Сура 51 Аз-Зориёт (Бодҳои хокпарокандасозанда), оят 41 – 46

  1. وَفِي عَادٍ إِذْ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمُ الرِّيحَ الْعَقِيمَ

    Дар [достони қавми] Од [низ дарси ибратест]; он гоҳ ки тундбоде бе хайру баракат бар онон фиристодем

    51:41
  2. مَا تَذَرُ مِنْ شَيْءٍ أَتَتْ عَلَيْهِ إِلَّا جَعَلَتْهُ كَالرَّمِيمِ

    [Тундбоде] Ки бар ҳар чиз вазид, хоку хошокаш кард

    51:42
  3. وَفِي ثَمُودَ إِذْ قِيلَ لَهُمْ تَمَتَّعُوا حَتَّىٰ حِينٍ

    Дар [достони қавми] Самуд [низ дарси ибрате аст] он гоҳ ки [тавассути паёмбарашон Солеҳ] ба онон гуфта шуд: «Андаке [аз лаззатҳои зиндагӣ] баҳраманд шавед [ки танҳо се рӯз фурсат доред]»

    51:43
  4. فَعَتَوْا عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ وَهُمْ يَنْظُرُونَ

    Онон аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ карданд; пас, дар ҳоле ки [ба чашми худ азобро] медиданд, соиқа ононро фаро гирифт

    51:44
  5. فَمَا اسْتَطَاعُوا مِنْ قِيَامٍ وَمَا كَانُوا مُنْتَصِرِينَ

    [Чунон бар замин афтоданд, ки] На тавони бархостан [ва гурез] доштанд ва на ёрои дифоъ

    51:45
  6. وَقَوْمَ نُوحٍ مِنْ قَبْلُ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ

    Пеш аз он қавми Нуҳро, ки гурӯҳе нофармон буданд [ҳалок кардем]

    51:46

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»