Сура 42 Аш-Шӯро (Машварат кардан), оят 44 – 53
-
وَمَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَمَا لَهُ مِنْ وَلِيٍّ مِنْ بَعْدِهِ ۗ وَتَرَى الظَّالِمِينَ لَمَّا رَأَوُا الْعَذَابَ يَقُولُونَ هَلْ إِلَىٰ مَرَدٍّ مِنْ سَبِيلٍ
Ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, пас, аз Аллоҳ таоло ҳеҷ [ёвару] корсозе нахоҳад дошт ва [дар рӯзи қиёмат] ситамгоронро мебинӣ, ки чун азобро мушоҳида кунанд, мегӯянд: «Оё роҳи бозгаште [ба дунё] ҳаст?»
42:44 -
وَتَرَاهُمْ يُعْرَضُونَ عَلَيْهَا خَاشِعِينَ مِنَ الذُّلِّ يَنْظُرُونَ مِنْ طَرْفٍ خَفِيٍّ ۗ وَقَالَ الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ الْخَاسِرِينَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ وَأَهْلِيهِمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ أَلَا إِنَّ الظَّالِمِينَ فِي عَذَابٍ مُقِيمٍ
[Дар он рӯз] Ситамгоронро мушоҳида хоҳӣ кард, ки бар оташ арза мешаванд ва дар ҳоле ки аз [шиддати] хорӣ фурӯтан шудаанд, бо таги чашм менигаранд ва [дар он ҳол] муъминон мегӯянд: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаҳояшонро дар қиёмат ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед! Ситамгорон гирифтори азобе пойдоранд
42:45 -
وَمَا كَانَ لَهُمْ مِنْ أَوْلِيَاءَ يَنْصُرُونَهُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ ۗ وَمَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَمَا لَهُ مِنْ سَبِيلٍ
Ва онон дар баробари Аллоҳ таоло корсозе нахоҳанд дошт, ки ёриашон кунад ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, роҳе [барои наҷот] нахоҳад дошт
42:46 -
اسْتَجِيبُوا لِرَبِّكُمْ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لَا مَرَدَّ لَهُ مِنَ اللَّهِ ۚ مَا لَكُمْ مِنْ مَلْجَإٍ يَوْمَئِذٍ وَمَا لَكُمْ مِنْ نَكِيرٍ
[Эй мардум] Пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки бозгаште аз ҷониби Аллоҳ таоло надорад, даъвати Парвардигоратонро бипазиред. Дар он рӯз на паноҳгоҳе хоҳед дошт, на [фурсате барои] инкор
42:47 -
فَإِنْ أَعْرَضُوا فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا ۖ إِنْ عَلَيْكَ إِلَّا الْبَلَاغُ ۗ وَإِنَّا إِذَا أَذَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنَّا رَحْمَةً فَرِحَ بِهَا ۖ وَإِنْ تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ فَإِنَّ الْإِنْسَانَ كَفُورٌ
Пас [эй Паёмбар] агар [мушрикон аз даъвати ту] рӯй мегардонанд [тавфиқро аз худ салб мекунанд]. Мо туро нигаҳбони онон нафиристодем ва ту вазифае ҷуз расонидан [-и ваҳй] надорӣ ва чун раҳмате аз ҷониби худ ба инсон бичашонем, бад-он сармаст мешавад ва агар ба сазои рафтори гузаштаи худ дучори мусибате шавад, [ба ҷойи бедорӣ носипосӣ мекунад]. Ба ростӣ, ки инсон бисёр носипос аст
42:48 -
لِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ ۚ يَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ إِنَاثًا وَيَهَبُ لِمَنْ يَشَاءُ الذُّكُورَ
Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ ҳар чи бихоҳад, меофаринад, ба ҳар ки бихоҳад, [фарзанди] духтар мебахшад ва ба ҳар ки бихоҳад, [фарзанди] писар
42:49 -
أَوْ يُزَوِّجُهُمْ ذُكْرَانًا وَإِنَاثًا ۖ وَيَجْعَلُ مَنْ يَشَاءُ عَقِيمًا ۚ إِنَّهُ عَلِيمٌ قَدِيرٌ
Ё писару духтарро -ҳар ду бо ҳам медиҳад ва ҳар киро бихоҳад, нозо мегардонад, ки Ӯ донои тавоност
42:50 -
وَمَا كَانَ لِبَشَرٍ أَنْ يُكَلِّمَهُ اللَّهُ إِلَّا وَحْيًا أَوْ مِنْ وَرَاءِ حِجَابٍ أَوْ يُرْسِلَ رَسُولًا فَيُوحِيَ بِإِذْنِهِ مَا يَشَاءُ ۚ إِنَّهُ عَلِيٌّ حَكِيمٌ
Дархӯри ҳеҷ башаре нест, ки Аллоҳ таоло бо ӯ сухан бигӯяд, магар бо ваҳй ё аз фаросӯи ҳиҷобе ё [ин ки Аллоҳ таоло] фариштае бифиристад, ки ба фармонаш ҳар чи бихоҳад, ваҳй кунад. Бе тардид, Ӯ баландмартабаи ҳаким аст
42:51 -
وَكَذَٰلِكَ أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ رُوحًا مِنْ أَمْرِنَا ۚ مَا كُنْتَ تَدْرِي مَا الْكِتَابُ وَلَا الْإِيمَانُ وَلَٰكِنْ جَعَلْنَاهُ نُورًا نَهْدِي بِهِ مَنْ نَشَاءُ مِنْ عِبَادِنَا ۚ وَإِنَّكَ لَتَهْدِي إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ
[Эй Паёмбар] бад-ин гуна Қуръонро [тавассути Ҷабраил ва] ба фармони хеш бар ту ваҳй кардем. [Пеш аз он] Ту огоҳӣ надоштӣ, ки китобу имон чист, вале Мо онро нуре сохтем, ки ҳар касе аз бандагони хешро, ки бихоҳем, бад-он ҳидоят кунем ва мусалламан, ту ба роҳи рост [Ислом] ҳидоят мекунӣ
42:52 -
صِرَاطِ اللَّهِ الَّذِي لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۗ أَلَا إِلَى اللَّهِ تَصِيرُ الْأُمُورُ
Роҳи илоҳӣ, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Огоҳ бошед, [ҳамаи] умур ба сӯйи Аллоҳ таоло бозмегардад
42:53
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»