Сура 44 Ад-Духан (Дуд), оят 15 – 36
-
إِنَّا كَاشِفُو الْعَذَابِ قَلِيلًا ۚ إِنَّكُمْ عَائِدُونَ
[Барои озмоиши шумо] Замоне андак азобро бармедорем, ва [-ле] шумо [ба куфри хеш] бозмегардед
44:15 -
يَوْمَ نَبْطِشُ الْبَطْشَةَ الْكُبْرَىٰ إِنَّا مُنْتَقِمُونَ
Рӯзе сахт бар онон метозем. [Оре] Мо [аз кофирон ба хотири куфру такзибашон] интиқом мегирем
44:16 -
وَلَقَدْ فَتَنَّا قَبْلَهُمْ قَوْمَ فِرْعَوْنَ وَجَاءَهُمْ رَسُولٌ كَرِيمٌ
Пеш аз онон низ қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбари бузургвор ба сӯяшон омад
44:17 -
أَنْ أَدُّوا إِلَيَّ عِبَادَ اللَّهِ ۖ إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ
[Ва ба онон гуфт] Ки «[кори Бани Исроил ин] бандагони Аллоҳро ба ман вогузоред, ки ман барои шумо паёмбари аминам
44:18 -
وَأَنْ لَا تَعْلُوا عَلَى اللَّهِ ۖ إِنِّي آتِيكُمْ بِسُلْطَانٍ مُبِينٍ
Ва [низ] бар Аллоҳ таоло бартарӣ маҷӯед, ки ман бароятон далели равшане овардаам
44:19 -
وَإِنِّي عُذْتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمْ أَنْ تَرْجُمُونِ
Ва аз ин ки сангсорам кунед, ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам
44:20 -
وَإِنْ لَمْ تُؤْمِنُوا لِي فَاعْتَزِلُونِ
Агар ба ман имон намеоваред, пас, аз ман канора бигиред [ва раҳоям кунед]
44:21 -
فَدَعَا رَبَّهُ أَنَّ هَٰؤُلَاءِ قَوْمٌ مُجْرِمُونَ
Он гоҳ ба даргоҳи Парвардигораш дуо кард, ки: «[Бор илоҳо] Инон гурӯҳе табоҳкоранд»
44:22 -
فَأَسْرِ بِعِبَادِي لَيْلًا إِنَّكُمْ مُتَّبَعُونَ
[Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки] «Бандагонамро шабона [аз Миср] берун бибар, зеро [сипоҳи Фиръавн] шуморо таъқиб хоҳад кард
44:23 -
وَاتْرُكِ الْبَحْرَ رَهْوًا ۖ إِنَّهُمْ جُنْدٌ مُغْرَقُونَ
Ва дарёро ором пушти сар бигузор, ки онон сипоҳе ҳастанд ки ғарқ хоҳанд шуд
44:24 -
كَمْ تَرَكُوا مِنْ جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ
Чи бисёр боғҳову чашмасорҳоро, ки раҳо карданд [ва рафтанд]
44:25 -
وَزُرُوعٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ
Ва киштзорҳову қасрҳои наку [ва зебо]
44:26 -
وَنَعْمَةٍ كَانُوا فِيهَا فَاكِهِينَ
Ва неъмате, ки дар он [шодмон] буданд
44:27 -
كَذَٰلِكَ ۖ وَأَوْرَثْنَاهَا قَوْمًا آخَرِينَ
[Сарнавишташон] Ин гуна [буд] ва [тамомии] он неъматҳоро ба гурӯҳе дигар вогузоштем
44:28 -
فَمَا بَكَتْ عَلَيْهِمُ السَّمَاءُ وَالْأَرْضُ وَمَا كَانُوا مُنْظَرِينَ
Осмону замин бар [нобудии] онон қатраи ашке нарехт ва муҳлате [барои тавба] низ наёфтанд
44:29 -
وَلَقَدْ نَجَّيْنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ مِنَ الْعَذَابِ الْمُهِينِ
Бе тардид, Бани Исроилро аз азоби хоркунанда наҷот додем
44:30 -
مِنْ فِرْعَوْنَ ۚ إِنَّهُ كَانَ عَالِيًا مِنَ الْمُسْرِفِينَ
Аз Фиръавн, ки [роҳбари] саркаше дар зумраи исрофкорон буд
44:31 -
وَلَقَدِ اخْتَرْنَاهُمْ عَلَىٰ عِلْمٍ عَلَى الْعَالَمِينَ
Мо бо дониши Худ Бани Исроилро бар мардуми замона бартарӣ додем
44:32 -
وَآتَيْنَاهُمْ مِنَ الْآيَاتِ مَا فِيهِ بَلَاءٌ مُبِينٌ
Ва нишонаҳое [аз қудрати хеш] дар ихтиёрашон гузоштем, ки озмоише равшан дар он буд
44:33 -
إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَيَقُولُونَ
Ин мушрикон мегӯянд:
44:34 -
إِنْ هِيَ إِلَّا مَوْتَتُنَا الْأُولَىٰ وَمَا نَحْنُ بِمُنْشَرِينَ
«Ҷуз марги нахустини мо ҳеҷ [зиндагии дигаре] нест ва ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд
44:35 -
فَأْتُوا بِآبَائِنَا إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
Ва агар рост мегӯед, ниёгонамонро [зинда кунед ва] биёваред»
44:36
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»