Сура 3 Оли Имрон (Сураи Оли Имрон), оят 181 – 189
-
لَقَدْ سَمِعَ اللَّهُ قَوْلَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ فَقِيرٌ وَنَحْنُ أَغْنِيَاءُ ۘ سَنَكْتُبُ مَا قَالُوا وَقَتْلَهُمُ الْأَنْبِيَاءَ بِغَيْرِ حَقٍّ وَنَقُولُ ذُوقُوا عَذَابَ الْحَرِيقِ
Бе тардид, Аллоҳ таоло сухани касонеро шунид, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло фақир аст ва [аз мо қарз мехоҳад ва] мо бениёзем". [Мо ин] Гуфторашон ва [низ] қатли ноҳаққи паёмбаронро хоҳем навишт ва рӯзи қиёмат ба [онон] мегӯем: "Азоби сӯзон [-и дӯзах]-ро бичашед"
3:181 -
ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ
[Эй яҳудиён] Ин [муҷозот] ба хотири кирдори пешини шумост; ва [-гарна] Аллоҳ таоло ҳаргиз ба бандагони [худ] ситамгор нест
3:182 -
الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ عَهِدَ إِلَيْنَا أَلَّا نُؤْمِنَ لِرَسُولٍ حَتَّىٰ يَأْتِيَنَا بِقُرْبَانٍ تَأْكُلُهُ النَّارُ ۗ قُلْ قَدْ جَاءَكُمْ رُسُلٌ مِنْ قَبْلِي بِالْبَيِّنَاتِ وَبِالَّذِي قُلْتُمْ فَلِمَ قَتَلْتُمُوهُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
[Ин яҳудиён ҳамон] Касоне ҳастанд, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло бо мо аҳду паймон бастааст, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, то [фиристодае ҳамроҳи худ] бароямон қурбоние биёварад, ки оташ [-и аз соиқа бархоста] онро [ба нишонаи пазириш] бисӯзонад". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳатман, пеш аз ман паёмбароне буданд, ки далоили ошкорро ҳамроҳи он чи гуфтед, бароятон оварданд. Агар рост мегӯед, пас, чаро ононро куштед"?
3:183 -
فَإِنْ كَذَّبُوكَ فَقَدْ كُذِّبَ رُسُلٌ مِنْ قَبْلِكَ جَاءُوا بِالْبَيِّنَاتِ وَالزُّبُرِ وَالْكِتَابِ الْمُنِيرِ
Пас, агар [яҳудиён ва кофирон] такзибат карданд, [ғамгин мабош ва бидон] паёмбароне, ки пеш аз ту буданд ва муъҷизоту навиштаҳо ва китобҳои равшангар оварда буданд, [низ] такзиб шуданд
3:184 -
كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ۗ وَإِنَّمَا تُوَفَّوْنَ أُجُورَكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۖ فَمَنْ زُحْزِحَ عَنِ النَّارِ وَأُدْخِلَ الْجَنَّةَ فَقَدْ فَازَ ۗ وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا مَتَاعُ الْغُرُورِ
Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва яқинан рӯзи қиёмат подошҳоятонро ба тамомӣ хоҳед гирифт; пас, ҳар киро аз оташ дур доранд ва дар биҳишт дароваранд, ҳатман, растагор шудааст; ва зиндагии дунё чизе ҷуз мояи фиреб нест
3:185 -
لَتُبْلَوُنَّ فِي أَمْوَالِكُمْ وَأَنْفُسِكُمْ وَلَتَسْمَعُنَّ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِكُمْ وَمِنَ الَّذِينَ أَشْرَكُوا أَذًى كَثِيرًا ۚ وَإِنْ تَصْبِرُوا وَتَتَّقُوا فَإِنَّ ذَٰلِكَ مِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ
[Эй муъминон] Бе тардид шумо дар [мавриди базли] амволу ҷонҳоятон озмоиш мешавед ва [ҳамчунин] аз касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоби [осмонӣ] дода шудааст [яҳудиён ва масеҳиён] ва [низ] аз касоне, ки ширк варзиданд, суханони озордиҳандаи бисёре хоҳед шунид; ва [аммо] агар сабр кунед ва тақво пеша созед, [шоистатар аст; зеро] ин [истодагӣ] баёнгари азми устувор [-и шумо] дар корҳост
3:186 -
وَإِذْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَتُبَيِّنُنَّهُ لِلنَّاسِ وَلَا تَكْتُمُونَهُ فَنَبَذُوهُ وَرَاءَ ظُهُورِهِمْ وَاشْتَرَوْا بِهِ ثَمَنًا قَلِيلًا ۖ فَبِئْسَ مَا يَشْتَرُونَ
Ва [эй паёмбар, ёд кун] ҳангоме ки Аллоҳ таоло аз касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда буд, паймон гирифт, ки: "Ҳатман, [омӯзаҳои ҳидоятбахши] онро барои мардум баён намоед ва [он чиро, ки нубуввати Муҳаммад хабар медиҳад] китмон [пинҳон]-аш накунед"; ва [-ле] он [аҳд]-ро пушти сари хеш андохтанд [бад-он таваҷҷуҳе накарданд] ва ба баҳои андаке [ҳамчун молу мақом] фурӯхтанд. Чи бад аст, он чи мехаранд!
3:187 -
لَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ يَفْرَحُونَ بِمَا أَتَوْا وَيُحِبُّونَ أَنْ يُحْمَدُوا بِمَا لَمْ يَفْعَلُوا فَلَا تَحْسَبَنَّهُمْ بِمَفَازَةٍ مِنَ الْعَذَابِ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Касоне, ки аз аъмоли [зишти] худ хушнуд мегарданд ва дӯст доранд дар муқобили кор [-и нек] -е, ки анҷом надодаанд, мавриди ситоиш қарор гиранд, гумон мабар, ки аз азоб [-и илоҳӣ] барканоранд; [балки] барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст
3:188 -
وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе тавоност
3:189
Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»