Сура 46 Ал-Аҳқоф (Регистонҳо), оят 21 – 23
-
وَاذْكُرْ أَخَا عَادٍ إِذْ أَنْذَرَ قَوْمَهُ بِالْأَحْقَافِ وَقَدْ خَلَتِ النُّذُرُ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ إِنِّي أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ
[Эй Паёмбар, саргузашти Ҳуд] бародари қавми Одро ёд кун, он гоҳ ки дар сарзамини «Аҳқоф» [регзоре дар Яман] қавмашро ҳушдор медод, дар ҳоле ки ҳушдордиҳандагони [дигаре низ] дар гузаштаҳои наздик ва дур омада буданд [ва чунин мегуфт], ки: «Танҳо Аллоҳро бипарастед, ки ман аз азоби рӯзи бузурге бар шумо метарсам»
46:21 -
قَالُوا أَجِئْتَنَا لِتَأْفِكَنَا عَنْ آلِهَتِنَا فَأْتِنَا بِمَا تَعِدُنَا إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ
Онон гуфтанд: «Оё омадаӣ, ки моро аз [парастиши] маъбудонамон бозгардонӣ? Агар рост мегӯӣ, азобе, ки ба мо ваъда медиҳӣ, пеш овар»
46:22 -
قَالَ إِنَّمَا الْعِلْمُ عِنْدَ اللَّهِ وَأُبَلِّغُكُمْ مَا أُرْسِلْتُ بِهِ وَلَٰكِنِّي أَرَاكُمْ قَوْمًا تَجْهَلُونَ
[Ҳуд] гуфт: «[Вақти нузули азобро] Фақат Аллоҳ таоло медонад ва ман паёмеро, ки маъмур [-и иблоғ]-и он шудаам, ба шумо мерасонам, вале шуморо гурӯҳе нодон мебинам»
46:23
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»