Сура 51 Аз-Зориёт (Бодҳои хокпарокандасозанда), оят 47 – 60

  1. وَالسَّمَاءَ بَنَيْنَاهَا بِأَيْدٍ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ

    Мо осмонро ба тавон [-и худ] бино ниҳодем ва ҳамвора онро вусъат мебахшем

    51:47
  2. وَالْأَرْضَ فَرَشْنَاهَا فَنِعْمَ الْمَاهِدُونَ

    Ва заминро [барои зиндагӣ] густурдем ва чи нек густуронандае ҳастем!

    51:48
  3. وَمِنْ كُلِّ شَيْءٍ خَلَقْنَا زَوْجَيْنِ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ

    Ва ҳама чизро ба сурати завҷ [ҷуфт] офаридем; бошад, ки [таваҷҷуҳ кунед ва] панд гиред

    51:49
  4. فَفِرُّوا إِلَى اللَّهِ ۖ إِنِّي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ مُبِينٌ

    [Эй Паёмбар, ба мардум бигӯ:] «Пас, ба сӯйи Аллоҳ таоло биштобед, ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам

    51:50
  5. وَلَا تَجْعَلُوا مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ ۖ إِنِّي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ مُبِينٌ

    Ва дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надиҳед, яқинан, ман аз [ҷониби] Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам»

    51:51
  6. كَذَٰلِكَ مَا أَتَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا قَالُوا سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ

    Ҳар паёмбаре, ки бар пешиниёнашон мабъус шуд, ҳамин гуна гуфтанд: «[Ӯ ё] Ҷодугар аст ё девона»

    51:52
  7. أَتَوَاصَوْا بِهِ ۚ بَلْ هُمْ قَوْمٌ طَاغُونَ

    Оё якдигарро ба ин [куфру такзиб] супориш карда буданд? На, балки мардуме саркаш буданд

    51:53
  8. فَتَوَلَّ عَنْهُمْ فَمَا أَنْتَ بِمَلُومٍ

    Пас, [эй паёмбар] аз онон рӯй бигардон, ки ту [ба хотири куфри онон] ҳаргиз сазовори сарзаниш нестӣ

    51:54
  9. وَذَكِّرْ فَإِنَّ الذِّكْرَىٰ تَنْفَعُ الْمُؤْمِنِينَ

    Ва [пайваста ба онон] тазаккур бидеҳ, ки, ҳатман, тазаккур барои муъминон судбахш аст

    51:55
  10. وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

    Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]

    51:56
  11. مَا أُرِيدُ مِنْهُمْ مِنْ رِزْقٍ وَمَا أُرِيدُ أَنْ يُطْعِمُونِ

    На аз онон рӯзӣ мехоҳам, на ин ки Маро хӯрок диҳанд

    51:57
  12. إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ

    [Зеро] Аллоҳ таоло аст, ки рӯзирасони неруманд ва барқарор аст

    51:58
  13. فَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا ذَنُوبًا مِثْلَ ذَنُوبِ أَصْحَابِهِمْ فَلَا يَسْتَعْجِلُونِ

    Ситамгорон [-и мушрик низ] ҳамчун ёрон [-и гузашта]-и хеш саҳме аз азоб доранд; пас, ба шитоб [онро] аз Ман нахоҳанд

    51:59
  14. فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ يَوْمِهِمُ الَّذِي يُوعَدُونَ

    Пас, вой бар кофирон аз [азоби] рӯзи мавъудашон!

    51:60

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»