Сура 42 Аш-Шӯро (Машварат кардан), оят 36 – 43
-
فَمَا أُوتِيتُمْ مِنْ شَيْءٍ فَمَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَمَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ لِلَّذِينَ آمَنُوا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ
[Эй мардум] Он чи ба шумо дода шудааст, неъматҳои [гузарои] дунёст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, барои муъминоне, ки бар Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтар ва пояндтар аст
42:36 -
وَالَّذِينَ يَجْتَنِبُونَ كَبَائِرَ الْإِثْمِ وَالْفَوَاحِشَ وَإِذَا مَا غَضِبُوا هُمْ يَغْفِرُونَ
Ва [низ барои] онон, ки аз гуноҳони бузургу бешармиҳо канора мегиранд ва онгоҳ, ки хашмгин мешаванд, гузашт мекунанд
42:37 -
وَالَّذِينَ اسْتَجَابُوا لِرَبِّهِمْ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَمْرُهُمْ شُورَىٰ بَيْنَهُمْ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
Ва онон, ки [даъвати] Парвардигорашонро пазиро мешаванд ва намоз барпо медоранд ва умурашон дар миёнашон ба машварат ниҳода мешавад ва аз он чи рӯзияшон кардаем, инфоқ мекунанд
42:38 -
وَالَّذِينَ إِذَا أَصَابَهُمُ الْبَغْيُ هُمْ يَنْتَصِرُونَ
Ва касоне, ки ҳар гоҳ ситаме ба онон бирасад, [ба дифоъ ва] интиқом бармехезанд
42:39 -
وَجَزَاءُ سَيِّئَةٍ سَيِّئَةٌ مِثْلُهَا ۖ فَمَنْ عَفَا وَأَصْلَحَ فَأَجْرُهُ عَلَى اللَّهِ ۚ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الظَّالِمِينَ
Ва ҷазои ҳар бадӣ кайфаре ҳаммонанди он бадӣ аст [на бештар], пас, ҳар ки гузашт кунад ва корро ба ислоҳ [ва оштӣ] оварад, подошаш бар уҳдаи Аллоҳ таоло аст. Бе гумон, Ӯ ситамгоронро дӯст намедорад
42:40 -
وَلَمَنِ انْتَصَرَ بَعْدَ ظُلْمِهِ فَأُولَٰئِكَ مَا عَلَيْهِمْ مِنْ سَبِيلٍ
Албатта, касоне, ки пас аз ситаме, ки дидаанд, интиқом мегиранд, ҳеҷ [бозхосту] сарзанише бар онон нест
42:41 -
إِنَّمَا السَّبِيلُ عَلَى الَّذِينَ يَظْلِمُونَ النَّاسَ وَيَبْغُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ ۚ أُولَٰئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Роҳи [бозхосту] сарзаниш танҳо бар ситамгороне кушода аст, ки ба ноҳақ дар замин бартариҷӯӣ мекунанд. Онон азоби дарднок [дар пеш] доранд
42:42 -
وَلَمَنْ صَبَرَ وَغَفَرَ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ
Аммо ҳар ки шикебоӣ ва гузашт кунад, нишон аз қудрати ирода [-и Ӯ] дорад
42:43
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»