Сура 48 Ал-Фатҳ (Пирӯзи), оят 1 – 7

  1. إِنَّا فَتَحْنَا لَكَ فَتْحًا مُبِينًا

    [Эй Паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо пирӯзии ошкореро [дар сулҳи Ҳудайбия] бароят муқаддар кардем

    48:1
  2. لِيَغْفِرَ لَكَ اللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِكَ وَمَا تَأَخَّرَ وَيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكَ وَيَهْدِيَكَ صِرَاطًا مُسْتَقِيمًا

    То Аллоҳ таоло гуноҳи гузашта ва ояндаатро биёмурзад ва неъматашро бар ту тамом гардонад ва ба роҳи рост ҳидоятат намояд

    48:2
  3. وَيَنْصُرَكَ اللَّهُ نَصْرًا عَزِيزًا

    Ва Аллоҳ таоло ба пирӯзии шикастнопазире ёриат кунад

    48:3
  4. هُوَ الَّذِي أَنْزَلَ السَّكِينَةَ فِي قُلُوبِ الْمُؤْمِنِينَ لِيَزْدَادُوا إِيمَانًا مَعَ إِيمَانِهِمْ ۗ وَلِلَّهِ جُنُودُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا

    Ӯст, ки бар дилҳои муъминон оромиш нозил кард, то бар имонашон бияфзоянд; ва сипоҳиёни осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

    48:4
  5. لِيُدْخِلَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَيُكَفِّرَ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ ۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عِنْدَ اللَّهِ فَوْزًا عَظِيمًا

    [Оре, чунин кард] То мардону занони муъминро ба боғҳое [биҳиште] ворид кунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд; ва гуноҳонашонро бизудояд [ва биёмурзад]; ва ин назди Аллоҳ таоло [барои муъминин] комёбии бузурге аст

    48:5
  6. وَيُعَذِّبَ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْمُشْرِكِينَ وَالْمُشْرِكَاتِ الظَّانِّينَ بِاللَّهِ ظَنَّ السَّوْءِ ۚ عَلَيْهِمْ دَائِرَةُ السَّوْءِ ۖ وَغَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ وَلَعَنَهُمْ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَهَنَّمَ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا

    Ва мунофиқону мушриконро – дар умум аз зану мард, ки нисбат ба Аллоҳ таоло бадгумонанд, муҷозот кунад; ногуворӣ [ва азоби илоҳӣ] бар эшон бод! Аллоҳ таоло бар онон хашм гирифта ва аз раҳмати хеш дурашон карда ва дузахро барояшон омода намудааст; ва [ба ростӣ, ки дузах] чи бад ҷойгоҳе аст!

    48:6
  7. وَلِلَّهِ جُنُودُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا

    Сипоҳиёни осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

    48:7

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»