Сура 46 Ал-Аҳқоф (Регистонҳо), оят 27 – 35
-
وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا مَا حَوْلَكُمْ مِنَ الْقُرَىٰ وَصَرَّفْنَا الْآيَاتِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ
[Бисёре аз мардуми] шаҳрҳои перомуни шумо [маккагиён]-ро ҳалок кардем, ва [-ле қаблан] нишонаҳо [ва далоили тавҳид]-ро ба шаклҳои мухталиф дар миён овардем, бошад, ки [аз куфру гумроҳӣ] бозгарданд
46:27 -
فَلَوْلَا نَصَرَهُمُ الَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ قُرْبَانًا آلِهَةً ۖ بَلْ ضَلُّوا عَنْهُمْ ۚ وَذَٰلِكَ إِفْكُهُمْ وَمَا كَانُوا يَفْتَرُونَ
Пас, чаро бутҳое, ки [мушрикон ононро] барои тақарруб [ба Аллоҳ таоло] маъбудони худ гирифтаанд, [ба ҳангоми бало] ёриашон накарданд? Балки аз назарашон нопадид шуданд ва [саранҷоми] дурӯғҳову туҳматҳояшон ҳамин буд
46:28 -
وَإِذْ صَرَفْنَا إِلَيْكَ نَفَرًا مِنَ الْجِنِّ يَسْتَمِعُونَ الْقُرْآنَ فَلَمَّا حَضَرُوهُ قَالُوا أَنْصِتُوا ۖ فَلَمَّا قُضِيَ وَلَّوْا إِلَىٰ قَوْمِهِمْ مُنْذِرِينَ
[Эй Паёмбар, ба ёд овар] ҳангоме ки гурӯҳе аз ҷинро сӯйи ту фиристодем, ки Қуръонро бишунаванд, пас, чун назди паёмбар ҳузур ёфтанд, [ба якдигар] гуфтанд: «Хомӯш бошед [то ба оёти Қуръон гӯш фаро диҳем] ва чун [тиловаташ] ба поён расид, назди қавми худ бозгаштанд, то ба онон [дар мавриди авоқиби сарпечӣ аз фармони ҳақ] ҳушдор диҳанд
46:29 -
قَالُوا يَا قَوْمَنَا إِنَّا سَمِعْنَا كِتَابًا أُنْزِلَ مِنْ بَعْدِ مُوسَىٰ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ يَهْدِي إِلَى الْحَقِّ وَإِلَىٰ طَرِيقٍ مُسْتَقِيمٍ
Гуфтанд: «Эй қавм, мо [оёти] китоберо шунидем, ки пас аз Мӯсо нозил шудааст ва китобҳо [-и осмонӣ]-и пеш аз худро тасдиқ мекунад ва ба [сӯйи] ҳаққу роҳи рост ҳидоят менамояд
46:30 -
يَا قَوْمَنَا أَجِيبُوا دَاعِيَ اللَّهِ وَآمِنُوا بِهِ يَغْفِرْ لَكُمْ مِنْ ذُنُوبِكُمْ وَيُجِرْكُمْ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ
Эй қавм, [суханони тавҳидии] ин даъватгарро, ки ба сӯйи Аллоҳ таоло фаро мехонад, бипазиред ва ба ӯ имон оваред, то [Аллоҳ таоло] бархе аз гуноҳонатонро бибахшад ва шуморо аз азобе дарднок дар амон бидорад
46:31 -
وَمَنْ لَا يُجِبْ دَاعِيَ اللَّهِ فَلَيْسَ بِمُعْجِزٍ فِي الْأَرْضِ وَلَيْسَ لَهُ مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءُ ۚ أُولَٰئِكَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ
Ва ҳар ки [суханони] даъватгареро, ки ба сӯйи Аллоҳ таоло фаро мехонад, напазирад [ва ба вай имон наоварад, ҳаргиз Аллоҳро] дар замин ба танг намеоварад ва дар баробари Аллоҳ таоло [ёвар ва] корсозе нахоҳад дошт. Чунин касоне дар гумроҳии ошкоранд»
46:32 -
أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَمْ يَعْيَ بِخَلْقِهِنَّ بِقَادِرٍ عَلَىٰ أَنْ يُحْيِيَ الْمَوْتَىٰ ۚ بَلَىٰ إِنَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Оё мушрикон надидаанд [ва намедонанд], Аллоҳ таоло, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз офариниши онҳо дармонда нашуд, қодир аст, ки мурдагонро низ зинда кунад? Оре, Ӯ бар ҳар коре тавоност
46:33 -
وَيَوْمَ يُعْرَضُ الَّذِينَ كَفَرُوا عَلَى النَّارِ أَلَيْسَ هَٰذَا بِالْحَقِّ ۖ قَالُوا بَلَىٰ وَرَبِّنَا ۚ قَالَ فَذُوقُوا الْعَذَابَ بِمَا كُنْتُمْ تَكْفُرُونَ
Рӯзе, ки кофирон бар оташ арза мешаванд [аз онон пурсида мешавад]: «Оё ин оташ ҳақ нест [ва ҳақиқат надорад]?» Онон мегӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон [ки чунин аст]». [Он гоҳ Аллоҳ таоло] Мегӯяд: «Пас, ба сазои он ки [қиёматро] инкор мекардед, азобро бичашед»
46:34 -
فَاصْبِرْ كَمَا صَبَرَ أُولُو الْعَزْمِ مِنَ الرُّسُلِ وَلَا تَسْتَعْجِلْ لَهُمْ ۚ كَأَنَّهُمْ يَوْمَ يَرَوْنَ مَا يُوعَدُونَ لَمْ يَلْبَثُوا إِلَّا سَاعَةً مِنْ نَهَارٍ ۚ بَلَاغٌ ۚ فَهَلْ يُهْلَكُ إِلَّا الْقَوْمُ الْفَاسِقُونَ
Пас, [эй Паёмбар] ту низ ҳамчун паёмбарони улулазм [ки ҳамвора собитқадам буданд, дар баробари озору такзиби қавмат] шикебо бош ва дар мавриди [дархости азоби] онон шитоб накун. Рӯзе, ки [ин кофирон] азоби мавъудашонро [дар ҷаҳони охират] бубинанд, [кайфарашон чунон тӯлонӣ аст, ки] гӯӣ фақат бахше аз рӯзро [дар дунё] ба сар бурдаанд. Ин Қуръон паёми [умумӣ барои ҷинну инс] аст. Оё ҷуз нофармонон ҳалок мешаванд?
46:35
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»