Сура 42 Аш-Шӯро (Машварат кардан), оят 1 – 9

  1. حم

    Ҳо, мим.

    42:1
  2. عسق

    Айн, син қоф

    42:2
  3. كَذَٰلِكَ يُوحِي إِلَيْكَ وَإِلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكَ اللَّهُ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

    Аллоҳи шикастнопазири ҳаким бар ту ва паёмбарони пеш аз ту чунин ваҳй мефиристад

    42:3
  4. لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۖ وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ

    Ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, мутааллиқ ба Ӯст ва Ӯ баландмартаба ва бузург аст

    42:4
  5. تَكَادُ السَّمَاوَاتُ يَتَفَطَّرْنَ مِنْ فَوْقِهِنَّ ۚ وَالْمَلَائِكَةُ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَيَسْتَغْفِرُونَ لِمَنْ فِي الْأَرْضِ ۗ أَلَا إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ

    Наздик аст осмонҳо [аз шукӯҳу азамати илоҳӣ] аз фарози якдигар бишкофанд ва фариштагон Парвардигорашонро бо ситоиш тақдис мекунанд ва барои сокинони замин [ки тавба кардаанд] омурзиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

    42:5
  6. وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ اللَّهُ حَفِيظٌ عَلَيْهِمْ وَمَا أَنْتَ عَلَيْهِمْ بِوَكِيلٍ

    [Эй Паёмбар] Аллоҳ худ муроқиби [рафтори] касонест, ки ғайри Ӯро [дӯсту] корсози худ баргузидаанд ва ту коргузор [ва масъули рафтор]-и онон нестӣ

    42:6
  7. وَكَذَٰلِكَ أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لِتُنْذِرَ أُمَّ الْقُرَىٰ وَمَنْ حَوْلَهَا وَتُنْذِرَ يَوْمَ الْجَمْعِ لَا رَيْبَ فِيهِ ۚ فَرِيقٌ فِي الْجَنَّةِ وَفَرِيقٌ فِي السَّعِيرِ

    Мо Қуръонро ин гуна ба забони арабӣ бар ту ваҳй кардем, то аҳли Макка ва сокинони атрофашро бим диҳӣ ва ба онон дар мавриди рӯзи маҳшар, ки тардиде дар вуқуаш нест, ҳушёр диҳӣ [Он рӯз] гурӯҳе биҳиштианд ва гурӯҳе дар оташи сӯзон

    42:7
  8. وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَجَعَلَهُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَلَٰكِنْ يُدْخِلُ مَنْ يَشَاءُ فِي رَحْمَتِهِ ۚ وَالظَّالِمُونَ مَا لَهُمْ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ

    Агар Аллоҳ таоло мехост, ҳамаи мардумро уммати воҳид [ва яктопараст] қарор медод, вале [ба инсон ихтиёр дод, пас] ҳар киро бихоҳад, ба раҳмати хеш дармеоварад; ва мушрикон ҳеҷ корсоз ва ёваре нахоҳанд дошт

    42:8
  9. أَمِ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ ۖ فَاللَّهُ هُوَ الْوَلِيُّ وَهُوَ يُحْيِي الْمَوْتَىٰ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Оё онон ба ҷойи Ӯ каси [дигарро ба унвони дӯсту] корсоз баргузидаанд? Ҳол он ки корсоз [-и ҷаҳониён] Аллоҳ таоло аст ва Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва бар ҳар коре тавоност

    42:9

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»