Сура 3 Оли Имрон (Сураи Оли Имрон), оят 48 – 50

  1. وَيُعَلِّمُهُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَالتَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ

    Ва [низ башорат дод, ки Аллоҳ таоло] ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад

    3:48
  2. وَرَسُولًا إِلَىٰ بَنِي إِسْرَائِيلَ أَنِّي قَدْ جِئْتُكُمْ بِآيَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ ۖ أَنِّي أَخْلُقُ لَكُمْ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ فَأَنْفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِ اللَّهِ ۖ وَأُبْرِئُ الْأَكْمَهَ وَالْأَبْرَصَ وَأُحْيِي الْمَوْتَىٰ بِإِذْنِ اللَّهِ ۖ وَأُنَبِّئُكُمْ بِمَا تَأْكُلُونَ وَمَا تَدَّخِرُونَ فِي بُيُوتِكُمْ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ

    Ва паёмбаре ба сӯйи Бани Исроил аст, ки [ба онон мегӯяд]: "Ман аз сӯйи Парвардигоратон барои шумо нишонае овардаам: Ман аз гил бароятон [чизе] ба шакли парранда месозам; он гоҳ дар он медамам ва ба фармони Аллоҳ таоло [он гили беҷон табдил ба] паррандае мешавад; ва [ҳамчунин] ба фармони Аллоҳ таоло кӯри модарзод ва мубталоён ба песиро беҳбудӣ мебахшам ва мурдагонро зинда мекунам ва аз он чи мехуред ва дар хонаҳоятон захира мекунед, ба шумо хабар медиҳам. Мусалламан, агар имон дошта бошед, дар инҳо нишонае барои шумост [ки нубувватамро бовар кунед]

    3:49
  3. وَمُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَلِأُحِلَّ لَكُمْ بَعْضَ الَّذِي حُرِّمَ عَلَيْكُمْ ۚ وَجِئْتُكُمْ بِآيَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ فَاتَّقُوا اللَّهَ وَأَطِيعُونِ

    Ва [мегӯяд: "Омадаам то] тасдиқкунандаи Таврот бошам, ки пеш аз ман [нозил шуда] аст; ва [фиристода шудаам] то бархе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда буд, ҳалол кунам; ва нишонае аз тарафи Парвардигоратон барои шумо овардаам; пас, аз Аллоҳ таоло парво (ва тақво) дошта бошед ва маро итоат кунед

    3:50

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»