Сура 46 Ал-Аҳқоф (Регистонҳо), оят 1 – 10
-
حم
Ҳо, мим.
46:1 -
تَنْزِيلُ الْكِتَابِ مِنَ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ
Нузули [ин] китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст
46:2 -
مَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَأَجَلٍ مُسَمًّى ۚ وَالَّذِينَ كَفَرُوا عَمَّا أُنْذِرُوا مُعْرِضُونَ
Осмонҳо ва замин ва он чиро, ки байни онҳост, ба ҳақ [ва ҳадафманд] ва барои муддати муайяне офаридаем, ва [-ле] кофирон аз он чи ба эшон ҳушдор шуда, рӯйгардонанд
46:3 -
قُلْ أَرَأَيْتُمْ مَا تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ أَرُونِي مَاذَا خَلَقُوا مِنَ الْأَرْضِ أَمْ لَهُمْ شِرْكٌ فِي السَّمَاوَاتِ ۖ ائْتُونِي بِكِتَابٍ مِنْ قَبْلِ هَٰذَا أَوْ أَثَارَةٍ مِنْ عِلْمٍ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Оё ба бутҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, таваҷҷуҳ кардаед? Ба ман нишон диҳед, чи чиз аз [аҷзои] заминро офаридаанд. Оё дар [офариниши] осмонҳо ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, аз китобҳои осмонии пешин ё бозмондае аз дониш [-и гузаштагон далел] биёваред»
46:4 -
وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنْ يَدْعُو مِنْ دُونِ اللَّهِ مَنْ لَا يَسْتَجِيبُ لَهُ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ وَهُمْ عَنْ دُعَائِهِمْ غَافِلُونَ
Кист гумроҳтар аз он ки ба ҷойи Аллоҳ таоло афродеро [ба ниёиш] мехонад, ки то рӯзи қиёмат низ посухашро намедиҳанд ва аз дархосташон бехабаранд?
46:5 -
وَإِذَا حُشِرَ النَّاسُ كَانُوا لَهُمْ أَعْدَاءً وَكَانُوا بِعِبَادَتِهِمْ كَافِرِينَ
Ва чун [дар қиёмат] мардум эҳзор шаванд, он маъбудон [-и ботил] душманонашон хоҳанд буд ва ибодаташонро инкор хоҳанд кард
46:6 -
وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ قَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلْحَقِّ لَمَّا جَاءَهُمْ هَٰذَا سِحْرٌ مُبِينٌ
Ва чун оёти равшангари Мо бар кофирон хонда мешуд, онон дар мавриди сухани ҳаққе, ки бад-эшон расидааст, мегӯянд: «Ин ҷодуе ошкор аст»
46:7 -
أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ ۖ قُلْ إِنِ افْتَرَيْتُهُ فَلَا تَمْلِكُونَ لِي مِنَ اللَّهِ شَيْئًا ۖ هُوَ أَعْلَمُ بِمَا تُفِيضُونَ فِيهِ ۖ كَفَىٰ بِهِ شَهِيدًا بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ ۖ وَهُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ
Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро худ ҷаъл карда [ва ба Аллоҳ таоло нисбат дода] аст». [Эй Паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Агар ман онро ҷаъл карда [ва ба Аллоҳ таоло нисбат дода] бошам, пас, шумо наметавонед дар баробари [азоб ва хашми] Аллоҳ таоло аз ман дифоъ кунед. Аллоҳ таоло ба он чи шумо дар борааш суханчинӣ мекунед, огоҳтар аст ва ба унвони гувоҳ байни ману шумо кофист ва Ӯ омурзгори меҳрубон аст»
46:8 -
قُلْ مَا كُنْتُ بِدْعًا مِنَ الرُّسُلِ وَمَا أَدْرِي مَا يُفْعَلُ بِي وَلَا بِكُمْ ۖ إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰ إِلَيَّ وَمَا أَنَا إِلَّا نَذِيرٌ مُبِينٌ
Бигӯ: «Ман падидаи навзуҳур дар миёни паёмбарон нестам ва намедонам сарнавишти ман ва шумо чи хоҳад шуд, танҳо аз он чи ба ман ваҳй мешавад, пайравӣ мекунам ва фақат ҳушдордиҳандаи ошкорам»
46:9 -
قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ كَانَ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ وَكَفَرْتُمْ بِهِ وَشَهِدَ شَاهِدٌ مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ عَلَىٰ مِثْلِهِ فَآمَنَ وَاسْتَكْبَرْتُمْ ۖ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Бигӯ: «Ба ман бигӯед, агар Қуръон аз сӯйи Аллоҳ таоло [расида] бошад ва бо ин ки шоҳиде аз Бани Исроил мушобиҳаташро [бо Таврот] гувоҳӣ дода ва имон оварда бошад ва Шумо дар баробараш инкор ва такаббур кунед, [оё гумроҳ ва ситамгар нестед]? Бе гумон, Аллоҳ таоло ситамгоронро ҳидоят нахоҳад кард»
46:10
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»