Сура 3 Оли Имрон (Сураи Оли Имрон), оят 72 – 80
-
وَقَالَتْ طَائِفَةٌ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ آمِنُوا بِالَّذِي أُنْزِلَ عَلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَجْهَ النَّهَارِ وَاكْفُرُوا آخِرَهُ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ
Гурӯҳе аз [уламои] аҳли китоб [ба ҳамдигар] гуфтанд: "Дар оғози рӯз ба он чи ба муъминон нозил шудааст, имон биёваред ва дар поён [-и рӯз] кофир шавед; шояд онон [низ тардид кунанд ва аз ислом] баргарданд
3:72 -
وَلَا تُؤْمِنُوا إِلَّا لِمَنْ تَبِعَ دِينَكُمْ قُلْ إِنَّ الْهُدَىٰ هُدَى اللَّهِ أَنْ يُؤْتَىٰ أَحَدٌ مِثْلَ مَا أُوتِيتُمْ أَوْ يُحَاجُّوكُمْ عِنْدَ رَبِّكُمْ ۗ قُلْ إِنَّ الْفَضْلَ بِيَدِ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ
Ва [ин ки] имон наёваред магар ба касе, ки аз дини шумо пайравӣ мекунад". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Дар ҳақиқат, ҳидоят ҳидояти Аллоҳ таоло аст. [Боз гуфтанд: "Ҳаргиз чизе ба мусулмонон наёмӯзед ва иҷозат надиҳед] ба каси он чи ба шумо додааст, дода шавад ё [далеле дар ихтиёрашон нагузоред, ки битвонанд] дар пешгоҳи Парвардигоратон бо шумо баҳс кунанд". [Эй паёмбар] Бигӯ: "Бе тардид, фазл [-у бартарӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст; онро ба ҳар ки бихоҳад, мебахшад; ва Аллоҳ таоло кушоишгари доност
3:73 -
يَخْتَصُّ بِرَحْمَتِهِ مَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ
Раҳмати хешро ба ҳар ки бихоҳад, ихтисос медиҳад; ва Аллоҳ таоло дорои бахшиши бузург [ва беандоза] аст"
3:74 -
وَمِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ مَنْ إِنْ تَأْمَنْهُ بِقِنْطَارٍ يُؤَدِّهِ إِلَيْكَ وَمِنْهُمْ مَنْ إِنْ تَأْمَنْهُ بِدِينَارٍ لَا يُؤَدِّهِ إِلَيْكَ إِلَّا مَا دُمْتَ عَلَيْهِ قَائِمًا ۗ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا لَيْسَ عَلَيْنَا فِي الْأُمِّيِّينَ سَبِيلٌ وَيَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ وَهُمْ يَعْلَمُونَ
Аз аҳли китоб касе ҳаст, ки агар моли фаровоне ба ӯ амонат диҳӣ, онро ба ту бозмегардонад; ва аз [миёни] онон касе ҳаст, ки агар ӯро бар диноре амин бишуморӣ, онро ба ту бознамегардонад; магар он ки пайваста бар [дарёфти] он истодагӣ кунӣ. Ин бад-он хотир аст, ки онон мегӯянд: "Дар мавриди [хурдани амволи] қавми араб, гуноҳе бар мо нест"; ва [бад-ин гуна онон] дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонанд, бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд
3:75 -
بَلَىٰ مَنْ أَوْفَىٰ بِعَهْدِهِ وَاتَّقَىٰ فَإِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ
Оре, [ин кор гуноҳ аст; аммо] ҳар ки ба паймони худ вафо кунад ва парҳезгорӣ намояд, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад
3:76 -
إِنَّ الَّذِينَ يَشْتَرُونَ بِعَهْدِ اللَّهِ وَأَيْمَانِهِمْ ثَمَنًا قَلِيلًا أُولَٰئِكَ لَا خَلَاقَ لَهُمْ فِي الْآخِرَةِ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ اللَّهُ وَلَا يَنْظُرُ إِلَيْهِمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Касоне, ки паймони Аллоҳ таоло [дар бораи иҷрои аҳком] ва савгандҳои худ [дар бораи пайравӣ аз Муҳаммад]-ро ба баҳои ночизе мефурушанд, яқинан баҳрае дар охират нахоҳанд дошт ва Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат бо онон сухан намегӯяд ва ба эшон наменигарад ва онҳоро [аз гуноҳ] пок намесозад ва азоби дардноке [дар пеш] доранд
3:77 -
وَإِنَّ مِنْهُمْ لَفَرِيقًا يَلْوُونَ أَلْسِنَتَهُمْ بِالْكِتَابِ لِتَحْسَبُوهُ مِنَ الْكِتَابِ وَمَا هُوَ مِنَ الْكِتَابِ وَيَقُولُونَ هُوَ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ وَمَا هُوَ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ وَيَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ وَهُمْ يَعْلَمُونَ
Ва гурӯҳе аз онон [яҳудиён] ҳастанд, ки забони худро ба [ҳангоми тиловати] китоби [Таврот] чунон мегардонанд, ки гумон мекунед, [он чи мехонанд, воқеан,] аз [матолиби он] китоб аст, дар ҳоле ки аз он китоб нест; ва [боз ба дурӯғ] мегӯянд: "Он [ҷумалот] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст"; дар сурате ки аз ҷониби Аллоҳ таоло нест ва бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, дар ҳоле ки худ [низ ҳақиқатро] медонанд
3:78 -
مَا كَانَ لِبَشَرٍ أَنْ يُؤْتِيَهُ اللَّهُ الْكِتَابَ وَالْحُكْمَ وَالنُّبُوَّةَ ثُمَّ يَقُولَ لِلنَّاسِ كُونُوا عِبَادًا لِي مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلَٰكِنْ كُونُوا رَبَّانِيِّينَ بِمَا كُنْتُمْ تُعَلِّمُونَ الْكِتَابَ وَبِمَا كُنْتُمْ تَدْرُسُونَ
Барои ҳеҷ башаре сазовор нест, ки Аллоҳ таоло ба ӯ китоб ва ҳукм [донишу фаҳм] ва паёмбарӣ диҳад, сипас ӯ ба мардум бигӯяд: "Ба ҷойи Аллоҳ таоло, бандагони ман бошед". Балки [сазовор аст, ки паёмбарон ба мардум бигӯянд]: "Ба хотири он, ки китоб [-и Таврот]-ро омӯзиш медодед ва аз он ҷо, ки [ақоиду аҳкоми онро ба дигарон] дарс медодед, [фақеҳону донишмандони] илоҳӣ бошед"
3:79 -
وَلَا يَأْمُرَكُمْ أَنْ تَتَّخِذُوا الْمَلَائِكَةَ وَالنَّبِيِّينَ أَرْبَابًا ۗ أَيَأْمُرُكُمْ بِالْكُفْرِ بَعْدَ إِذْ أَنْتُمْ مُسْلِمُونَ
Ва на ин ки ба шумо фармон диҳад, ки фариштагон ва паёмбаронро [ба ҷойи Аллоҳ таоло] соҳибихтиёр [ба парастиш] бигиред. Оё [ин шахс] шуморо пас аз он, ки мусулмон шудед, ба куфр фармон медиҳад?
3:80
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»