Сура 40 Ғофир (Бахшоянда), оят 69 – 78
-
أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ يُجَادِلُونَ فِي آيَاتِ اللَّهِ أَنَّىٰ يُصْرَفُونَ
Оё надидӣ касоне, ки дар бораи оёти илоҳӣ муҷодала мекунанд, чи гуна [аз роҳи ҳақ] мунҳариф мегарданд?
40:69 -
الَّذِينَ كَذَّبُوا بِالْكِتَابِ وَبِمَا أَرْسَلْنَا بِهِ رُسُلَنَا ۖ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ
Касоне, ки китоби [осмонӣ] ва паёми паёмбарони моро дурӯғ шумурданд, ба зудӣ [натиҷаи кирдорашонро] хоҳанд донист
40:70 -
إِذِ الْأَغْلَالُ فِي أَعْنَاقِهِمْ وَالسَّلَاسِلُ يُسْحَبُونَ
Он гоҳ ки ғул ва занҷир бар гарданашон қарор гирифта ва кашида мешаванд
40:71 -
فِي الْحَمِيمِ ثُمَّ فِي النَّارِ يُسْجَرُونَ
[Ибтидо] Дар оби ҷӯшомада ва сипас дар оташи дузах афрӯхта мешаванд
40:72 -
ثُمَّ قِيلَ لَهُمْ أَيْنَ مَا كُنْتُمْ تُشْرِكُونَ
Он гоҳ ба эшон гуфта мешавад: «Бутҳое, ки шарики [Аллоҳ таоло] қарор медодед, куҷо ҳастанд?
40:73 -
مِنْ دُونِ اللَّهِ ۖ قَالُوا ضَلُّوا عَنَّا بَلْ لَمْ نَكُنْ نَدْعُو مِنْ قَبْلُ شَيْئًا ۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ اللَّهُ الْكَافِرِينَ
[Ҳамон маъбудоне, ки] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ибодат мекардед]. Онон гӯянд: «Аз [назари] мо нопадид шуданд, гӯӣ мо ҳаргиз пеш аз ин чизеро [ба парастиш] намехондем». Ин гуна Аллоҳ таоло кофиронро гумроҳ мекунад
40:74 -
ذَٰلِكُمْ بِمَا كُنْتُمْ تَفْرَحُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَبِمَا كُنْتُمْ تَمْرَحُونَ
Ин [азоб] аз он ҷиҳат аст, ки ба ноҳақ дар замин шодмонӣ ва сармастӣ мекардед ва фахр мефурӯхтед
40:75 -
ادْخُلُوا أَبْوَابَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۖ فَبِئْسَ مَثْوَى الْمُتَكَبِّرِينَ
[Акнун] Аз дарҳои ҷаҳаннм ворид шавед ва ҷовидона дар он ҷо бимонед. Ва [ба ростӣ, ки] ҷойгоҳи мутакаббирон чи бад [ҷойгоҳе] аст!
40:76 -
فَاصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ ۚ فَإِمَّا نُرِيَنَّكَ بَعْضَ الَّذِي نَعِدُهُمْ أَوْ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَإِلَيْنَا يُرْجَعُونَ
[Эй Паёмбар, бар озори мушрикон] Шикебо бош, ки ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст ва агар бархе аз муҷозотҳоеро, ки ба онон ваъда додаем, [дар зиндагӣ] ба ту бинамоем ё [пеш аз нузули азоб] ҷони туро бигирем, дар ҳар ҳол ба пешгоҳи мо бозгардонда мешаванд [ва роҳи гурезе аз азоб надоранд]
40:77 -
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلًا مِنْ قَبْلِكَ مِنْهُمْ مَنْ قَصَصْنَا عَلَيْكَ وَمِنْهُمْ مَنْ لَمْ نَقْصُصْ عَلَيْكَ ۗ وَمَا كَانَ لِرَسُولٍ أَنْ يَأْتِيَ بِآيَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ فَإِذَا جَاءَ أَمْرُ اللَّهِ قُضِيَ بِالْحَقِّ وَخَسِرَ هُنَالِكَ الْمُبْطِلُونَ
Пеш аз ту низ паёмбароне фиристодаем, ки [саргузашти] бархе аз эшонро бароят ҳикоят кардаем ва бархе дигарро ҳикоят накардаем ва ҳеҷ расуле наметавонист бидуни фармони илоҳӣ муъҷизае ироа кунад ва он гоҳ ки фармони Аллоҳ таоло [барои подош ва кайфар] фаро расад, ба ҳақ ва адолат доварӣ хоҳад шуд ва ботиландешон зиёнкор хоҳанд буд
40:78
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»