Сура 44 Ад-Духан (Дуд), оят 43 – 59

  1. إِنَّ شَجَرَتَ الزَّقُّومِ

    Бе гумон, дарахти Заққум

    44:43
  2. طَعَامُ الْأَثِيمِ

    ғизои гунаҳкорон аст

    44:44
  3. كَالْمُهْلِ يَغْلِي فِي الْبُطُونِ

    [Мевааш аз шиддати ҳарорат] ҳамчун миси гудохта дар шикамҳо меҷӯшад

    44:45
  4. كَغَلْيِ الْحَمِيمِ

    Монанди ҷӯшиши оби гарм [ҷӯшидаистода]

    44:46
  5. خُذُوهُ فَاعْتِلُوهُ إِلَىٰ سَوَاءِ الْجَحِيمِ

    [Хитоб мерасад] «Он [ситамгор]-ро бигиред ва ба миёни дузах дарафканед

    44:47
  6. ثُمَّ صُبُّوا فَوْقَ رَأْسِهِ مِنْ عَذَابِ الْحَمِيمِ

    Он гоҳ аз азоби оби доғ бар сараш фурӯ резед»

    44:48
  7. ذُقْ إِنَّكَ أَنْتَ الْعَزِيزُ الْكَرِيمُ

    [Дар он ҳол ба ӯ гуфта мешавад] «Бичаш, ки ту [дар миёни қавми худ] иззатманд ва бузургворӣ

    44:49
  8. إِنَّ هَٰذَا مَا كُنْتُمْ بِهِ تَمْتَرُونَ

    Ин ҳамон [сарнавишти дардноке] аст, ки дар мавридаш тардид доштед»

    44:50
  9. إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي مَقَامٍ أَمِينٍ

    Яқинан парҳезкорон дар ҷойгоҳи амне ҳастанд

    44:51
  10. فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ

    дар [миёни] боғҳо ва [канори] чашмасорҳои биҳишт

    44:52
  11. يَلْبَسُونَ مِنْ سُنْدُسٍ وَإِسْتَبْرَقٍ مُتَقَابِلِينَ

    Либосҳое аз дебои нозук ва дебои захим мепӯшанд, дар ҳоле ки рӯёрӯи якдигар [ба суҳбат] нишастаанд

    44:53
  12. كَذَٰلِكَ وَزَوَّجْنَاهُمْ بِحُورٍ عِينٍ

    Чунин аст [вазъи онон] ва ҳуриёни ғизолчашм [-и биҳиштӣ]-ро ба ҳамсарии онон дармеоварем

    44:54
  13. يَدْعُونَ فِيهَا بِكُلِّ فَاكِهَةٍ آمِنِينَ

    Дар он ҷо ҳар мевае, ки ирода кунанд, бе дағдаға дар ихтиёрашон аст

    44:55
  14. لَا يَذُوقُونَ فِيهَا الْمَوْتَ إِلَّا الْمَوْتَةَ الْأُولَىٰ ۖ وَوَقَاهُمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ

    Дар биҳишт таъми маргро нахоҳанд чашид, ҷуз ҳамон марги нахустин ва [Парвардигори меҳрубон] аз муҷозоти дузах барканорашон доштааст

    44:56
  15. فَضْلًا مِنْ رَبِّكَ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ

    [Ин] Бахшишест аз [ҷониби] Парвардигорат ва ин ҳамон комёбии бузург аст

    44:57
  16. فَإِنَّمَا يَسَّرْنَاهُ بِلِسَانِكَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ

    [Эй Паёмбар] Мо Қуръонро ба забони ту равон [ва осон] сохтем, бошад, ки [мушрикон] панд гиранд

    44:58
  17. فَارْتَقِبْ إِنَّهُمْ مُرْتَقِبُونَ

    Пас, дар интизори [ваъдаҳои илоҳӣ] бош, ки бе гумон, онон [низ] мунтазиранд

    44:59

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»