Сура 4 Ан-Нисо (Занон), оят 153 – 162

  1. يَسْأَلُكَ أَهْلُ الْكِتَابِ أَنْ تُنَزِّلَ عَلَيْهِمْ كِتَابًا مِنَ السَّمَاءِ ۚ فَقَدْ سَأَلُوا مُوسَىٰ أَكْبَرَ مِنْ ذَٰلِكَ فَقَالُوا أَرِنَا اللَّهَ جَهْرَةً فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ بِظُلْمِهِمْ ۚ ثُمَّ اتَّخَذُوا الْعِجْلَ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ فَعَفَوْنَا عَنْ ذَٰلِكَ ۚ وَآتَيْنَا مُوسَىٰ سُلْطَانًا مُبِينًا

    [Эй паёмбар] Аҳли китоб аз ту мехоҳанд, ки [ба нишонаи ростгӯӣ] барояшон китобе аз осмон нозил кунӣ. [Ин дархосташонро бузург машмор, зеро онон] Аз Мӯсо [чизи бузургтар ва] аҷибтар аз ин хостанд ва гуфтанд: "Аллоҳро ошкоро ба мо нишон бидеҳ". Он гоҳ ба хотири дархости ноҳақашон, соиқа [ё марге] ононро фурӯ гирифт, он гоҳ [чун Аллоҳ таоло ононро дубора зинда кард] пас аз он ки нишонаҳои ошкор барояшон омад, гӯсолапарастӣ карданд, ва [-ле мо пас аз он ки тавба карданд] аз он [гуноҳашон низ] даргузаштем ва ба Мӯсо далели ошкор бахшидем

    4:153
  2. وَرَفَعْنَا فَوْقَهُمُ الطُّورَ بِمِيثَاقِهِمْ وَقُلْنَا لَهُمُ ادْخُلُوا الْبَابَ سُجَّدًا وَقُلْنَا لَهُمْ لَا تَعْدُوا فِي السَّبْتِ وَأَخَذْنَا مِنْهُمْ مِيثَاقًا غَلِيظًا

    Ва ба сабаби паймон [гирифтан аз] онон [кӯҳи] Тӯрро болои сарашон барафроштем ва ба эшон гуфтем: "Бо фурӯтанӣ аз дарвоза [-и Байт-ул-муқаддас] ворид шавед" ва [ҳамчунин] ба онон гуфтем: "Ҳурмати шанберо нашканед [ва аз сайди моҳӣ даст бикашед]" ва аз онон паймони сахту устувор гирифтем

    4:154
  3. فَبِمَا نَقْضِهِمْ مِيثَاقَهُمْ وَكُفْرِهِمْ بِآيَاتِ اللَّهِ وَقَتْلِهِمُ الْأَنْبِيَاءَ بِغَيْرِ حَقٍّ وَقَوْلِهِمْ قُلُوبُنَا غُلْفٌ ۚ بَلْ طَبَعَ اللَّهُ عَلَيْهَا بِكُفْرِهِمْ فَلَا يُؤْمِنُونَ إِلَّا قَلِيلًا

    Пас, ба [сазои] паймоншиканишон ва инкорашон нисбат ба оёти Аллоҳ таоло ва куштори ноҳаққи онон [аз] паёмбарон [лаънаташон кардем] ва [ба хотири ин] суханашон, ки: "Дилҳои мо [ҷойи сухани ҳақ нест ва] пӯшида аст", балки Аллоҳ таоло ба хотири куфрашон бар дилҳояшон муҳр задаст. Бинобар ин ҷуз андаке имон намеоваранд

    4:155
  4. وَبِكُفْرِهِمْ وَقَوْلِهِمْ عَلَىٰ مَرْيَمَ بُهْتَانًا عَظِيمًا

    Ва [низ] ба сазои куфрашон ва он туҳмати бузурге, ки ба Марям заданд

    4:156
  5. وَقَوْلِهِمْ إِنَّا قَتَلْنَا الْمَسِيحَ عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ رَسُولَ اللَّهِ وَمَا قَتَلُوهُ وَمَا صَلَبُوهُ وَلَٰكِنْ شُبِّهَ لَهُمْ ۚ وَإِنَّ الَّذِينَ اخْتَلَفُوا فِيهِ لَفِي شَكٍّ مِنْهُ ۚ مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلَّا اتِّبَاعَ الظَّنِّ ۚ وَمَا قَتَلُوهُ يَقِينًا

    Ва [ононро лаънат кардаем ба хотири ин] суханашон, ки: "Мо Масеҳ – Исо писари Марям – паёмбари Аллоҳро куштем", дар ҳоле ки на ӯро куштанд ва на ба дор овехтанд, вале [амр] бар онон муштабаҳ шуд [ва мардеро, ки шабеҳи Исо буд, ба дор кашиданд] ва касоне, ки дар бораи ӯ ихтилоф карданд, ҳатман, дар борааш дучори тардиданд ва ҳеҷ илме бад-он надоранд, магар он ки аз гумон пайравӣ мекунанд ва яқинан, ӯро накуштанд

    4:157
  6. بَلْ رَفَعَهُ اللَّهُ إِلَيْهِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا

    Балки Аллоҳ таоло ӯро ба сӯйи Хеш боло бурд. Ва Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст

    4:158
  7. وَإِنْ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ إِلَّا لَيُؤْمِنَنَّ بِهِ قَبْلَ مَوْتِهِ ۖ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ يَكُونُ عَلَيْهِمْ شَهِيدًا

    Ва [касе] аз аҳли китоб нест, магар ин ки пеш аз маргаш, ҳатман, ба ӯ [Исо] имон меоварад ва рӯзи қиёмат [низ] вай бар [куфру имони] онон гувоҳ хоҳад буд

    4:159
  8. فَبِظُلْمٍ مِنَ الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا عَلَيْهِمْ طَيِّبَاتٍ أُحِلَّتْ لَهُمْ وَبِصَدِّهِمْ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ كَثِيرًا

    Пас, ба сазои ситаме, ки аз яҳудиён сар зад ва ба сабаби боздоштани бисёре [аз мардум] аз роҳи Аллоҳ таоло, [мо низ] чизҳои покизаеро, ки барояшон ҳалол буд, бар онон ҳаром кардем

    4:160
  9. وَأَخْذِهِمُ الرِّبَا وَقَدْ نُهُوا عَنْهُ وَأَكْلِهِمْ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ ۚ وَأَعْتَدْنَا لِلْكَافِرِينَ مِنْهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا

    Ва [низ ба сабаби] рибо гирифтанашон, бо он ки аз он наҳй шуда буданд ва ин ки моли мардумро ба нораво мехӯрданд. Ва мо барои кофиронашон азоби дарднок муҳайё кардаем

    4:161
  10. لَٰكِنِ الرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ مِنْهُمْ وَالْمُؤْمِنُونَ يُؤْمِنُونَ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنْزِلَ مِنْ قَبْلِكَ ۚ وَالْمُقِيمِينَ الصَّلَاةَ ۚ وَالْمُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَالْمُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ أُولَٰئِكَ سَنُؤْتِيهِمْ أَجْرًا عَظِيمًا

    Вале аз миёни онон росихони дар илм [уламои яҳуд] ва муъминон [яъне онон, ки] ба он чи бар ту нозил шудааст ва он чи ки пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва [ҳамчунин] намозгузорону закотдиҳандагон ва имоноварандагон ба Аллоҳ таоло ва рӯзи бозпасин, ба [ҳамаи] инҳо подоши бузурге хоҳем дод

    4:162

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»