Сура 44 Ад-Духан (Дуд), оят 30 – 42
-
وَلَقَدْ نَجَّيْنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ مِنَ الْعَذَابِ الْمُهِينِ
Бе тардид, Бани Исроилро аз азоби хоркунанда наҷот додем
44:30 -
مِنْ فِرْعَوْنَ ۚ إِنَّهُ كَانَ عَالِيًا مِنَ الْمُسْرِفِينَ
Аз Фиръавн, ки [роҳбари] саркаше дар зумраи исрофкорон буд
44:31 -
وَلَقَدِ اخْتَرْنَاهُمْ عَلَىٰ عِلْمٍ عَلَى الْعَالَمِينَ
Мо бо дониши Худ Бани Исроилро бар мардуми замона бартарӣ додем
44:32 -
وَآتَيْنَاهُمْ مِنَ الْآيَاتِ مَا فِيهِ بَلَاءٌ مُبِينٌ
Ва нишонаҳое [аз қудрати хеш] дар ихтиёрашон гузоштем, ки озмоише равшан дар он буд
44:33 -
إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَيَقُولُونَ
Ин мушрикон мегӯянд:
44:34 -
إِنْ هِيَ إِلَّا مَوْتَتُنَا الْأُولَىٰ وَمَا نَحْنُ بِمُنْشَرِينَ
«Ҷуз марги нахустини мо ҳеҷ [зиндагии дигаре] нест ва ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд
44:35 -
فَأْتُوا بِآبَائِنَا إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
Ва агар рост мегӯед, ниёгонамонро [зинда кунед ва] биёваред»
44:36 -
أَهُمْ خَيْرٌ أَمْ قَوْمُ تُبَّعٍ وَالَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ ۚ أَهْلَكْنَاهُمْ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ
Оё эшон беҳтаранд ё қавми [неруманди] Туббаъ ва пешиниёни онҳо, ки чун базаҳкор буданд, ҳалокашон кардем?
44:37 -
وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا لَاعِبِينَ
Ва Мо осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост ба бозича наёфаридаем
44:38 -
مَا خَلَقْنَاهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Онҳоро ба ҳақ [ва бо ҳадаф] офаридаем, вале бештарашон намедонанд
44:39 -
إِنَّ يَوْمَ الْفَصْلِ مِيقَاتُهُمْ أَجْمَعِينَ
Бе тардид, рӯзи доварӣ [қиёмат] ваъдагоҳи ҳамаи онон аст
44:40 -
يَوْمَ لَا يُغْنِي مَوْلًى عَنْ مَوْلًى شَيْئًا وَلَا هُمْ يُنْصَرُونَ
Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд нест ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ намешаванд
44:41 -
إِلَّا مَنْ رَحِمَ اللَّهُ ۚ إِنَّهُ هُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
Магар касе, ки Аллоҳ таоло [бар ӯ] раҳм кунад, ки Ӯ шикастнопазири меҳрубон аст
44:42
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»