Сура 41 Фуссилат, оят 13 – 16
-
فَإِنْ أَعْرَضُوا فَقُلْ أَنْذَرْتُكُمْ صَاعِقَةً مِثْلَ صَاعِقَةِ عَادٍ وَثَمُودَ
[Эй Паёмбар] Агар онон [аз пазириши ислом] рӯй гардонанд, бигӯ: «Ба шумо дар бораи соиқае назири [он чи] қавми Оду Самуд [-ро аз пой даровард] ҳушдор медиҳам»
41:13 -
إِذْ جَاءَتْهُمُ الرُّسُلُ مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ وَمِنْ خَلْفِهِمْ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ ۖ قَالُوا لَوْ شَاءَ رَبُّنَا لَأَنْزَلَ مَلَائِكَةً فَإِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ
Он гоҳ ки паёмбарони илоҳӣ паёпай ба суроғашон меомаданд, [бо ин паём] ки: «Ҷуз Аллоҳро напарастед», онон [дар посух] мегуфтанд: «Агар Парвардигорамон мехост, [паёми ҳидоятгаре бифиристад] фариштагоне нозил мекард. Мо паёмеро, ки шумо маъмури [иблоғи] он ҳастед, бовар намекунем»
41:14 -
فَأَمَّا عَادٌ فَاسْتَكْبَرُوا فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَقَالُوا مَنْ أَشَدُّ مِنَّا قُوَّةً ۖ أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ الَّذِي خَلَقَهُمْ هُوَ أَشَدُّ مِنْهُمْ قُوَّةً ۖ وَكَانُوا بِآيَاتِنَا يَجْحَدُونَ
Аммо [қавми] Од ба ноҳақ дар замин такаббур меварзиданд ва мегуфтанд: «Чи касе нерумандтар аз мост»? Оё намедонистанд Аллоҳ таоло [он Холиқи якто]-е, ки ононро офарида, нерумандтар аз онон аст? Вале [бо ситезу гарданкашӣ] оёти Моро инкор мекарданд
41:15 -
فَأَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا صَرْصَرًا فِي أَيَّامٍ نَحِسَاتٍ لِنُذِيقَهُمْ عَذَابَ الْخِزْيِ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ۖ وَلَعَذَابُ الْآخِرَةِ أَخْزَىٰ ۖ وَهُمْ لَا يُنْصَرُونَ
Саранҷом тундбоде сарду сахт дар рӯзҳое шум ба онон фиристодем, то азоби расвоӣ [ва сангин]-ро дар зиндагии дунё ба онон бичашонем, вале азоби охират расвокунандатар аст ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ нахоҳанд шуд
41:16
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»