Сура 4 Ан-Нисо (Занон), оят 1 – 10

  1. يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا

    Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед [битарсед], [ҳамон зоте] ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро [низ] аз ӯ офарид ва аз [насли] он ду мардону занони бисёре пароканд. Ва аз Парвардигоре, ки ба [номи] Ӯ аз якдигар дархост мекунед, парво [тақво] намоед ва аз [гусастани] пайванди хешовандӣ бипарҳезед. Бе гумон, Аллоҳ таоло ҳамвора муроқиб [-у нигаҳбони] шумост

    4:1
  2. وَآتُوا الْيَتَامَىٰ أَمْوَالَهُمْ ۖ وَلَا تَتَبَدَّلُوا الْخَبِيثَ بِالطَّيِّبِ ۖ وَلَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَهُمْ إِلَىٰ أَمْوَالِكُمْ ۚ إِنَّهُ كَانَ حُوبًا كَبِيرًا

    Ва [эй сарпарастон] амволи ятимонро [пас аз булуғу рушд] ба эшон бозгардонед ва [моли камарзишу] номарғуб [-и худ]-ро бо [моли арзишманду] марғуб [-и онон] иваз накунед ва амволи эшонро ҳамроҳи амволи худ нахӯред. Ба ростӣ, ки ин [кор] гуноҳи бузурге аст

    4:2
  3. وَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تُقْسِطُوا فِي الْيَتَامَىٰ فَانْكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ مَثْنَىٰ وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تَعْدِلُوا فَوَاحِدَةً أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۚ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَلَّا تَعُولُوا

    Ва агар тарсидед, ки [ба хотири костан аз маҳрия ё бадрафторӣ] натавонед адолатро дар ҳаққи духтарони ятим риоя намоед, [аз издивоҷ бо онон сарфи назар кунед ва] аз занон [-и дигар]-е, ки мавриди писанди шумост, [як ё] ду ва [ё] се ва [ё] чаҳор танро ба ҳамсарӣ дароваред. Пас, агар бим доред, ки натавонед адолат кунед, ба як [зан] ё ба он чи [аз канизон], ки молики онҳоед [иктифо намоед]. Ин [кор] наздиктар аст ба ин, ки ситам накунед

    4:3
  4. وَآتُوا النِّسَاءَ صَدُقَاتِهِنَّ نِحْلَةً ۚ فَإِنْ طِبْنَ لَكُمْ عَنْ شَيْءٍ مِنْهُ نَفْسًا فَكُلُوهُ هَنِيئًا مَرِيئًا

    Ва маҳрияи занонро ба унвони ҳадя [ва фаризаи илоҳӣ] бо хушдилӣ ба онон бидиҳед. Пас, агар онон чизе аз онро бо ризояти хотир ба шумо бахшиданд, онро хушу гуворо бихӯред

    4:4
  5. وَلَا تُؤْتُوا السُّفَهَاءَ أَمْوَالَكُمُ الَّتِي جَعَلَ اللَّهُ لَكُمْ قِيَامًا وَارْزُقُوهُمْ فِيهَا وَاكْسُوهُمْ وَقُولُوا لَهُمْ قَوْلًا مَعْرُوفًا

    Ва ба камхирадоне, ки Аллоҳ таоло шуморо ба сарпарастии онон гумоштааст, амволашонро надиҳед ва аз [даромади] он ба эшон хӯроку пӯшок диҳед ва бо онон ба шоистагӣ сухан бигӯед

    4:5
  6. وَابْتَلُوا الْيَتَامَىٰ حَتَّىٰ إِذَا بَلَغُوا النِّكَاحَ فَإِنْ آنَسْتُمْ مِنْهُمْ رُشْدًا فَادْفَعُوا إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ ۖ وَلَا تَأْكُلُوهَا إِسْرَافًا وَبِدَارًا أَنْ يَكْبَرُوا ۚ وَمَنْ كَانَ غَنِيًّا فَلْيَسْتَعْفِفْ ۖ وَمَنْ كَانَ فَقِيرًا فَلْيَأْكُلْ بِالْمَعْرُوفِ ۚ فَإِذَا دَفَعْتُمْ إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ فَأَشْهِدُوا عَلَيْهِمْ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ حَسِيبًا

    Ва ятимонро [аз лиҳози тавоноӣ бар муроқибат аз амволашон] биозмоед то вақте ба [синни] издивоҷ бирасанд, пас, агар дар эшон рушд [-и фикрии кофӣ] ёфтед, амволашонро ба онон бидиҳед ва онро [аз бими он ки мабодо] бузург шаванд [ва аз шумо пас бигиранд], ба исрофу шитоб махӯред. Ва ҳар ки бениёз аст, бояд [аз гирифтани уҷрату музди сарпарастӣ] худдорӣ кунад ва ҳар ки ниёзманд аст, бояд ба тарзи шоиста [ва мутобиқи урф аз он] бихӯрад. Пас, ҳар гоҳ амволашонро ба онон боз гардондед, бар эшон гувоҳ бигиред ва [бидонед] Аллоҳ таоло барои ҳисобрасӣ кофӣ аст

    4:6
  7. لِلرِّجَالِ نَصِيبٌ مِمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالْأَقْرَبُونَ وَلِلنِّسَاءِ نَصِيبٌ مِمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالْأَقْرَبُونَ مِمَّا قَلَّ مِنْهُ أَوْ كَثُرَ ۚ نَصِيبًا مَفْرُوضًا

    Мардон аз он чи падару модар ва хешовандон [ба унвони ирс] бар ҷой гузоштаанд, саҳме доранд ва занон [низ] аз он чи падару модар ва хешовандон бар ҷой гузоштаанд, саҳме доранд – хоҳ он [мол] кам бошад ё зиёд. [Чунин] Баҳрае [аз ҷониби Аллоҳ таоло] муайян [ва муқаррар шуда] аст

    4:7
  8. وَإِذَا حَضَرَ الْقِسْمَةَ أُولُو الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينُ فَارْزُقُوهُمْ مِنْهُ وَقُولُوا لَهُمْ قَوْلًا مَعْرُوفًا

    Ва ҳар гоҳ хешовандон [-и ғайри ворис] ва ятимону тиҳидастон бар тақсими [мерос] ҳозир шаванд, [пеш аз тақсим чизе] аз он [амволро аз боби истиҳбоб] ба онон бидиҳед ва ба шоистагӣ бо эшон сухан бигӯед

    4:8
  9. وَلْيَخْشَ الَّذِينَ لَوْ تَرَكُوا مِنْ خَلْفِهِمْ ذُرِّيَّةً ضِعَافًا خَافُوا عَلَيْهِمْ فَلْيَتَّقُوا اللَّهَ وَلْيَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا

    Ва касоне, ки агар фарзандони нотавоне аз худ бар ҷой бигзоранд, бар [ояндаи] онон бим доранд, бояд [аз ситам дар бораи ятимони мардум низ] битарсанд. Пас, бояд аз Аллоҳ таоло парво кунанд [битарсанд] ва сухани [санҷида ва] дуруст бигӯянд

    4:9
  10. إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَىٰ ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا ۖ وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا

    Дар ҳақиқат, касоне, ки амволи ятимонро ба ситам мехӯранд, ҷуз ин нест, ки оташ дар шиками хеш фурӯ мебаранд ва ба зудӣ ба оташе барафрӯхта дармеоянд

    4:10

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»