Сура 44 Ад-Духан (Дуд), оят 1 – 29
-
حم
Ҳо, мим.
44:1 -
وَالْكِتَابِ الْمُبِينِ
Савганд ба китоби равшангар
44:2 -
إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُبَارَكَةٍ ۚ إِنَّا كُنَّا مُنْذِرِينَ
Мо Қуръонро дар шаби муборак [ва фархундаи қадр] нозил кардем, [зеро] ки Мо [ҳамвора] ҳушдордиҳанда будаем
44:3 -
فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ
Дар он [шаб] ҳар амри муҳимме файсала меёбад [ва тадбир мешавад]
44:4 -
أَمْرًا مِنْ عِنْدِنَا ۚ إِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ
[Ин] корест [ки] аз ҷониби Мо [сурат мегирад] бе гумон, Мо фиристандаи [паёмбарон] будаем
44:5 -
رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
Ба унвони раҳмате аз Парвардигорат. Бе тардид, Ӯ шунавои доност
44:6 -
رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا ۖ إِنْ كُنْتُمْ مُوقِنِينَ
Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост. Агар [ба ин ҳақиқат] яқин доред [ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон биёваред]
44:7 -
لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحْيِي وَيُمِيتُ ۖ رَبُّكُمْ وَرَبُّ آبَائِكُمُ الْأَوَّلِينَ
Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, зиндагӣ мебахшад ва мемиронад. Парвардигори шумо ва ниёгони шумост
44:8 -
بَلْ هُمْ فِي شَكٍّ يَلْعَبُونَ
Вале мушрикон тардид доранд ва саргарми [лаззатҳои дунё] ва бозӣ ҳастанд
44:9 -
فَارْتَقِبْ يَوْمَ تَأْتِي السَّمَاءُ بِدُخَانٍ مُبِينٍ
Пас, [эй Паёмбар] мунтазири рӯзе бош, ки осмон, дуде ошкор [падид] оварад
44:10 -
يَغْشَى النَّاسَ ۖ هَٰذَا عَذَابٌ أَلِيمٌ
Ки [тамоми] мардумро фаро мегирад. Ин азобе дарднок аст
44:11 -
رَبَّنَا اكْشِفْ عَنَّا الْعَذَابَ إِنَّا مُؤْمِنُونَ
[Он гоҳ кофирон мегӯянд] «Парвардигоро, [ин] азобро аз мо бартараф кун, ки имон овардаем»
44:12 -
أَنَّىٰ لَهُمُ الذِّكْرَىٰ وَقَدْ جَاءَهُمْ رَسُولٌ مُبِينٌ
Чи гуна [ва аз куҷо] панд мепазиранд, дар ҳоле ки [пештар] паёмбари равшангар ба сӯяшон омада буд?
44:13 -
ثُمَّ تَوَلَّوْا عَنْهُ وَقَالُوا مُعَلَّمٌ مَجْنُونٌ
Аммо аз ӯ рӯй гардониданд ва гуфтанд: «[Ӯ] омӯзишёфтаи девона аст»
44:14 -
إِنَّا كَاشِفُو الْعَذَابِ قَلِيلًا ۚ إِنَّكُمْ عَائِدُونَ
[Барои озмоиши шумо] Замоне андак азобро бармедорем, ва [-ле] шумо [ба куфри хеш] бозмегардед
44:15 -
يَوْمَ نَبْطِشُ الْبَطْشَةَ الْكُبْرَىٰ إِنَّا مُنْتَقِمُونَ
Рӯзе сахт бар онон метозем. [Оре] Мо [аз кофирон ба хотири куфру такзибашон] интиқом мегирем
44:16 -
وَلَقَدْ فَتَنَّا قَبْلَهُمْ قَوْمَ فِرْعَوْنَ وَجَاءَهُمْ رَسُولٌ كَرِيمٌ
Пеш аз онон низ қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбари бузургвор ба сӯяшон омад
44:17 -
أَنْ أَدُّوا إِلَيَّ عِبَادَ اللَّهِ ۖ إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ
[Ва ба онон гуфт] Ки «[кори Бани Исроил ин] бандагони Аллоҳро ба ман вогузоред, ки ман барои шумо паёмбари аминам
44:18 -
وَأَنْ لَا تَعْلُوا عَلَى اللَّهِ ۖ إِنِّي آتِيكُمْ بِسُلْطَانٍ مُبِينٍ
Ва [низ] бар Аллоҳ таоло бартарӣ маҷӯед, ки ман бароятон далели равшане овардаам
44:19 -
وَإِنِّي عُذْتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمْ أَنْ تَرْجُمُونِ
Ва аз ин ки сангсорам кунед, ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам
44:20 -
وَإِنْ لَمْ تُؤْمِنُوا لِي فَاعْتَزِلُونِ
Агар ба ман имон намеоваред, пас, аз ман канора бигиред [ва раҳоям кунед]
44:21 -
فَدَعَا رَبَّهُ أَنَّ هَٰؤُلَاءِ قَوْمٌ مُجْرِمُونَ
Он гоҳ ба даргоҳи Парвардигораш дуо кард, ки: «[Бор илоҳо] Инон гурӯҳе табоҳкоранд»
44:22 -
فَأَسْرِ بِعِبَادِي لَيْلًا إِنَّكُمْ مُتَّبَعُونَ
[Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки] «Бандагонамро шабона [аз Миср] берун бибар, зеро [сипоҳи Фиръавн] шуморо таъқиб хоҳад кард
44:23 -
وَاتْرُكِ الْبَحْرَ رَهْوًا ۖ إِنَّهُمْ جُنْدٌ مُغْرَقُونَ
Ва дарёро ором пушти сар бигузор, ки онон сипоҳе ҳастанд ки ғарқ хоҳанд шуд
44:24 -
كَمْ تَرَكُوا مِنْ جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ
Чи бисёр боғҳову чашмасорҳоро, ки раҳо карданд [ва рафтанд]
44:25 -
وَزُرُوعٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ
Ва киштзорҳову қасрҳои наку [ва зебо]
44:26 -
وَنَعْمَةٍ كَانُوا فِيهَا فَاكِهِينَ
Ва неъмате, ки дар он [шодмон] буданд
44:27 -
كَذَٰلِكَ ۖ وَأَوْرَثْنَاهَا قَوْمًا آخَرِينَ
[Сарнавишташон] Ин гуна [буд] ва [тамомии] он неъматҳоро ба гурӯҳе дигар вогузоштем
44:28 -
فَمَا بَكَتْ عَلَيْهِمُ السَّمَاءُ وَالْأَرْضُ وَمَا كَانُوا مُنْظَرِينَ
Осмону замин бар [нобудии] онон қатраи ашке нарехт ва муҳлате [барои тавба] низ наёфтанд
44:29
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»