Сура 3 Оли Имрон (Сураи Оли Имрон), оят 149 – 155

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تُطِيعُوا الَّذِينَ كَفَرُوا يَرُدُّوكُمْ عَلَىٰ أَعْقَابِكُمْ فَتَنْقَلِبُوا خَاسِرِينَ

    Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз касоне, ки куфр варзидаанд, итоат кунед, шуморо [ба куфр] бозмегардонанд, онгоҳ [дар дунё ва охират] зиёндида мегардед

    3:149
  2. بَلِ اللَّهُ مَوْلَاكُمْ ۖ وَهُوَ خَيْرُ النَّاصِرِينَ

    [Бар кофирон такя накунед], балки Аллоҳ таоло [ёру] корсози шумост ва Ӯ беҳтарин ёригарон аст

    3:150
  3. سَنُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُوا الرُّعْبَ بِمَا أَشْرَكُوا بِاللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا ۖ وَمَأْوَاهُمُ النَّارُ ۚ وَبِئْسَ مَثْوَى الظَّالِمِينَ

    Ба зудӣ дар дилҳои касоне, ки куфр варзиданд, биму ҳарос хоҳем афканд; бад-ин хотир, ки чизеро шарики Аллоҳ таоло қарор додаанд, ки ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст; ва ҷойгоҳашон оташ аст ва ҷойгоҳи ситамгорон чӣ бад аст!

    3:151
  4. وَلَقَدْ صَدَقَكُمُ اللَّهُ وَعْدَهُ إِذْ تَحُسُّونَهُمْ بِإِذْنِهِ ۖ حَتَّىٰ إِذَا فَشِلْتُمْ وَتَنَازَعْتُمْ فِي الْأَمْرِ وَعَصَيْتُمْ مِنْ بَعْدِ مَا أَرَاكُمْ مَا تُحِبُّونَ ۚ مِنْكُمْ مَنْ يُرِيدُ الدُّنْيَا وَمِنْكُمْ مَنْ يُرِيدُ الْآخِرَةَ ۚ ثُمَّ صَرَفَكُمْ عَنْهُمْ لِيَبْتَلِيَكُمْ ۖ وَلَقَدْ عَفَا عَنْكُمْ ۗ وَاللَّهُ ذُو فَضْلٍ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ

    Ва он гоҳ ки [дар оғози ҷанги Уҳуд] ба фармони Ӯ онон [кофирон]-ро мекуштед, ба ростӣ, Аллоҳ таоло ваъдаи худро ба шумо таҳаққуқ бахшид, то [тарсидед ва дар ҳифзи мавқеияти худ] суст шудед ва дар кор [-и ҷангу ҷамъоварии ғанимат] бо якдигар ба низоъ пардохтед; ва пас аз он ки [Аллоҳ таоло] он чиро дӯст медоштед [пирӯзӣ], ба шумо нишон дод, [аз дастури паёмбар] сарпечӣ кардед; бархе аз шумо хоҳони дунё буданд ва бархе хоҳони охират. Сипас [Аллоҳ таоло] барои он ки шуморо биёзмояд, аз [таъқиби] онон мунсариф [рӯгардон]-атон атон кард [ва пирӯзиятон ба шикаст анҷомид] ва [чун аз гуноҳ ва кӯтоҳии худ дар нофармонӣ аз расул пушаймон шудед] аз шумо даргузашт; ва Аллоҳ таоло нисбат ба муъминон бахшоиш [-и бисёр] дорад

    3:152
  5. إِذْ تُصْعِدُونَ وَلَا تَلْوُونَ عَلَىٰ أَحَدٍ وَالرَّسُولُ يَدْعُوكُمْ فِي أُخْرَاكُمْ فَأَثَابَكُمْ غَمًّا بِغَمٍّ لِكَيْلَا تَحْزَنُوا عَلَىٰ مَا فَاتَكُمْ وَلَا مَا أَصَابَكُمْ ۗ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ

