Сура 41 Фуссилат, оят 19 – 25
-
وَيَوْمَ يُحْشَرُ أَعْدَاءُ اللَّهِ إِلَى النَّارِ فَهُمْ يُوزَعُونَ
[Эй Паёмбар, ёд кун аз] Рӯзе, ки душманони Аллоҳро ба сӯйи оташи дузах эҳзор мекунанд ва [аз парокандагӣ] бозмедоранд
41:19 -
حَتَّىٰ إِذَا مَا جَاءُوهَا شَهِدَ عَلَيْهِمْ سَمْعُهُمْ وَأَبْصَارُهُمْ وَجُلُودُهُمْ بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
То чун ба дузах мерасанд, гӯшу чашму пусташон аъмолашонро гувоҳӣ медиҳанд
41:20 -
وَقَالُوا لِجُلُودِهِمْ لِمَ شَهِدْتُمْ عَلَيْنَا ۖ قَالُوا أَنْطَقَنَا اللَّهُ الَّذِي أَنْطَقَ كُلَّ شَيْءٍ وَهُوَ خَلَقَكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Онон ба пӯсти худ мегӯянд: «Чаро алайҳи мо гувоҳӣ додед»? [Дар ҷавоб] Мегӯянд: «Аллоҳ таоло [ҳамон Холиқи тавонманде], ки ҳама мавҷудотро гӯё карда, моро низ ба сухан даровардааст ва Ӯст, ки нахустин бор шуморо офарид ва [саранҷом ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед»
41:21 -
وَمَا كُنْتُمْ تَسْتَتِرُونَ أَنْ يَشْهَدَ عَلَيْكُمْ سَمْعُكُمْ وَلَا أَبْصَارُكُمْ وَلَا جُلُودُكُمْ وَلَٰكِنْ ظَنَنْتُمْ أَنَّ اللَّهَ لَا يَعْلَمُ كَثِيرًا مِمَّا تَعْمَلُونَ
Шумо, ки [гуноҳонатонро] пинҳон намекардед, на аз он бобат буд, ки тасаввур мекардед, гӯшу чашму пӯстатон алайҳи шумо гувоҳӣ намедиҳанд, балки гумон мекардед, ки Аллоҳ таоло бар бисёре аз аъмоле, ки мекунед, огоҳ нест
41:22 -
وَذَٰلِكُمْ ظَنُّكُمُ الَّذِي ظَنَنْتُمْ بِرَبِّكُمْ أَرْدَاكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ مِنَ الْخَاسِرِينَ
Ин пиндори шумо дар бораи Парвардигоратон буд, ки муҷиби ҳалокати шумо гардид ва [саранҷом] зиёнкор шудед
41:23 -
فَإِنْ يَصْبِرُوا فَالنَّارُ مَثْوًى لَهُمْ ۖ وَإِنْ يَسْتَعْتِبُوا فَمَا هُمْ مِنَ الْمُعْتَبِينَ
Агар шикебоӣ ва таҳаммул кунанд [ё накунанд], оташ ҷойгоҳашон аст ва агар талаби ризоят кунанд, пазируфта нахоҳанд шуд
41:24 -
وَقَيَّضْنَا لَهُمْ قُرَنَاءَ فَزَيَّنُوا لَهُمْ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَحَقَّ عَلَيْهِمُ الْقَوْلُ فِي أُمَمٍ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهِمْ مِنَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا خَاسِرِينَ
Мо ҳамнишиноне [аз шаётин] бар онон гумоштем, ки [корҳои] гузашта ва [орзуҳои] ояндаро дар назарашон оростаанд ва [бад-ин сон] фармони муҷозот дар мавриди онон таҳаққуқ ёфт ва ба азоби ақвоми гумроҳе аз ҷину инс, ки пеш аз онон буданд, гирифтор шуданд. Бе гумон, онон зиёнкор буданд
41:25
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»