Сура 41 Фуссилат, оят 1 – 8

  1. حم

    Ҳо, мим.

    41:1
  2. تَنْزِيلٌ مِنَ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

    [Ин Қуръон] Аз сӯи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон нозил шудааст

    41:2
  3. كِتَابٌ فُصِّلَتْ آيَاتُهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

    Китобест, ки оёташ ба забони арабӣ барои мардуме, ки медонанд, ба шевоӣ ва равшанӣ баён шудааст

    41:3
  4. بَشِيرًا وَنَذِيرًا فَأَعْرَضَ أَكْثَرُهُمْ فَهُمْ لَا يَسْمَعُونَ

    [Китобе] Башоратдиҳанда ва бимдиҳанда аст, вале бештари мардум рӯйгардонанд ва [ҳақоиқро] намешунаванд

    41:4
  5. وَقَالُوا قُلُوبُنَا فِي أَكِنَّةٍ مِمَّا تَدْعُونَا إِلَيْهِ وَفِي آذَانِنَا وَقْرٌ وَمِنْ بَيْنِنَا وَبَيْنِكَ حِجَابٌ فَاعْمَلْ إِنَّنَا عَامِلُونَ

    Мушрикон гуфтанд: «Дилҳои мо нисбат ба он чи моро даъват мекунӣ, дар пӯшише [аз бетафовутӣ] қарор дорад ва дар гӯшҳоямон сангинӣ аст ва миёни мо ва ту фосила аст, пас, ту ба кори худ машғул бош ва мо низ ба кори худ»

    41:5
  6. قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ يُوحَىٰ إِلَيَّ أَنَّمَا إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ فَاسْتَقِيمُوا إِلَيْهِ وَاسْتَغْفِرُوهُ ۗ وَوَيْلٌ لِلْمُشْرِكِينَ

    [Эй Паёмбар, ба онон] бигӯ: «Ман фақат башаре ҳамчун шумо ҳастам [бо ин тафовут], ки ба ман ваҳй мешавад: «Маъбуди шумо маъбудест ягона, пас, ба Ӯ рӯй оваред ва аз Ӯ омурзиш бихоҳед ва вой ба ҳоли мушрикон!»

    41:6
  7. الَّذِينَ لَا يُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَهُمْ بِالْآخِرَةِ هُمْ كَافِرُونَ

    Онон, ки закот намепардозанд ва охиратро инкор мекунанд

    41:7
  8. إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ أَجْرٌ غَيْرُ مَمْنُونٍ

    [Вале] Муъминони некукор подоше бепоён доранд

    41:8

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»