Сура 43 Аз-Зуҳруф (Зинат), оят 45 – 56

  1. وَاسْأَلْ مَنْ أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رُسُلِنَا أَجَعَلْنَا مِنْ دُونِ الرَّحْمَٰنِ آلِهَةً يُعْبَدُونَ

    Аз паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодем, бипурс, ки оё ғайр аз [Аллоҳи] Раҳмон маъбудоне барои парастиш қарор додаем [мусалламан, чунин нест]

    43:45
  2. وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ فَقَالَ إِنِّي رَسُولُ رَبِّ الْعَالَمِينَ

    Мо Мӯсоро бо муъҷизоти хеш ба сӯи Фиръавн ва сарони қавмаш фиристодем ва ба онон гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам»

    43:46
  3. فَلَمَّا جَاءَهُمْ بِآيَاتِنَا إِذَا هُمْ مِنْهَا يَضْحَكُونَ

    Ва чун оёт [ва муъҷизоти] Моро бар онон ироа кард, ҳамагӣ ба онҳо хандиданд

    43:47
  4. وَمَا نُرِيهِمْ مِنْ آيَةٍ إِلَّا هِيَ أَكْبَرُ مِنْ أُخْتِهَا ۖ وَأَخَذْنَاهُمْ بِالْعَذَابِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

    Ҳар муъҷизае ба онон ироа додем, яке аз дигаре бузургтар буд ва [чун ҳамаро такзиб карданд] ба азоб гирифторашон кардем, бошад, ки [аз куфр] бозгарданд

    43:48
  5. وَقَالُوا يَا أَيُّهَ السَّاحِرُ ادْعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِنْدَكَ إِنَّنَا لَمُهْتَدُونَ

    [Пас, ҳангоме ки гӯшаҳое аз азоби илоҳиро чашиданд] гуфтанд: «Эй ҷодугар, аз Парвардигорат бинобар аҳде, ки бо ту дорад, бихоҳ [то азобро аз мо дур кунад], ки мо [дигар] роҳёфтаем»

    43:49
  6. فَلَمَّا كَشَفْنَا عَنْهُمُ الْعَذَابَ إِذَا هُمْ يَنْكُثُونَ

    Ва чун азобро аз онон бардоштем, паймон шикастанд

    43:50
  7. وَنَادَىٰ فِرْعَوْنُ فِي قَوْمِهِ قَالَ يَا قَوْمِ أَلَيْسَ لِي مُلْكُ مِصْرَ وَهَٰذِهِ الْأَنْهَارُ تَجْرِي مِنْ تَحْتِي ۖ أَفَلَا تُبْصِرُونَ

    Фиръавн дар миёни қавми худ нидо сар дод ва гуфт: «Эй қавми ман, оё фармонравоии Миср дар ихтиёри ман нест ва ин наҳрҳо аз доманаи қасри ман ҷараён надорад? Оё [қудрату азаматамро] намебинед?

    43:51
  8. أَمْ أَنَا خَيْرٌ مِنْ هَٰذَا الَّذِي هُوَ مَهِينٌ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ

    Ман аз ин марди бемиқдор, ки [ҳатто] наметавонад ба равшанӣ сухан бигӯяд, шоистатарам

    43:52
  9. فَلَوْلَا أُلْقِيَ عَلَيْهِ أَسْوِرَةٌ مِنْ ذَهَبٍ أَوْ جَاءَ مَعَهُ الْمَلَائِكَةُ مُقْتَرِنِينَ

    Чаро [ба нишонаи сарварӣ] дастбандҳои зарин [аз осмон] бар ӯ афканда нашудааст [то собит шавад, ки паёмбар аст]? Ё чаро фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд?»

    43:53
  10. فَاسْتَخَفَّ قَوْمَهُ فَأَطَاعُوهُ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ

    Ӯ қавми худро ба [бехирадӣ ва] сабуксарӣ кашонд ва ҳамагӣ мутеаш шуданд. Ҳаққо, ки онон [нисбат ба авомири илоҳӣ] нофармон буданд

    43:54
  11. فَلَمَّا آسَفُونَا انْتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَأَغْرَقْنَاهُمْ أَجْمَعِينَ

    Пас, чун моро ба хашм оварданд, аз онон интиқом гирифтем ва ҳамагиро [дар дарё] ғарқ кардем

    43:55
  12. فَجَعَلْنَاهُمْ سَلَفًا وَمَثَلًا لِلْآخِرِينَ

    Он гоҳ ононро дар шумори пешгомони [куфру нофармонӣ] ва ибрате [барои ояндагон] қарор додем

    43:56

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»