Сура 45 Ал-Ҷосия (Зонузананда), оят 1 – 6

  1. حم

    Ҳо, мим.

    45:1
  2. تَنْزِيلُ الْكِتَابِ مِنَ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ

    Нузули [ин] китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст

    45:2
  3. إِنَّ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ لَآيَاتٍ لِلْمُؤْمِنِينَ

    Ба ростӣ, ки дар осмонҳо ва замин нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] барои муъминон [падидор] аст

    45:3
  4. وَفِي خَلْقِكُمْ وَمَا يَبُثُّ مِنْ دَابَّةٍ آيَاتٌ لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ

    Ва [низ] дар офариниши худатон ва мавҷудоти зиндае, ки [дар замин] пароканда месозад, барои аҳли яқин нишонаҳое [аз тавон ва тадбири Аллоҳ таоло ошкор] аст

    45:4
  5. وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَمَا أَنْزَلَ اللَّهُ مِنَ السَّمَاءِ مِنْ رِزْقٍ فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَتَصْرِيفِ الرِّيَاحِ آيَاتٌ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

    Ва дар гардиши паёпайи шабу рӯз ва ризқе, ки Аллоҳ таоло [ба сурати борон] аз осмон мефиристад ва бо он заминро пас аз хазон ва хушкиаш зинда месозад ва [низ] дар гардиши бодҳо барои хирадварзон, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

    45:5
  6. تِلْكَ آيَاتُ اللَّهِ نَتْلُوهَا عَلَيْكَ بِالْحَقِّ ۖ فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَ اللَّهِ وَآيَاتِهِ يُؤْمِنُونَ

    [Эй Паёмбар] Инҳо оёт [ва нишонаҳо]-и илоҳист, ки ба ҳақ бар ту мехонем [Ба ростӣ, мушрикон] пас аз [сухани] Аллоҳ таоло ва оёташ кадом суханро бовар мекунанд?

    45:6

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»