Сура 42 Аш-Шӯро (Машварат кардан), оят 10 – 19

  1. وَمَا اخْتَلَفْتُمْ فِيهِ مِنْ شَيْءٍ فَحُكْمُهُ إِلَى اللَّهِ ۚ ذَٰلِكُمُ اللَّهُ رَبِّي عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَإِلَيْهِ أُنِيبُ

    [Бигӯ: «Эй мардум] Ҳар ихтилофе байни шумост, довариаш бо Аллоҳ таоло аст. Чунин аст Аллоҳ таоло Парвардигори ман. Бар Ӯ таваккал кардам ва ба пешгоҳаш бозмеоям»

    42:10
  2. فَاطِرُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ جَعَلَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا وَمِنَ الْأَنْعَامِ أَزْوَاجًا ۖ يَذْرَؤُكُمْ فِيهِ ۚ لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ ۖ وَهُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ

    Ӯ офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Барои шумо ҳамсароне аз [ҷинси] худатон қарор дод ва аз чаҳорпоён низ ҷуфт офарид, бад-ин сурат, теъдоди шуморо афзоиш медиҳад. Ҳеҷ чиз ҳаммонанди Аллоҳ таоло нест ва Ӯ шунаво ва биност

    42:11
  3. لَهُ مَقَالِيدُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَنْ يَشَاءُ وَيَقْدِرُ ۚ إِنَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

    Калиди [ганҷинаи] осмонҳо ва замин дар ихтиёри Ӯст. [Неъмату] Рӯзиро бар ҳар кас, ки бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад. Ба ростӣ, ки Ӯ бар ҳар чизе доност

    42:12
  4. شَرَعَ لَكُمْ مِنَ الدِّينِ مَا وَصَّىٰ بِهِ نُوحًا وَالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ وَمَا وَصَّيْنَا بِهِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَىٰ وَعِيسَىٰ ۖ أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا فِيهِ ۚ كَبُرَ عَلَى الْمُشْرِكِينَ مَا تَدْعُوهُمْ إِلَيْهِ ۚ اللَّهُ يَجْتَبِي إِلَيْهِ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي إِلَيْهِ مَنْ يُنِيبُ

    Аз дин ҳамонро барои шумо муқаррар кард, ки ба Нуҳ амр карда буд ва низ он чи ба ту ваҳй кардем ва он чи ба Иброҳим ва Мӯсо ва Исо амр кардем, ин ки: «Динро барпо нигоҳ доред ва дар мавриди он фирқа-фирқа нашавед [ва ихтилоф наварзед]». [Пазириши] Даъвати ту бар мушрикон гарон омадааст. Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад [тавфиқи ибодат медиҳад ва] ба сӯйи хеш бармегузинад ва ҳар киро [ки тавба кунад ва ба даргоҳаш] боз ояд, ба сӯйи хеш ҳидоят хоҳад кард

    42:13
  5. وَمَا تَفَرَّقُوا إِلَّا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ ۚ وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِنْ رَبِّكَ إِلَىٰ أَجَلٍ مُسَمًّى لَقُضِيَ بَيْنَهُمْ ۚ وَإِنَّ الَّذِينَ أُورِثُوا الْكِتَابَ مِنْ بَعْدِهِمْ لَفِي شَكٍّ مِنْهُ مُرِيبٍ

    Ҳангоме ки далоили маҳками нубуввати паёмбар бар кофирон арза шуд, онон аз рӯйи бартарихоҳӣ [ва ҳасодат]-е ки байнашон буд, роҳи тафриқа тай намуданд ва агар фармони Парвардигорат [дар мавриди муҳлат ва таъхири азоб] то замоне муайян аз пеш муқаррар нашуда буд, [бе диранг] миёнашон доварӣ мешуд ва аммо пас аз кофирон [ва ба далели инкору ихтилофи онон] ворисони китоб [Таврот ва Инҷил низ] дар мавриди Қуръон сахт дар тардид ва бадгумонӣ ҳастанд

    42:14
  6. فَلِذَٰلِكَ فَادْعُ ۖ وَاسْتَقِمْ كَمَا أُمِرْتَ ۖ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَهُمْ ۖ وَقُلْ آمَنْتُ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ مِنْ كِتَابٍ ۖ وَأُمِرْتُ لِأَعْدِلَ بَيْنَكُمُ ۖ اللَّهُ رَبُّنَا وَرَبُّكُمْ ۖ لَنَا أَعْمَالُنَا وَلَكُمْ أَعْمَالُكُمْ ۖ لَا حُجَّةَ بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمُ ۖ اللَّهُ يَجْمَعُ بَيْنَنَا ۖ وَإِلَيْهِ الْمَصِيرُ

    [Эй Паёмбар, мардумро] ба сӯйи ин [оини илоҳӣ] даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ кун ва аз ҳавасҳои онон пайравӣ накун ва бигӯ: «Ба ҳамаи китобҳое, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст имон дорам ва фармон ёфтаам, ки дар барорбари шумо ба адолат рафтор кунам. Аллоҳ таоло Парвардигори мову шумост. [натиҷаи] аъмоли мо барои мост ва [натиҷаи] аъмоли шумо барои шумо. Ҳеҷ [душманиву] ҷидоле байни мову шумо нест. Аллоҳ таоло ҳамаи моро [дар қиёмат] ҷамъ хоҳад кард ва бозгашти [ҳама] ба сӯи Ӯст»

    42:15
  7. وَالَّذِينَ يُحَاجُّونَ فِي اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مَا اسْتُجِيبَ لَهُ حُجَّتُهُمْ دَاحِضَةٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَعَلَيْهِمْ غَضَبٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ

    Касоне, ки пас аз пазириши умумӣ, дар бораи [ҳаққонияти дини] Аллоҳ таоло далел меоваранд, мантиқашон назди Парвардигорашон [ботил ва ] бепоя аст. Хашм [-и илоҳӣ] гиребонгирашон мешавад ва азобе сахт [дар пеш] доранд

    42:16
  8. اللَّهُ الَّذِي أَنْزَلَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ وَالْمِيزَانَ ۗ وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّ السَّاعَةَ قَرِيبٌ

    Аллоҳ таоло аст, ки Қуръон ва миқёси адолатро ба ҳақ нозил кардааст ва ту чи медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад

    42:17
  9. يَسْتَعْجِلُ بِهَا الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِهَا ۖ وَالَّذِينَ آمَنُوا مُشْفِقُونَ مِنْهَا وَيَعْلَمُونَ أَنَّهَا الْحَقُّ ۗ أَلَا إِنَّ الَّذِينَ يُمَارُونَ فِي السَّاعَةِ لَفِي ضَلَالٍ بَعِيدٍ

    Касоне, ки қиёматро бовар надоранд, [бо тамасхур ва] ба шитоб онро мехоҳанд. Ва касоне, ки [ба рӯзи ҷазо] бовар доранд ва медонанд, ки ҳақ аст, аз он дар ҳаросанд. Огоҳ бошед! Онон, ки дар мавриди қиёмат ҷадалу инкор мекунанд, дар гумроҳии бепоёне қарор доранд

    42:18
  10. اللَّهُ لَطِيفٌ بِعِبَادِهِ يَرْزُقُ مَنْ يَشَاءُ ۖ وَهُوَ الْقَوِيُّ الْعَزِيزُ

    Аллоҳ таоло нисбат ба бандагонаш борикбин [ва меҳрубон] аст. Ба ҳар кас, ки бихоҳад, рӯзӣ мебахшад ва Ӯ тавонои шикастнопазир аст

    42:19

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»