Сура 41 Фуссилат, оят 33 – 44

  1. وَمَنْ أَحْسَنُ قَوْلًا مِمَّنْ دَعَا إِلَى اللَّهِ وَعَمِلَ صَالِحًا وَقَالَ إِنَّنِي مِنَ الْمُسْلِمِينَ

    Кист хушгуфтортар аз он ки ба сӯйи Аллоҳ таоло даъват кунад ва ба шоистагӣ амал менамояд ва мегӯяд: «Таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастам»?

    41:33
  2. وَلَا تَسْتَوِي الْحَسَنَةُ وَلَا السَّيِّئَةُ ۚ ادْفَعْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ فَإِذَا الَّذِي بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَأَنَّهُ وَلِيٌّ حَمِيمٌ

    [Ҳаргиз] Некӣ ва бадӣ яксон нест. Ҳамвора ба шевае, ки беҳтар аст, посух бидеҳ, ки дар он сурат касе, ки байни ту ва ӯ душманист, ҳамчун дӯсти меҳрубон гардад

    41:34
  3. وَمَا يُلَقَّاهَا إِلَّا الَّذِينَ صَبَرُوا وَمَا يُلَقَّاهَا إِلَّا ذُو حَظٍّ عَظِيمٍ

    Танҳо шикебоён ва онон, ки баҳраи бузурге [аз имону ахлоқ] доранд, ба чунин мақоме мерасанд

    41:35
  4. وَإِمَّا يَنْزَغَنَّكَ مِنَ الشَّيْطَانِ نَزْغٌ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ ۖ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

    Ва ҳар гоҳ аз ҷониби шайтон васвасае туро фаро гирифт, ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, ки яқинан, Ӯ шунавову доност

    41:36
  5. وَمِنْ آيَاتِهِ اللَّيْلُ وَالنَّهَارُ وَالشَّمْسُ وَالْقَمَرُ ۚ لَا تَسْجُدُوا لِلشَّمْسِ وَلَا لِلْقَمَرِ وَاسْجُدُوا لِلَّهِ الَّذِي خَلَقَهُنَّ إِنْ كُنْتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ

    Аз нишонаҳои [тавону тадбири] Ӯ шабу рӯз ва хуршеду моҳ аст. Дар баробари хуршеду моҳ саҷда накунед, балки агар танҳо Ӯро мепарастед, бар Аллоҳ таоло, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед

    41:37
  6. فَإِنِ اسْتَكْبَرُوا فَالَّذِينَ عِنْدَ رَبِّكَ يُسَبِّحُونَ لَهُ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَهُمْ لَا يَسْأَمُونَ ۩

    Ва агар [гурӯҳҳое аз ниёиши Ӯ] такаббур варзанд, [фариштагон ва] муқаррабони даргоҳи Парвардигорат шабу рӯз бидуни хастагӣ Ӯро ба покӣ меситоянд

    41:38
  7. وَمِنْ آيَاتِهِ أَنَّكَ تَرَى الْأَرْضَ خَاشِعَةً فَإِذَا أَنْزَلْنَا عَلَيْهَا الْمَاءَ اهْتَزَّتْ وَرَبَتْ ۚ إِنَّ الَّذِي أَحْيَاهَا لَمُحْيِي الْمَوْتَىٰ ۚ إِنَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

    Аз ҷумлаи нишонаҳои [қудрати] илоҳӣ ин аст, ки замини хушку фарсударо мебинӣ, ки чун борон бар он фурӯ мерезем, ба ҷунбиш дармеояд ва [гиёҳонаш] рушд мекунад. Он [Парвардигори тавонманде], ки заминро зинда мекунад, мурдагонро низ зинда хоҳад кард. Ба ростӣ, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност

    41:39
  8. إِنَّ الَّذِينَ يُلْحِدُونَ فِي آيَاتِنَا لَا يَخْفَوْنَ عَلَيْنَا ۗ أَفَمَنْ يُلْقَىٰ فِي النَّارِ خَيْرٌ أَمْ مَنْ يَأْتِي آمِنًا يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۚ اعْمَلُوا مَا شِئْتُمْ ۖ إِنَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

    [Гуфтору рафтори] Касоне, ки дар мавриди оёти Мо каҷравӣ [ва онро таҳриф] мекунанд, бар Мо пӯшида нахоҳанд буд. Оё касе, ки ба оташи [дузах] меафтад, беҳтар аст ё он ки дар рӯзи растохез эмин [аз азоб] аст? Ҳар чи мехоҳед, амал кунед, ки бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност

    41:40
  9. إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا بِالذِّكْرِ لَمَّا جَاءَهُمْ ۖ وَإِنَّهُ لَكِتَابٌ عَزِيزٌ

    Касоне, ки ин Қуръонро, ки барои [ҳидоят] – ашон омадааст, инкор кардаанд [дар қиёмат азоб хоҳанд шуд]. Ин [каломи илоҳӣ] китобе аст шикастнопазир

    41:41
  10. لَا يَأْتِيهِ الْبَاطِلُ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِ ۖ تَنْزِيلٌ مِنْ حَكِيمٍ حَمِيدٍ

    Сухани ботил аз пешу пас ба он роҳ намеёбад ва аз ҷониби [Парвардигори] ҳакими сутуда нозил шудааст

    41:42
  11. مَا يُقَالُ لَكَ إِلَّا مَا قَدْ قِيلَ لِلرُّسُلِ مِنْ قَبْلِكَ ۚ إِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغْفِرَةٍ وَذُو عِقَابٍ أَلِيمٍ

    [Эй Паёмбар, кофирон] Ба ту ҳамон [суханони ботиле] –ро мегӯянд, ки ба паёмбарони пеш аз ту низ мегуфтанд. Бе гумон, Парвардигорат омурзиш ва [дар айни ҳол] кайфаре дарднок дорад

    41:43
  12. وَلَوْ جَعَلْنَاهُ قُرْآنًا أَعْجَمِيًّا لَقَالُوا لَوْلَا فُصِّلَتْ آيَاتُهُ ۖ أَأَعْجَمِيٌّ وَعَرَبِيٌّ ۗ قُلْ هُوَ لِلَّذِينَ آمَنُوا هُدًى وَشِفَاءٌ ۖ وَالَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ فِي آذَانِهِمْ وَقْرٌ وَهُوَ عَلَيْهِمْ عَمًى ۚ أُولَٰئِكَ يُنَادَوْنَ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ

    Агар Қуръонро [ба забони] ғайриарабӣ нозил карда будем, кофирон мегуфтанд: «Чаро оёташ [арабӣ нест ва] ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе ғайриарабиву паёмбаре араб»? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ин китоб барои муъминон мояи ҳидояту шифост ва онон, ки имон намеоваранд, дар гӯшҳояшон сангинӣ аст ва Қуръон барояшон номафҳум аст. [Гӯё] Ононро аз роҳи дур садо мезананд»

    41:44

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»