Сура 47 Муҳаммад, оят 1 – 11
-
الَّذِينَ كَفَرُوا وَصَدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ أَضَلَّ أَعْمَالَهُمْ
Аллоҳ таоло талоши кофиронро, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд, табоҳ мекунад
47:1 -
وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَآمَنُوا بِمَا نُزِّلَ عَلَىٰ مُحَمَّدٍ وَهُوَ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ ۙ كَفَّرَ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ وَأَصْلَحَ بَالَهُمْ
Ва онон, ки муъмин ва накукор буданд ва ба оёти ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон бар Муҳаммад нозил шудааст, имон овардаанд, бадиҳояшонро мезудояд ва умур [-и дунё ва дин]-ашонро сомон мебахшад [ва ислоҳ мекунад]
47:2 -
ذَٰلِكَ بِأَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا اتَّبَعُوا الْبَاطِلَ وَأَنَّ الَّذِينَ آمَنُوا اتَّبَعُوا الْحَقَّ مِنْ رَبِّهِمْ ۚ كَذَٰلِكَ يَضْرِبُ اللَّهُ لِلنَّاسِ أَمْثَالَهُمْ
Ин [подош ва ҷазо] бад-он сабаб аст, ки кофирон пайрави ботил шуданд ва муъминон пайрави [оёти] ҳаққи Парвардигорашон. Аллоҳ таоло барои мардум масалҳояшонро чунин баён мекунад
47:3 -
فَإِذَا لَقِيتُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا فَضَرْبَ الرِّقَابِ حَتَّىٰ إِذَا أَثْخَنْتُمُوهُمْ فَشُدُّوا الْوَثَاقَ فَإِمَّا مَنًّا بَعْدُ وَإِمَّا فِدَاءً حَتَّىٰ تَضَعَ الْحَرْبُ أَوْزَارَهَا ۚ ذَٰلِكَ وَلَوْ يَشَاءُ اللَّهُ لَانْتَصَرَ مِنْهُمْ وَلَٰكِنْ لِيَبْلُوَ بَعْضَكُمْ بِبَعْضٍ ۗ وَالَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَلَنْ يُضِلَّ أَعْمَالَهُمْ
Чун бо кофирон [дар майдони ҷанг] рӯ ба рӯ шудед, ононро гардан бизанед [ва ҷангро идома диҳед], то он ки [бисёре аз онҳоро] бикушед, он гоҳ асиронро ба банд кашед, сипас ё бар онон миннат гузоред [ва бидуни ҳеҷ чашмдоште озодашон кунед] ё [аз онон] фидя бигиред [ва раҳояшон кунед], то сангинии ҷанг фурӯкаш кунад. Ин [ҳукми илоҳӣ] аст ва агар Аллоҳ таоло мехост, худ аз онон интиқом мегирифт, вале [фармони ҷанг дод] то шуморо дар баробари якдигар озмоиш кунад ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шуданд, [Аллоҳ таоло ҳаргиз] натиҷаи талошашонро табоҳ намекунад
47:4 -
سَيَهْدِيهِمْ وَيُصْلِحُ بَالَهُمْ
Аллоҳ таоло [ба роҳи рост] ҳидояташон хоҳад кард ва умурашонро сомон хоҳад бахшид
47:5 -
وَيُدْخِلُهُمُ الْجَنَّةَ عَرَّفَهَا لَهُمْ
ва ононро ба биҳиште, ки [авсофашро] барояшон баён кардааст, ворид хоҳад намуд
47:6 -
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ
Эй касоне, ки имон овардаед, агар [дину Паёмбари] Аллоҳро ёрӣ кунед, ӯ низ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро [собиту] устувор медорад
47:7 -
وَالَّذِينَ كَفَرُوا فَتَعْسًا لَهُمْ وَأَضَلَّ أَعْمَالَهُمْ
Ва бар кофирон нагунсорӣ ва ҳалок бод! Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад
47:8 -
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَرِهُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ
Зеро он чиро, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, хуш надоштанд, пас, Аллоҳ таоло низ аъмолашонро табоҳ намуд.
47:9 -
أَفَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَيَنْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ دَمَّرَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ ۖ وَلِلْكَافِرِينَ أَمْثَالُهَا
Оё дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Аллоҳ таоло [хонаҳояшонро] бар сарашон вайрон кард [ва ононро нобуд сохт] ва ин кофирон [низ кайфаре] ҳаммонанди он [дар пеш] хоҳанд дошт
47:10 -
ذَٰلِكَ بِأَنَّ اللَّهَ مَوْلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَأَنَّ الْكَافِرِينَ لَا مَوْلَىٰ لَهُمْ
Зеро Аллоҳ таоло [ёвару] корсози муъминон аст, ва[-ле] кофирон ҳеҷ корсозе надоранд
47:11
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»