Сура 42 Аш-Шӯро (Машварат кардан), оят 20 – 29
-
مَنْ كَانَ يُرِيدُ حَرْثَ الْآخِرَةِ نَزِدْ لَهُ فِي حَرْثِهِ ۖ وَمَنْ كَانَ يُرِيدُ حَرْثَ الدُّنْيَا نُؤْتِهِ مِنْهَا وَمَا لَهُ فِي الْآخِرَةِ مِنْ نَصِيبٍ
Касе, ки кишти охиратро бихоҳад, кишташро баракат мебахшем ва ҳар ки [танҳо] кишти дунёро бихоҳад, дар ихтиёраш қарор медиҳем, вале дар охират баҳрае нахоҳад дошт
42:20 -
أَمْ لَهُمْ شُرَكَاءُ شَرَعُوا لَهُمْ مِنَ الدِّينِ مَا لَمْ يَأْذَنْ بِهِ اللَّهُ ۚ وَلَوْلَا كَلِمَةُ الْفَصْلِ لَقُضِيَ بَيْنَهُمْ ۗ وَإِنَّ الظَّالِمِينَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Оё [мушрикон] маъбудоне доранд, ки бидуни иҷозати Аллоҳ таоло [қавонини] дине барои онон муқаррар кардаанд? Агар ҳукми қатъӣ [барои муҳлат додан ба гунаҳкорон] дар миён набуд, [бе диранг] миёнашон доварӣ мешуд ва ситамгорон азобе дарднок [дар пеш] доранд
42:21 -
تَرَى الظَّالِمِينَ مُشْفِقِينَ مِمَّا كَسَبُوا وَهُوَ وَاقِعٌ بِهِمْ ۗ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فِي رَوْضَاتِ الْجَنَّاتِ ۖ لَهُمْ مَا يَشَاءُونَ عِنْدَ رَبِّهِمْ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَضْلُ الْكَبِيرُ
[Дар рӯзи қиёмат] ситамгоронро аз дастовардашон ҳаросон мебинӣ ва [хоҳӣ дид, ки кайфари он корҳо] домангирашон аст, вале муъминони накукор дар боғҳои биҳиштанд, ҳар чи бихоҳанд, назди Парвардигорашон доранд. Фазлу бахшиши бузург ҳамин аст
42:22 -
ذَٰلِكَ الَّذِي يُبَشِّرُ اللَّهُ عِبَادَهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ ۗ قُلْ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَىٰ ۗ وَمَنْ يَقْتَرِفْ حَسَنَةً نَزِدْ لَهُ فِيهَا حُسْنًا ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ شَكُورٌ
Ин ҳамон [фазилате] аст, ки Аллоҳ таоло ба бандагони муъмин ва некукораш башорат медиҳад. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Дар баробари ин рисолат, подоше аз шумо намехоҳам, ҷуз [риояи дӯстӣ ва] муҳаббати хешовандӣ ва ҳар ки [дар ин росто] иқдоми некуе кунад, бар подошаш дар он [маврид] меафзоем. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгори қадршинос аст
42:23 -
أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا ۖ فَإِنْ يَشَإِ اللَّهُ يَخْتِمْ عَلَىٰ قَلْبِكَ ۗ وَيَمْحُ اللَّهُ الْبَاطِلَ وَيُحِقُّ الْحَقَّ بِكَلِمَاتِهِ ۚ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ
Оё мушрикон мегӯянд: «[Муҳаммад] ба Аллоҳ таоло дурӯғ нисбат додааст»? Агар Аллоҳ таоло бихоҳад, бар дили ту меҳр мениҳад, ва [-ле] Аллоҳ таоло ботилро маҳв мекунад ва ҳақро бо суханони [ва тамҳидоти] хеш ба курсӣ менишонад, ки Ӯ ба рози дилҳо доност
42:24 -
وَهُوَ الَّذِي يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَعْفُو عَنِ السَّيِّئَاتِ وَيَعْلَمُ مَا تَفْعَلُونَ
Ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва аз бадиҳо дармегузарад ва он чи мекунед, медонад
42:25 -
وَيَسْتَجِيبُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَيَزِيدُهُمْ مِنْ فَضْلِهِ ۚ وَالْكَافِرُونَ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ
Ӯ [дархости] муъминони некукорро мепазирад ва аз фазли хеш бар [подоши] онон меафзояд ва кофирон азобе сахт дар пеш доранд
42:26 -
وَلَوْ بَسَطَ اللَّهُ الرِّزْقَ لِعِبَادِهِ لَبَغَوْا فِي الْأَرْضِ وَلَٰكِنْ يُنَزِّلُ بِقَدَرٍ مَا يَشَاءُ ۚ إِنَّهُ بِعِبَادِهِ خَبِيرٌ بَصِيرٌ
Агар Аллоҳ таоло рӯзии [бархе аз] бандагонашро кушоиш медод, дар замин ситаму саркашӣ мекарданд, вале ба андозае, ки бихоҳад муқаррар медорад, ки Ӯ ба [ҳоли] бандагонаш огоҳ ва биност
42:27 -
وَهُوَ الَّذِي يُنَزِّلُ الْغَيْثَ مِنْ بَعْدِ مَا قَنَطُوا وَيَنْشُرُ رَحْمَتَهُ ۚ وَهُوَ الْوَلِيُّ الْحَمِيدُ
Ӯст, ки боронро пас аз навмедӣ [-и мардум] мефиристад ва раҳмати хешро мегустарад ва Ӯ корсозу сутуда аст
42:28 -
وَمِنْ آيَاتِهِ خَلْقُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَثَّ فِيهِمَا مِنْ دَابَّةٍ ۚ وَهُوَ عَلَىٰ جَمْعِهِمْ إِذَا يَشَاءُ قَدِيرٌ
Аз нишонаҳои [тавону тадбири] Ӯ офариниши осмонҳо ва замину мавҷудоти зиндаест, ки дар онҳо пароканда кардааст ва ҳар гоҳ ирода кунад, бар ҷамъоварии онҳо низ тавоност
42:29
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»