Сура 43 Аз-Зуҳруф (Зинат), оят 68 – 89

  1. يَا عِبَادِ لَا خَوْفٌ عَلَيْكُمُ الْيَوْمَ وَلَا أَنْتُمْ تَحْزَنُونَ

    [Аллоҳ таоло ба онон мефармояд] «Эй бандагони [парҳезкори] Ман имрӯз тарсу андуҳе нахоҳед дошт

    43:68
  2. الَّذِينَ آمَنُوا بِآيَاتِنَا وَكَانُوا مُسْلِمِينَ

    Ҳамон бандагоне, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслим [-и фармони Мо] буданд

    43:69
  3. ادْخُلُوا الْجَنَّةَ أَنْتُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ تُحْبَرُونَ

    Шумо ва дигар муъминоне, ки ҳамчун шумо ҳастанд, ба биҳишт дароед, то [аз неъматҳои ҷовидонаш баҳраманд гардед ва] шодмон шавед

    43:70
  4. يُطَافُ عَلَيْهِمْ بِصِحَافٍ مِنْ ذَهَبٍ وَأَكْوَابٍ ۖ وَفِيهَا مَا تَشْتَهِيهِ الْأَنْفُسُ وَتَلَذُّ الْأَعْيُنُ ۖ وَأَنْتُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

    Зарфҳо ва ҷомҳои зарин перомунашон мегардонанд ва ҳар чи дилҳо бихоҳад ва дидаҳо лаззат барад, дар он ҷо ҳаст ва шумо дар биҳишт ҷовидонаед

    43:71
  5. وَتِلْكَ الْجَنَّةُ الَّتِي أُورِثْتُمُوهَا بِمَا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ

    Ин ҳамон биҳиштест, ки дар барорбари рафторатон ба шумо додаанд

    43:72
  6. لَكُمْ فِيهَا فَاكِهَةٌ كَثِيرَةٌ مِنْهَا تَأْكُلُونَ

    Дар онҷо меваҳои фаровоне дар ихтиёр доред, ки аз онҳо мехӯред

    43:73
  7. إِنَّ الْمُجْرِمِينَ فِي عَذَابِ جَهَنَّمَ خَالِدُونَ

    Бе тардид, муҷримон дар азоби дузах ҷовидонанд

    43:74
  8. لَا يُفَتَّرُ عَنْهُمْ وَهُمْ فِيهِ مُبْلِسُونَ

    [Дар ҳоле ки азоб] аз онон коста намешавад ва дар яъсу ноумедӣ фурӯ рафтаанд

    43:75
  9. وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَٰكِنْ كَانُوا هُمُ الظَّالِمِينَ

    Мо ба онон ситам накардаем, балки онҳо худ ба хештан ситам мекарданд

    43:76
  10. وَنَادَوْا يَا مَالِكُ لِيَقْضِ عَلَيْنَا رَبُّكَ ۖ قَالَ إِنَّكُمْ مَاكِثُونَ

    [Дузахиён] Нигаҳбони оташро садо мезананд ва фарёд бар меоранд: «Эй Молик [кош] Парвардигорат кори моро яксара кунад [ва бимиронад]» Ӯ мегӯяд: «На, шумо [дар ин азоб] мондагоред»

    43:77
  11. لَقَدْ جِئْنَاكُمْ بِالْحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَكُمْ لِلْحَقِّ كَارِهُونَ

    Ба ростӣ, ҳақро барои шумо овардем, вале бештаратон аз он кароҳат доштед

    43:78
  12. أَمْ أَبْرَمُوا أَمْرًا فَإِنَّا مُبْرِمُونَ

    Онон азми [худро барои тавтеа алайҳи ту] ҷазм карданд, Мо низ иродаи муҳкаме [бар ноком гузоштани эшон] дорем

    43:79
  13. أَمْ يَحْسَبُونَ أَنَّا لَا نَسْمَعُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُمْ ۚ بَلَىٰ وَرُسُلُنَا لَدَيْهِمْ يَكْتُبُونَ

    Оё мепиндоранд, ки Мо суханони сиррӣ ва наҷвояшонро намешунавем? Оре, фариштагони Мо дар канорашон [ҳастанд ва ҳама чизро] сабт мекунанд

    43:80
  14. قُلْ إِنْ كَانَ لِلرَّحْمَٰنِ وَلَدٌ فَأَنَا أَوَّلُ الْعَابِدِينَ

    [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Агар [ба фарзи маҳол Аллоҳи] Раҳмон фарзанде дошт, ман нахустин парастишгар [-и Ӯ] будам»

    43:81
  15. سُبْحَانَ رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ

    [Маъбуди яктое, ки] Парвардигори осмонҳо ва замин ва Арш аст, аз тавсифи [ҷоҳилонаи] онон муназзаҳ аст

    43:82
  16. فَذَرْهُمْ يَخُوضُوا وَيَلْعَبُوا حَتَّىٰ يُلَاقُوا يَوْمَهُمُ الَّذِي يُوعَدُونَ

    Пас, [эй Паёмбар] ононро [ба ҳоли худ] бигузор, то ёвагӯӣ кунанд ва ба бозӣ саргарм бошанд, то саранҷом бо рӯзи мавъуд [қиёмат] мувоҷеҳ шаванд [ва сазои аъмолашонро бубинанд]

    43:83
  17. وَهُوَ الَّذِي فِي السَّمَاءِ إِلَٰهٌ وَفِي الْأَرْضِ إِلَٰهٌ ۚ وَهُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ

    Ӯст, ки дар осмон ва замин маъбуд аст ва Ӯ ҳакими доност

    43:84
  18. وَتَبَارَكَ الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَعِنْدَهُ عِلْمُ السَّاعَةِ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

    Пурбаракат ва бузургвор аст касе, ки фармонравоии осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост, аз они Ӯст ва огоҳӣ аз [лаҳзаи барпоии] растохез танҳо дар ихтиёри Ӯст ва [ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед

    43:85
  19. وَلَا يَمْلِكُ الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ الشَّفَاعَةَ إِلَّا مَنْ شَهِدَ بِالْحَقِّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

    Касоне, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонанд, қодир ба шафоат нестанд, магар афроде, ки ба [калимаи тавҳид ва] ҳақ аз руи илм гувоҳӣ медиҳанд

    43:86
  20. وَلَئِنْ سَأَلْتَهُمْ مَنْ خَلَقَهُمْ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ ۖ فَأَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ

    Агар аз мушрикон бипурсӣ, чи касе ононро офаридааст, мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Пас, чи гуна [аз ҳақ] бар мегарданд?

    43:87
  21. وَقِيلِهِ يَا رَبِّ إِنَّ هَٰؤُلَاءِ قَوْمٌ لَا يُؤْمِنُونَ

    [Шикоят ва] Сухани паёмбар [ин буд]: «Парвардигоро, инон қавме ҳастанд, ки имон намеоваранд»

    43:88
  22. فَاصْفَحْ عَنْهُمْ وَقُلْ سَلَامٌ ۚ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ

    Пас, [эй Паёмбар] аз онон даргузар ва [барои раҳоӣ аз шаррашон] бигӯ: «Салом бар Шумо»! Ба зудӣ хоҳанд донист [ки азобашон чи гуна аст]

    43:89

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»