Сура 43 Аз-Зуҳруф (Зинат), оят 26 – 35

  1. وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ إِنَّنِي بَرَاءٌ مِمَّا تَعْبُدُونَ

    [Ёд кун] Ҳангомеро, ки Иброҳим ба падар ва қавмаш гуфт: «Аз он чи шумо мепарастед, безорам

    43:26
  2. إِلَّا الَّذِي فَطَرَنِي فَإِنَّهُ سَيَهْدِينِ

    Магар аз касе, ки маро офаридааст, ки Ӯ ҳидоятам хоҳад кард»

    43:27
  3. وَجَعَلَهَا كَلِمَةً بَاقِيَةً فِي عَقِبِهِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

    Иброҳим, яктопарастиро дар миёни наслҳои пас аз худ сухане мондагор қарор дод, бошад, ки [ба пешгоҳи илоҳӣ] бозгарданд

    43:28
  4. بَلْ مَتَّعْتُ هَٰؤُلَاءِ وَآبَاءَهُمْ حَتَّىٰ جَاءَهُمُ الْحَقُّ وَرَسُولٌ مُبِينٌ

    Ин мушрикони Макка ва падаронашонро [аз неъматҳои дунё] бархӯрдор кардам, то ин ки Қуръон ва паёмбаре равшангар ба суроғашон омад

    43:29
  5. وَلَمَّا جَاءَهُمُ الْحَقُّ قَالُوا هَٰذَا سِحْرٌ وَإِنَّا بِهِ كَافِرُونَ

    Ва он гоҳ ки Қуръон бар онон ироа шуд, гуфтанд: «Ин ҷодуст ва онро инкор мекунем»

    43:30
  6. وَقَالُوا لَوْلَا نُزِّلَ هَٰذَا الْقُرْآنُ عَلَىٰ رَجُلٍ مِنَ الْقَرْيَتَيْنِ عَظِيمٍ

    Ва гуфтанд: «Чаро ин Қуръон бар марде бузург аз ду шаҳр [Макка ва Тоиф] нозил нашудааст?»

    43:31
  7. أَهُمْ يَقْسِمُونَ رَحْمَتَ رَبِّكَ ۚ نَحْنُ قَسَمْنَا بَيْنَهُمْ مَعِيشَتَهُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۚ وَرَفَعْنَا بَعْضَهُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِيَتَّخِذَ بَعْضُهُمْ بَعْضًا سُخْرِيًّا ۗ وَرَحْمَتُ رَبِّكَ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُونَ

    Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Моем, ки рӯзӣ [ва маишати] ононро дар зиндагии дунё миёнашон тақсим кардаем ва ононро нисбат ба ҳам ба дараҷоте бартарӣ бахшидаем, то аз хадамоти [мутақобили] якдигар истифода кунанд ва раҳмати Парвардигорат аз амволе, ки ҷамъ мекунанд, беҳтар аст

    43:32
  8. وَلَوْلَا أَنْ يَكُونَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً لَجَعَلْنَا لِمَنْ يَكْفُرُ بِالرَّحْمَٰنِ لِبُيُوتِهِمْ سُقُفًا مِنْ فِضَّةٍ وَمَعَارِجَ عَلَيْهَا يَظْهَرُونَ

    Агар [нигаронӣ аз онон] набуд, ки ҳама мардум [дар дунёталабӣ ва инкори Аллоҳ таоло] як гурӯҳ шаванд, сақфи хонаи касонеро, ки ба Аллоҳи раҳмон имон надоранд, аз нуқра қарор медодем ва низ паллаҳое [дар он мениҳодем], ки битавонанд аз [табақоти] он [хона] боло раванд

    43:33
  9. وَلِبُيُوتِهِمْ أَبْوَابًا وَسُرُرًا عَلَيْهَا يَتَّكِئُونَ

    Ва барои хонаҳояшон дарҳое [аз тилло] мегузоштем ва тахтҳое [қарор медодем], ки бар он такя зананд

    43:34
  10. وَزُخْرُفًا ۚ وَإِنْ كُلُّ ذَٰلِكَ لَمَّا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۚ وَالْآخِرَةُ عِنْدَ رَبِّكَ لِلْمُتَّقِينَ

    Ва таҷаммул [ва зинатҳое] фаровон [барояшон фароҳам мекардем] ва тамоми инҳо баҳраи [ночизи] зиндагии дунёст ва охират назди Парвардигорат барои парҳезкорон аст

    43:35

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»