Сура 4 Ан-Нисо (Занон), оят 101 – 104
-
وَإِذَا ضَرَبْتُمْ فِي الْأَرْضِ فَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَنْ تَقْصُرُوا مِنَ الصَّلَاةِ إِنْ خِفْتُمْ أَنْ يَفْتِنَكُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ إِنَّ الْكَافِرِينَ كَانُوا لَكُمْ عَدُوًّا مُبِينًا
Ва [эй муъминон] ҳар гоҳ дар замин сафар кунед, агар тарсидед, онон, ки куфр варзиданд, бар шумо зиёне бирасонанд, гуноҳе бар шумо нест, ки аз [ракаоти] намоз бикоҳед [ва онро шикаста бихонед], зеро кофирон ҳамвора бароятон душмани ошкоре ҳастанд
4:101 -
وَإِذَا كُنْتَ فِيهِمْ فَأَقَمْتَ لَهُمُ الصَّلَاةَ فَلْتَقُمْ طَائِفَةٌ مِنْهُمْ مَعَكَ وَلْيَأْخُذُوا أَسْلِحَتَهُمْ فَإِذَا سَجَدُوا فَلْيَكُونُوا مِنْ وَرَائِكُمْ وَلْتَأْتِ طَائِفَةٌ أُخْرَىٰ لَمْ يُصَلُّوا فَلْيُصَلُّوا مَعَكَ وَلْيَأْخُذُوا حِذْرَهُمْ وَأَسْلِحَتَهُمْ ۗ وَدَّ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْ تَغْفُلُونَ عَنْ أَسْلِحَتِكُمْ وَأَمْتِعَتِكُمْ فَيَمِيلُونَ عَلَيْكُمْ مَيْلَةً وَاحِدَةً ۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِنْ كَانَ بِكُمْ أَذًى مِنْ مَطَرٍ أَوْ كُنْتُمْ مَرْضَىٰ أَنْ تَضَعُوا أَسْلِحَتَكُمْ ۖ وَخُذُوا حِذْرَكُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ أَعَدَّ لِلْكَافِرِينَ عَذَابًا مُهِينًا
Ва [эй паёмбар] чун [вақти ҷанг] дар миёни онон будӣ ва барояшон намоз барпо доштӣ, пас, бояд гурӯҳе аз онон бо ту [ба намоз] истанд ва [ҳамчунин] бояд ҷангафзорҳояшонро бо худ баргиранд [ва як ракаатро ҳамроҳи ту бихонанд ва намозро ба сурати фуродо <inline-comment brackets="round">танҳо</inline-comment> идома диҳанд] ва чун саҷда карданд [ва намозашон тамом шуд], бояд пушти саратон қарор гиранд ва бояд он дастае, ки намоз нахондаанд, биёянд ва [як ракъат] бо ту намоз бихонанд [ва пас аз ин ки намозат ба поён расид, идомаи намозашонро комил кунанд] ва [онон низ] бояд эҳтиёт кунанд ва ҷангафзорҳояшонро [дар намоз бо худ] баргиранд, [зеро] кофирон умед доранд, ки шумо аз ҷангафзорҳо ва таҷҳизоти худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва агар аз борон [ё монеаҳои дигар] дар ранҷ будед ва [ё] бемор [ва маҷруҳ] будед, гуноҳе бар шумо нест, ки ҷангафзорҳои худро [бар замин] бигзоред, вале ҷониби эҳтиётро риоя кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло барои кофирон азоби хоркунанда муҳайё кардааст
4:102 -
فَإِذَا قَضَيْتُمُ الصَّلَاةَ فَاذْكُرُوا اللَّهَ قِيَامًا وَقُعُودًا وَعَلَىٰ جُنُوبِكُمْ ۚ فَإِذَا اطْمَأْنَنْتُمْ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ ۚ إِنَّ الصَّلَاةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَوْقُوتًا
Пас, чун намозро ба поён расонидед, Аллоҳро [дар ҳама ҳол] истода ва нишаста ва бар паҳлу хуфта [хобида] ёд кунед; ва ҳар гоҳ оромиш ёфтед [ва тарс аз байн рафт], намозро [комил] барпо доред, [чаро ки] бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст
4:103 -
وَلَا تَهِنُوا فِي ابْتِغَاءِ الْقَوْمِ ۖ إِنْ تَكُونُوا تَأْلَمُونَ فَإِنَّهُمْ يَأْلَمُونَ كَمَا تَأْلَمُونَ ۖ وَتَرْجُونَ مِنَ اللَّهِ مَا لَا يَرْجُونَ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا
Ва [эй муъминон] дар таъқиби он гурӯҳ [душман] сустӣ накунед. Агар шумо [аз хастагӣ ва ҷароҳат] ранҷ мебаред, онон низ чунон ки шумо ранҷ мебаред, ранҷ бурдаанд, вале шумо умеде ба Аллоҳ таоло доред, ки онон надоранд. Ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
4:104
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»