Сура 51 Аз-Зориёт (Бодҳои хокпарокандасозанда), оят 24 – 31
-
هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ ضَيْفِ إِبْرَاهِيمَ الْمُكْرَمِينَ
[Эй Паёмбар] Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?
51:24 -
إِذْ دَخَلُوا عَلَيْهِ فَقَالُوا سَلَامًا ۖ قَالَ سَلَامٌ قَوْمٌ مُنْكَرُونَ
Чун бар ӯ ворид шуданд ва салом гуфтанд, ӯ гуфт: «Салом» [ва зери лаб гуфт:] «Гурӯҳе ношиносанд»
51:25 -
فَرَاغَ إِلَىٰ أَهْلِهِ فَجَاءَ بِعِجْلٍ سَمِينٍ
Он гоҳ назди хонаводаи худ рафт ва [гӯшти бирёни] гӯсолаи фарбеҳе [барои пазироӣ] овард
51:26 -
فَقَرَّبَهُ إِلَيْهِمْ قَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ
[Ӯ ғизоро] Назди онон гузошт ва [чанд лаҳза баъд] гуфт: «Оё намехӯред?»
51:27 -
فَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً ۖ قَالُوا لَا تَخَفْ ۖ وَبَشَّرُوهُ بِغُلَامٍ عَلِيمٍ
[Пас, чун даст ба ғизо назаданд] Аз онон эҳсоси тарс кард; гуфтанд: «Натарс [мо фариштаем]; ва ӯро ба [таваллуди] писари доно башорат доданд
51:28 -
فَأَقْبَلَتِ امْرَأَتُهُ فِي صَرَّةٍ فَصَكَّتْ وَجْهَهَا وَقَالَتْ عَجُوزٌ عَقِيمٌ
Ҳамсараш бо фарёд [-у шигифтӣ] пеш омад ва дар ҳоле ки ба рӯйи худ мезад, гуфт: «Пиразани нозо [фарзанд мезояд]?
51:29 -
قَالُوا كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ ۖ إِنَّهُ هُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ
[Фариштагон] гуфтанд: «Парвардигорат чунин фармудааст; ва бе гумон, Ӯ ҳакиму доност»
51:30 -
قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا الْمُرْسَلُونَ
[Иброҳим] Гуфт: «Эй фариштагон [-и Аллоҳ таоло], кору маъмурияти шумо чист?»
51:31
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»