَحْلَامُهُمْ بِهَٰذَا ۚ أَمْ هُمْ قَوْمٌ طَاغُونَ
Оё ақлҳояшон ба [баёни] ин [суханони ботил] ҳукм мекунад, ё [асосан] мардуме саркаш ҳастанд?
52:32 -
أَمْ يَقُولُونَ تَقَوَّلَهُ ۚ بَلْ لَا يُؤْمِنُونَ
Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро ҷаъл кардааст?». [Ҳаргиз чунин нест] Балки [ғарқ дар такаббуранд, ки] имон намеоваранд
52:33 -
فَلْيَأْتُوا بِحَدِيثٍ مِثْلِهِ إِنْ كَانُوا صَادِقِينَ
Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд
52:34 -
أَمْ خُلِقُوا مِنْ غَيْرِ شَيْءٍ أَمْ هُمُ الْخَالِقُونَ
Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд?
52:35 -
أَمْ خَلَقُوا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ ۚ بَلْ لَا يُوقِنُونَ
Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ таоло офаринандаи мутлақ аст]
52:36 -
أَمْ عِنْدَهُمْ خَزَائِنُ رَبِّكَ أَمْ هُمُ الْمُصَيْطِرُونَ
Оё ганҷинаҳои [неъмат ва ҳидояти] Парвардигорат назди эшон аст? Оё [бар ҳама чиз] тасаллут доранд?
52:37 -
أَمْ لَهُمْ سُلَّمٌ يَسْتَمِعُونَ فِيهِ ۖ فَلْيَأْتِ مُسْتَمِعُهُمْ بِسُلْطَانٍ مُبِينٍ
Оё нардбоне доранд, ки ба василаи он [гуфтори фариштагони ваҳйро] мешунаванд? Пас, ҳар ки шунидааст, бояд далеле равшан биёварад
52:38 -
أَمْ لَهُ الْبَنَاتُ وَلَكُمُ الْبَنُونَ
Оё Аллоҳ таоло фарзандони духтар дорад ва шумо писар?
52:39 -
أَمْ تَسْأَلُهُمْ أَجْرًا فَهُمْ مِنْ مَغْرَمٍ مُثْقَلُونَ
[Эй Паёмбар] Оё аз онон подоше дархост мекунӣ, ки [аз пардохташ дар ранҷанд ва харҷаш] барояшон [гарону] сангин аст?
52:40 -
أَمْ عِنْدَهُمُ الْغَيْبُ فَهُمْ يَكْتُبُونَ
Оё аз илми ғайб огоҳанд ва [хабарҳои ниҳонро] менависанд?
52:41 -
أَمْ يُرِيدُونَ كَيْدًا ۖ فَالَّذِينَ كَفَرُوا هُمُ الْمَكِيدُونَ
Оё қасди найранг[ва нақшаи палиде бароят] доранд? Вале кофирон худ гирифтори найранг [ва тадбири илоҳӣ] ҳастанд
52:42 -
أَمْ لَهُمْ إِلَٰهٌ غَيْرُ اللَّهِ ۚ سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يُشْرِكُونَ
Оё онон маъбуде ғайр аз Аллоҳ таоло доранд? Аллоҳ таоло аз он чи бо Ӯ шарик қарор медиҳанд, поку муназзаҳ аст
52:43 -
وَإِنْ يَرَوْا كِسْفًا مِنَ السَّمَاءِ سَاقِطًا يَقُولُوا سَحَابٌ مَرْكُومٌ
[Ин кофирон, ҳатто] Агар порае аз осмонро низ дар ҳоли суқут бубинанд, [боз ҳам имон намеоваранд ва] мегӯянд: «Абре мутароким аст»
52:44 -
فَذَرْهُمْ حَتَّىٰ يُلَاقُوا يَوْمَهُمُ الَّذِي فِيهِ يُصْعَقُونَ
Пас, ононро [ба ҳоли худ] раҳо кун, то бо рӯзи мавъудашон, ки [бо нахустин дамидани сур] мадҳуши марг мегарданд, мувоҷеҳ шаванд
52:45 -
يَوْمَ لَا يُغْنِي عَنْهُمْ كَيْدُهُمْ شَيْئًا وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ
Рӯзе, ки найрангашон судманд нахоҳад буд ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ намешаванд
52:46 -
وَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا عَذَابًا دُونَ ذَٰلِكَ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Ситамгорон [дар дунё низ ба дасти муъминон] ба азоби дигаре гирифтор хоҳанд шуд; вале бештарашон намедонанд
52:47 -
وَاصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعْيُنِنَا ۖ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ
[Эй Паёмбар] Дар баробари ҳукми Парвардигорат шикебо бош; зеро ту таҳти назар ва ҳифозати Моӣ; ва ҳангоме ки [аз хоб ё ба қасди ибодат] бармехезӣ, Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун
52:48 -
وَمِنَ اللَّيْلِ فَسَبِّحْهُ وَإِدْبَارَ النُّجُومِ
Ва низ [дар посе] аз шаб Ӯро ситоиш кун [ва намоз бигузор] ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон [дар сапедадам низ намози субҳ бигузор]
52:49
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»