Сура 43 Аз-Зуҳруф (Зинат), оят 36 – 45

  1. وَمَنْ يَعْشُ عَنْ ذِكْرِ الرَّحْمَٰنِ نُقَيِّضْ لَهُ شَيْطَانًا فَهُوَ لَهُ قَرِينٌ

    Ҳар ки аз ёди [Аллоҳи] раҳмон дил бигардонад, шайтоне бар ӯ мегуморем, то ҳамнишинаш бошад [ва ҳамвора фиребаш диҳад]

    43:36
  2. وَإِنَّهُمْ لَيَصُدُّونَهُمْ عَنِ السَّبِيلِ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ مُهْتَدُونَ

    Шаётин ин гурӯҳро аз роҳи [Аллоҳ таоло] бозмедоранд, вале онон гумон мекунанд, ки ҳидоят ёфтаанд

    43:37
  3. حَتَّىٰ إِذَا جَاءَنَا قَالَ يَا لَيْتَ بَيْنِي وَبَيْنَكَ بُعْدَ الْمَشْرِقَيْنِ فَبِئْسَ الْقَرِينُ

    То он гоҳ ки [дар қиёмат] назди Мо биёяд, [ба шайтони ҳамнишинаш] мегӯяд: Эй кош, миёни ману ту фосилае ба дурии шарқу ғарб буд! Чи ҳамнишини баде будӣ!»

    43:38
  4. وَلَنْ يَنْفَعَكُمُ الْيَوْمَ إِذْ ظَلَمْتُمْ أَنَّكُمْ فِي الْعَذَابِ مُشْتَرِكُونَ

    [Аллоҳ таоло мефармояд] «Имрӯз [пушаймонӣ] суде ба ҳолатон нахоҳад дошт; зеро ситам кардаед ва ҳамагӣ дар азоб шарикед»

    43:39
  5. أَفَأَنْتَ تُسْمِعُ الصُّمَّ أَوْ تَهْدِي الْعُمْيَ وَمَنْ كَانَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ

    [Эй Паёмбар] Оё метавонӣ [паёми худро] ба гӯши ношунавоён бирасонӣ ё нобиноён ва гумроҳони ошкорро [ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ?

    43:40
  6. فَإِمَّا نَذْهَبَنَّ بِكَ فَإِنَّا مِنْهُمْ مُنْتَقِمُونَ

    Агар ҳам туро пеш аз азоби онон аз дунё [бибарем] дар ҳар ҳол [аз эшон интиқом хоҳем гирифт

    43:41
  7. أَوْ نُرِيَنَّكَ الَّذِي وَعَدْنَاهُمْ فَإِنَّا عَلَيْهِمْ مُقْتَدِرُونَ

    Ё азоберо, ки ба онон ваъда додаем, [дар даврони ҳаётат] ба ту менамоем. Бе тардид, Мо бар онон иқтидор [-и комил] дорем

    43:42
  8. فَاسْتَمْسِكْ بِالَّذِي أُوحِيَ إِلَيْكَ ۖ إِنَّكَ عَلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ

    Пас, ба он чи ба ту ваҳй мешавад, тамассук биҷӯ, ки бе гумон, бар роҳи рост қарор дорӣ

    43:43
  9. وَإِنَّهُ لَذِكْرٌ لَكَ وَلِقَوْمِكَ ۖ وَسَوْفَ تُسْأَلُونَ

    Тардиде нест, ки Қуръон барои ту ва қавмат мояи андарз [ ва сарбаландӣ] аст ва [дар рӯзи қиёмат дар бораи имону амал ба он] бозхост хоҳед шуд

    43:44
  10. وَاسْأَلْ مَنْ أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رُسُلِنَا أَجَعَلْنَا مِنْ دُونِ الرَّحْمَٰنِ آلِهَةً يُعْبَدُونَ

    Аз паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодем, бипурс, ки оё ғайр аз [Аллоҳи] Раҳмон маъбудоне барои парастиш қарор додаем [мусалламан, чунин нест]

    43:45

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»