    Ва [эй муъминон, ба ёд оваред] ҳангоме ки [дар ҳоли гурез аз кӯҳ] боло мерафтед ва [чунон тарсида будед, ки] ба ҳеҷ кас таваҷҷуҳ намекардед ва паёмбар [ки дар майдони ҷанг муқовимат мекард] аз пушти саратон шуморо садо мезад [ки: "Эй бандагони Аллоҳ таоло, ба сӯйи ман бишитобед"; вале шумо таваҷҷуҳ намекардед]; пас, [Аллоҳ таоло низ] бо андӯҳе дар пайи андӯҳи [дигар] муҷозотатон кард. Ин бад-ин хотир буд, ки бар он чи аз даст додаед [пирӯзӣ ва ғанимат] ва он чи бар саратон омадааст [шикасту тарс], андӯҳгин нашавед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

    3:153
  6. ثُمَّ أَنْزَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ بَعْدِ الْغَمِّ أَمَنَةً نُعَاسًا يَغْشَىٰ طَائِفَةً مِنْكُمْ ۖ وَطَائِفَةٌ قَدْ أَهَمَّتْهُمْ أَنْفُسُهُمْ يَظُنُّونَ بِاللَّهِ غَيْرَ الْحَقِّ ظَنَّ الْجَاهِلِيَّةِ ۖ يَقُولُونَ هَلْ لَنَا مِنَ الْأَمْرِ مِنْ شَيْءٍ ۗ قُلْ إِنَّ الْأَمْرَ كُلَّهُ لِلَّهِ ۗ يُخْفُونَ فِي أَنْفُسِهِمْ مَا لَا يُبْدُونَ لَكَ ۖ يَقُولُونَ لَوْ كَانَ لَنَا مِنَ الْأَمْرِ شَيْءٌ مَا قُتِلْنَا هَاهُنَا ۗ قُلْ لَوْ كُنْتُمْ فِي بُيُوتِكُمْ لَبَرَزَ الَّذِينَ كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقَتْلُ إِلَىٰ مَضَاجِعِهِمْ ۖ وَلِيَبْتَلِيَ اللَّهُ مَا فِي صُدُورِكُمْ وَلِيُمَحِّصَ مَا فِي قُلُوبِكُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ

    Сипас [Аллоҳ таоло] баъд аз он андӯҳ оромише бар шумо фурӯ фиристод, [ба гунае] ки гурӯҳе аз шуморо [ба сабаби итминону оромише, ки дар дилҳояшон буд] хоби сабук фаро гирифт ва гурӯҳи дигар [мунофиқин] танҳо дар фикри ҷони худ буданд ва дар бораи Аллоҳ таоло гумонҳои нораво [ва ботиле] ҳамчун гумонҳои [даврони] ҷоҳилият доштанд. Онон мегуфтанд: "Оё мо дар ин кор ихтиёре дорем"? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳамаи корҳо [ва шикасту пирӯзӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст". Онҳо чизеро дар дилҳояшон пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд, [ва] мегӯянд: "Агар дар ин кор ихтиёр доштем, дар ин ҷо кушта намешудем". Бигӯ: "Агар шумо дар хонаҳои худ низ будед, касоне, ки кушта шудан бар онон муқаррар шуда буд, ҳатман, [бо пойи худ] ба сӯйи қатлгоҳҳои хеш мерафтанд". Ва [ин рӯйдодҳо] барои он аст, ки Аллоҳ таоло он чиро дар синаҳоятон [пинҳон] доред [дар амал] биёзмояд ва он чиро дар дилҳоятон аст, пок гардонад; ва Аллоҳ таоло ба [рози] даруни синаҳо доност

    3:154
  7. إِنَّ الَّذِينَ تَوَلَّوْا مِنْكُمْ يَوْمَ الْتَقَى الْجَمْعَانِ إِنَّمَا اسْتَزَلَّهُمُ الشَّيْطَانُ بِبَعْضِ مَا كَسَبُوا ۖ وَلَقَدْ عَفَا اللَّهُ عَنْهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ حَلِيمٌ

    [Эй асҳоби паёмбар] Афроде аз шумо, ки дар рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [мусулмонон ва кофирон дар ҷанги Уҳуд] фирор карданд, дар ҳақиқат шайтон ононро ба сабаби баъзе аз кирдор [ва гуноҳон]-е, ки муртакиб шуда буданд, ба инҳироф кашонд ва, ҳатман, Аллоҳ таоло аз онон даргузашт. Бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст

    3:155

Тарҷума: Маркази тарҷумаи «Руввод»