Сура 43 Аз-Зуҳруф (Зинат), оят 16 – 25
-
أَمِ اتَّخَذَ مِمَّا يَخْلُقُ بَنَاتٍ وَأَصْفَاكُمْ بِالْبَنِينَ
Оё [мепиндоред] Аллоҳ таоло аз миёни офаридагонаш духтаронро интихоб карда ва писаронро ба шумо ихтисос додааст?
43:16 -
وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُمْ بِمَا ضَرَبَ لِلرَّحْمَٰنِ مَثَلًا ظَلَّ وَجْهُهُ مُسْوَدًّا وَهُوَ كَظِيمٌ
Аммо ҳар гоҳ ба яке аз онон ҳамон чизеро, ки башорат диҳанд, ки барои Аллоҳи раҳмон қоил ҳастанд [таваллуди духтар], дар ҳоле ки хашми худро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андуҳ] тира мегардад
43:17 -
أَوَمَنْ يُنَشَّأُ فِي الْحِلْيَةِ وَهُوَ فِي الْخِصَامِ غَيْرُ مُبِينٍ
Оё касеро, ки дар зевар [ва роҳатӣ] парвариш меёбад ва дар [ҳангоми] ҷидол [қодир ба] баёни мақсудаш нест [ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед]?
43:18 -
وَجَعَلُوا الْمَلَائِكَةَ الَّذِينَ هُمْ عِبَادُ الرَّحْمَٰنِ إِنَاثًا ۚ أَشَهِدُوا خَلْقَهُمْ ۚ سَتُكْتَبُ شَهَادَتُهُمْ وَيُسْأَلُونَ
Мушрикон фариштагонро, ки бандагони [Аллоҳи] Раҳмонанд, муаннас [зан] пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офариниши онон ҳузур доштанд? Суханонашон сабт мегардад ва [дар рӯзи қиёмат] бозхост хоҳанд шуд
43:19 -
وَقَالُوا لَوْ شَاءَ الرَّحْمَٰنُ مَا عَبَدْنَاهُمْ ۗ مَا لَهُمْ بِذَٰلِكَ مِنْ عِلْمٍ ۖ إِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ
[Онон барои тавҷеҳи ширки худ] мегӯянд: «Агар [Аллоҳи] Раҳмон мехост, мо фариштагонро парастиш намекардем». Онон дар мавриди ин [сухан] беиттилоанд ва ҷуз сухани дурӯғ намегӯянд
43:20 -
أَمْ آتَيْنَاهُمْ كِتَابًا مِنْ قَبْلِهِ فَهُمْ بِهِ مُسْتَمْسِكُونَ
Оё пеш аз Қуръон китобе ба онон додаем, ки бад-он истидлол кунанд?
43:21 -
بَلْ قَالُوا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَىٰ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰ آثَارِهِمْ مُهْتَدُونَ
Балки мегӯянд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем»
43:22 -
وَكَذَٰلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَىٰ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰ آثَارِهِمْ مُقْتَدُونَ
Пеш аз ту низ ҳар [паёмбари] ҳушдордиҳандаеро ба ҳар шаҳре фиристодем, сарватмандони саркаши он шаҳр мегуфтанд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем»
43:23 -
قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكُمْ بِأَهْدَىٰ مِمَّا وَجَدْتُمْ عَلَيْهِ آبَاءَكُمْ ۖ قَالُوا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ
[Паёмбарашон] Мегуфт: «Агар оине ҳидоятбахштар аз он чи ниёгонатон доштанд, оварда бошам [боз ҳам аз онон пайравӣ мекунед]? Онон [дар посух] мегуфтанд: «[Оре] паёмеро, ки маъмури [иблоғи] он шудаед, инкор мекунем»
43:24 -
فَانْتَقَمْنَا مِنْهُمْ ۖ فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُكَذِّبِينَ
Мо низ аз онон интиқом гирифтем, пас, бингар, ки саранҷоми такзибкунандагон чи гуна буд
43:25
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»