Сура 51 Аз-Зориёт (Бодҳои хокпарокандасозанда), оят 1 – 23

  1. وَالذَّارِيَاتِ ذَرْوًا

    Савганд ба бодҳои хокафшон

    51:1
  2. فَالْحَامِلَاتِ وِقْرًا

    Ва савганд ба абрҳои сангинбор

    51:2
  3. فَالْجَارِيَاتِ يُسْرًا

    Ва савганд ба киштиҳои сабуксайр

    51:3
  4. فَالْمُقَسِّمَاتِ أَمْرًا

    Ва савганд ба фариштагон, ки умури илоҳиро [миёни мардум] тақсим мекунанд

    51:4
  5. إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٌ

    Ки он чӣ ба шумо [дар мавриди подош ва азоб] ваъда дода шуда, ҳақиқат дорад

    51:5
  6. وَإِنَّ الدِّينَ لَوَاقِعٌ

    Ва [рӯзи] ҷазо, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад

    51:6
  7. وَالسَّمَاءِ ذَاتِ الْحُبُكِ

    Савганд ба осмон, ки [бо ситорагон ороста шуда ва гӯӣ] дорои роҳҳост

    51:7
  8. إِنَّكُمْ لَفِي قَوْلٍ مُخْتَلِفٍ

    Ки шумо [дар мавриди Паёмбару Қуръон] ихтилофи назар доред

    51:8
  9. يُؤْفَكُ عَنْهُ مَنْ أُفِكَ

    Ҳар ки [аз роҳи ҳақ] бозгардонда шавад, аз [имон ба] Паёмбар ва Қуръон низ бозгардонда хоҳад шуд

    51:9
  10. قُتِلَ الْخَرَّاصُونَ

    Марг [ва лаънат] бар дурӯғгӯён!

    51:10
  11. الَّذِينَ هُمْ فِي غَمْرَةٍ سَاهُونَ

    Ҳамон касоне, ки дар вартаи ҷаҳл ғофиланд

    51:11
  12. يَسْأَلُونَ أَيَّانَ يَوْمُ الدِّينِ

    Онон [пайваста ва аз рӯйи инкор] мепурсанд: «Рӯзи ҷазо чи замоне аст?»

    51:12
  13. يَوْمَ هُمْ عَلَى النَّارِ يُفْتَنُونَ

    Ҳамон рӯзе аст, ки ба оташ муҷозот мешаванд

    51:13
  14. ذُوقُوا فِتْنَتَكُمْ هَٰذَا الَّذِي كُنْتُمْ بِهِ تَسْتَعْجِلُونَ

    [Ва ба онон гуфта мешавад:] «Азоби худро бичашед; ин ҳамон оташест, ки ба шитоб мехостед»

    51:14
  15. إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ

    [Дар рӯзи қиёмат] Мусалламан, парҳезкорон дар боғҳое [аз биҳишт] ва [канори] чашмасорҳо ба сар мебаранд

    51:15
  16. آخِذِينَ مَا آتَاهُمْ رَبُّهُمْ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَٰلِكَ مُحْسِنِينَ

    Он чи Парвардигорашон ба онон ато кардааст, дарёфт медоранд; зеро дар [зиндагии] гузашта накукор будаанд

    51:16
  17. كَانُوا قَلِيلًا مِنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ

    Онон андаке аз шабро мехуфтанд [ва бақияро ба намоз ва ниёиш машғул буданд]

    51:17
  18. وَبِالْأَسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ

    Ва саҳаргоҳон омурзиш мехостанд

    51:18
  19. وَفِي أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ لِلسَّائِلِ وَالْمَحْرُومِ

    Ва дар амволашон барои соил ва маҳрум ҳаққе [муайян аз садақа ва закот] буд

    51:19
  20. وَفِي الْأَرْضِ آيَاتٌ لِلْمُوقِنِينَ

    Дар замин нишонаҳо [-и қудрати илоҳӣ] барои аҳли яқин падидор аст

    51:20
  21. وَفِي أَنْفُسِكُمْ ۚ أَفَلَا تُبْصِرُونَ

    ва дар вуҷуди худатон; оё намебинед?

    51:21
  22. وَفِي السَّمَاءِ رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ

    Ва ризқу рӯзиатон ва он чӣ [аз кайфару подош ва хайру шар, ки] ба шумо ваъда дода мешавад, дар осмон аст

    51:22
  23. فَوَرَبِّ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ إِنَّهُ لَحَقٌّ مِثْلَ مَا أَنَّكُمْ تَنْطِقُونَ

    Пас савганд ба Парвардигори осмону замин, ки ваъда [-и қиёмат ва подош ва азоб] ҳамчун сухан гуфтанатон ҳақиқӣ ва қатъӣ аст

    51:23

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»